Пайвандҳои дастрасӣ

"Шон МС": Росташро гӯям, мо ҳам метарсем...


Шаҳбоз Шарифов
Шаҳбоз Шарифов
Шаҳбоз Шарифов ё "Шон МС”, рэпсарои маъруфи тоҷик, пас аз як муддат хомӯшии суолбарангез баъди таронаи "Демократия" ва суҳбаташ дар ин бора, дигарбора бо "Раҳи кандагӣ" аз худ дарак дод. Иддае гуфта буданд, ӯ пас аз боздошти рӯзноманигору блогер Далери Имомалӣ бозпурсӣ ва эҳтимол дастгир шудааст. Худаш мегӯяд, боздошту бозпурсияш асос надорад. Ӯ охири ҳафтаи гузашта сабаби якбора ғайб заданашро чунин баён кард:

"Барои корҳои шахсӣ як муддат аз ҳама чиз, аз ҷумла ҳунар, дур будам. Дар рэпи нав онро гуфтам. Ҳаётамро, мушкили иқтисодиямро. Ман қарздор будам. Бо бонк каме мушкилӣ дорам. Умед дорам, хуб мешавад. Одам хато мекунад ва инро дертар мефаҳмад."

- "Ғайб задани" Шумо ба замони боздошти журналисту блогер Далери Имомалӣ рост омад. Пеш аз он бо ӯ дар бораи демократия ва озодӣ суҳбат доштед. Ин далел шуд, ки бисёрҳо гумон кунанд, эҳтимол боздошту бозпурсӣ шудед...

- "Не, ин тахмин ҳақиқат надорад."

- Боздошту бозпурсии баъзе хабарнигорону блогерон дар моҳҳои охир ба Шумо ҳам эҳсоси тарс медиҳад?

- "Бале, росташро мегӯям, мо ҳам метарсем. Чаро не?"

- Дар ҳар гӯшаи ҷаҳон рэпро садои эътироз ё баёни мушкили ҷомеа мегӯянд. Оё рэпсароҳои тоҷик, ки шумораашон зиёд аст, аз мушкили мардум ҳам мегӯянд?

- "Инро қариб дар ягон рэпсаро намебинам. Худам гоҳ-гоҳе дар мавзуъҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ рэп мехонам, аммо дар дигарон намебинам. Шояд метавонанд, аммо хоҳиш надоранд."

- Аз ҳодисаҳое, ки дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон мегузарад, хабар доред?

- "Бале, пайгирӣ дорам. Мо ҳар шаб дар Ютуб пахши зинда дорем. Дар ҳар барнома ба ман менависанд, ки ту дар инҷо нишастаӣ, дар марз нооромист, бихезу онҷо рав. Ин гапро онҳое менависанд, ки худашон аз хидмат гурехта, ба Русия фирор кардаанд. Ман ҳамеша ҷонибдори сулҳу оромӣ ҳастам. Ҷанг аслан бар сари замин аст, вале мардум рӯзе зери замин мемонанду онро бо худ намебаранд. Беҳтар аст, осуда зиндагӣ кунем.2

- Бештари мухлисон ё обуначиҳои Шумо дар Ютубу Инстаграм киҳоянд?

- "Беш аз 90 дарсадашон муҳоҷир ҳастанд ва 90 дарсади даромади ман ҳам аз ҳисоби онҳост."

- Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина ва дастнорас шудани шабакаҳои иҷтимоӣ, бисёре аз блогерон гуфтанд, даромадашон камтар шуд. Вазъи Шумо чӣ гуна аст?

- "Бале, даромад аз Ютуб кам шуд. Мо шабона пахши зинда мекунем ва онҷо ҳаводорон паёмак (СМС) бояд фиристанд. Он пулакӣ аст. Аз ҳамин ҳисоб фоида мегирем, тамом."

- Чанд сол пеш иддао доштед, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон рэпсароҳоро "сиёҳ" мекунанд ва аз ин вазъ хаста шудед. Ҳоло чизе тағйир карда?

- "Бале, ҳоло беҳбудӣ ҳаст. Ҳатто журналистонеро мебинам, ки дар гузашта, рэпсароҳоро бад мегуфтанд, аммо имрӯз худашон дар Ютуб саҳифа кушодаву аз онҳо ёрӣ мехоҳанд. Яъне, барои манфиати шахсӣ аз мавқеашон даст кашиданд."

- Мехоҳед, кадом мушкили ҷавонон ҳал шавад?

- "Пеш аз ҳама, мехоҳам, корхонаҳои бисёр бошад ва ҷойи кор фароҳам шавад. Бештар шабона кор мекунам. Баъзе аз ҷавонони мо корҳое мекунанд, ки ба онҳо муносиб нест. Аз ин сахт нороҳат мешавам. Дувум, ба назари ман, ҳоло кӯдакони моро на падару модар, балки телефон тарбия мекунад, ки бад аст."

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG