Афсари 27-солаи гурӯҳи таъйиноти махсуси (ОМОН)-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Дилшод Саъдулоев, ки бомдоди 4 сентябр дар задухӯрд бо силоҳбадастон кушта шуда буд, дар зодгоҳаш - Кӯлоб ба хок супурда шуд.
Дар вилояти Хатлон намоиши ройгони филмҳо дар зери осмонро, ки дар давраи шӯравӣ маъмул буд, эҳё кардаанд. Дар ин бора хабарнигори Озодӣ Орзуи Карим гузориш медиҳад.
Хоҷагирдорони ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду сол боз ба парвариши шутурмурғ машғуланд. Онҳо интизор доранд, ки имсол ин барномаашон "ҳосил" хоҳад дод. Хабарнигори Радиои Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб ба ин парваришгоҳ рафта буд ва ин наворро овардааст.
Дар арафаи соли нави хониш хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб Маҳмудҷони Раҳматзода бо кӯдаконе ҳамсӯҳбат шуд, ки мавсими тапакчиниро ҷамъбаст мекарданд.
Рӯзи 2-уми сентябр дар Хуҷанд як ҷамъомаде ба ёди афроди бе ному нишоншуда барпо шуд. Дар ин маҷлис хабарнигори Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб ҳам ҳузур дошт.
Рӯзи душанбеи 31-уми август, замоне, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Кӯлоб ташриф овард, бозори марказии ин шаҳр ва дуконҳои гирду атрофи он дарҳои худро ба рӯи муштариён боз накарданд.
Туғайбӣ Наимова, як нонпази шинохта дар ҷунуби Тоҷикистон, ки як наслро бо дастпухти худ бузург кардааст, мегӯяд нонҳои пухтааш дар тули 25 соли косибӣ, ҳисоб надоранд.
Сулаймони табибро танҳо як-ду ҳунарнамоияш дар чорабиниҳои фарҳангии бемористони шаҳри Исфара аввал ба маҳфили ҳозирҷавобони "Ҷентелменҳои Исфара" ва дертар ба Театри мардумии онҷо, сипас, соли 2003 ба Театри ҳаҷвии "Хандинкамон" кашид
Дар размоишгоҳи низомии «Чоррухрдаррон»-иСуғд тамрини зиддитеррористии нерӯҳои вазорати мудофиа ва дигар ниҳодҳои қудратии мустақар дар ин вилоят ба анҷом расид. Ин машқи чоррӯзаро вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва раҳбарони Суғд назорат карданд.
Як тарроҳ ё худ дизайнери хуҷандӣ тавассути насби муҷассама дар дохили як дарахти қадимии Кӯлоб маҳсули табиат ва дасти инсонро ба ҳам оварда, дарахтро аз бурридан наҷот дод.
Ҳар иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон ва ба вижа онҳое, ки дар Ҷопон ин ҷангро ба анҷом расондаанд, аз номи проезиденти кишвар ду ҳазор сомонӣ ба даст дароварданд.
Дар Хатлон ҷашнвораи "Хандаи ҳусн", ки ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ бахшида шуда буд, ҷамъбаст ёфт.