Деҳаи Сафо, ки 47 хонавода аз ноҳияи Мастчоҳ онро ҳудуди 10 сол пеш макони зисти худ интихоб кардаанд, тақрибан 50 километр дур аз маркази ин ноҳия ва дар наздикии сарҳади Узбакистон ҷойгир аст. Ин деҳ ба ҷуз хати барқ ва як мавҷпарокани Тиселл дигар нишонаҳое аз ҳаёти муосир надорад.
Дар рӯ ба рӯйи Идораи сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ(ЗАГС)-и Кӯлоб муҷассамаи "Оилаи хушбахт" қомат афрохт, ки ба қавли масъулон ба муносибати Соли оила ва орзуи таҳкими оилаҳои тоҷик бунёд шудааст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Кӯлоб Маҳмудҷони Раҳматзода гузориш медиҳад, ки дар маҳаллаи Заргари Кӯлоб ин пеша аз насл ба насл мерос мегузарад.
Ахиран хабарнигори Радиои Озодӣ Орзуи Карим аз осорхонаи кишваршиносии Хатлон зиёрат намуда, аз ҷумла дар бораи гӯшаи тозабунёди занони баруманди ин осорхона аз муовини раиси ин идора чанд суол кард.
Дастаи духтарони ҳандболбози Кӯлоб ба мусобиқаи байналмилалӣ омода мешавад. Дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ духтарони варзишгар иброз доштаанд, ки аҳли хонаводаҳояшон ҳам аз ин иқдоми онҳо пуштибонӣ мекунанд.
Норбибӣ Дӯстмуродоваи 80-сола ба нияти зиёрати Ҳаҷҷ бо ёрии писаронаш беш аз 16 ҳазор доллар маблағ ҷамъ карда, аммо онро барои сохтмони ду пул дар рустоҳои Метку Хишекат сарф кардааст.
Афсари 27-солаи гурӯҳи таъйиноти махсуси (ОМОН)-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Дилшод Саъдулоев, ки бомдоди 4 сентябр дар задухӯрд бо силоҳбадастон кушта шуда буд, дар зодгоҳаш - Кӯлоб ба хок супурда шуд.
Дар вилояти Хатлон намоиши ройгони филмҳо дар зери осмонро, ки дар давраи шӯравӣ маъмул буд, эҳё кардаанд. Дар ин бора хабарнигори Озодӣ Орзуи Карим гузориш медиҳад.
Хоҷагирдорони ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду сол боз ба парвариши шутурмурғ машғуланд. Онҳо интизор доранд, ки имсол ин барномаашон "ҳосил" хоҳад дод. Хабарнигори Радиои Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб ба ин парваришгоҳ рафта буд ва ин наворро овардааст.
Дар арафаи соли нави хониш хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб Маҳмудҷони Раҳматзода бо кӯдаконе ҳамсӯҳбат шуд, ки мавсими тапакчиниро ҷамъбаст мекарданд.
Рӯзи 2-уми сентябр дар Хуҷанд як ҷамъомаде ба ёди афроди бе ному нишоншуда барпо шуд. Дар ин маҷлис хабарнигори Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб ҳам ҳузур дошт.
Ёфтҳои бештар