То интихоботи президентии Қирғизистон камтар аз ду ҳафта вақт мондааст ва то ҳанӯз касе бо эътимод гуфта наметавонад, ки дар ин маърака кӣ дастболо хоҳад шуд? Ҳарчанд ки мақомот то ҳадде саъй доранд, аз Сооронбой Ҷеенбеков пуштибонӣ кунанд.
Кумитаи забон ва истилоҳот дар Тоҷикистон бо нашри як баёнияи расмӣ гуфтааст, бахши тоҷикии Википедиа, бузургтарин донишномаи интернетӣ талаботи қонунҳои кишварро риоят намекунад. Дар ин мавзӯъ сӯҳбате доштам бо Аббоси Ҷаводӣ мудири минтақавии Радиои Озодӣ.
Дар таърихи 26 солаи истиқлолияти Ӯзбекистон барои аввалин бор он бе ҳузури Ислом Каримов, президенти собиқ ва зери раҳбарии Шавкат Мирзиёев таҷлил мешавад.
Додгоҳи олии Ҳинд ҳукм кард, ки талоқи исломӣ мухолифи фармудаҳои ислом ва қонуни асосии кишвар аст. Дар ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 22-уми август содир шуд, ҳамчунин омадааст, ки ҳукумат бояд барои роҳ надодан ба талоқ “қонуни нав таҳия кунад.
Рӯзи 24-уми июл ҳамзамон бо ҷашни 60 солагии Шавкат Мирзиёев,дар Узбекистон шабакаи шабонарӯзии иттилоотӣ бо забони узбекиву англисӣ фаъол шуд. Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ин иқдом бо ибтикори президент ва ба хотири берун бурдани кишвар аз инзивоъ роҳандозӣ гардидааст.
Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ шореҳи Радиои Фардо Ҳоно Ковиёнӣ дар бораи таҳримҳои нави ИМА бар зидди Эрон тафсилот дод.
Оё баъди шикаст дар Мавсил гурӯҳи ба ном "давлати исломӣ" маҳв мешавад? Дар ин бора шореҳи Радиои Озодӣ Сергей Данилочкин табодули назар кардааст.
Рӯзи чоршанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Покистон Навоз Шарифро ба ҳузур пазируфт. 6 июл дар Душанбе қарор аст мулоқоти сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон баргузор шавад.
Эрон Амрикоро муттаҳам кард, ки мехоҳад, бо баҳонаи дурӯғин ҷанг дар Сурияро шиддат бахшад. Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон навишт, ки таҳдиди Амрико ба Сурия, ба нафъи гурӯҳи Давлати исломӣ мешавад.
Шореҳи умури Ӯзбекистон дар Радиои Озодӣ Сироҷиддини Ислом мегӯяд, вақтҳои ахир Ӯзбекистон дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи барқу оби Роғун хомӯширо ихтиёр кардааст, ки дар муқоиса бо мухолифатҳои қаблӣ тағйири мавқеъ мебошад.
Рӯзи сешанбе вазири мудофиаи ИМА Ҷим Маттис ба аъзои Конгресс гуфт, ки Амрико дар Афғонистон комёб нест. Ӯ таъкид кард, ки то миёнаҳои моҳи июл стратегияи наве барои Афғонистон пешкаши вакилони мардумии ИМА хоҳад шуд. Дар ин бора шореҳи умури Осиё Аббоси Ҷаводӣ тафсилот додааст.
Мусоҳиба бо Мардо Соғом-раҳбари минтақавии Радиои Озодӣ.
Ёфтҳои бештар