Нерӯҳои демократии Сурия, ки аз тарафи Амрико ҳимоят мешаванд, ба поккории шаҳри Раққа шурӯъ карданд, ки рӯзи шанбе аз дасти гурӯҳи ба ном "давлати исломӣ" озод шуд. Раққаро ҷангҷӯёни ин гурӯҳи ифротӣ соли 2014 ишғол ва онро пойтахти худ эълон карданд.
Рӯзи душанбе бо ишора ба таҳдидҳо ба амнияти кишвар дар арафаи интихоботи президентии 15-уми октябр раҳбари қирғиз Алмосбек Отамбоев иброз дошт, ки ба нишасти сарони ИДМ дар Сочи намеравад. Вале шореҳи Радиои Озодӣ Мирҳат Шарипжон мегӯяд, сабаҳои дигар ҳастанд.
То интихоботи президентии Қирғизистон камтар аз ду ҳафта вақт мондааст ва то ҳанӯз касе бо эътимод гуфта наметавонад, ки дар ин маърака кӣ дастболо хоҳад шуд? Ҳарчанд ки мақомот то ҳадде саъй доранд, аз Сооронбой Ҷеенбеков пуштибонӣ кунанд.
Кумитаи забон ва истилоҳот дар Тоҷикистон бо нашри як баёнияи расмӣ гуфтааст, бахши тоҷикии Википедиа, бузургтарин донишномаи интернетӣ талаботи қонунҳои кишварро риоят намекунад. Дар ин мавзӯъ сӯҳбате доштам бо Аббоси Ҷаводӣ мудири минтақавии Радиои Озодӣ.
Дар таърихи 26 солаи истиқлолияти Ӯзбекистон барои аввалин бор он бе ҳузури Ислом Каримов, президенти собиқ ва зери раҳбарии Шавкат Мирзиёев таҷлил мешавад.
Додгоҳи олии Ҳинд ҳукм кард, ки талоқи исломӣ мухолифи фармудаҳои ислом ва қонуни асосии кишвар аст. Дар ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 22-уми август содир шуд, ҳамчунин омадааст, ки ҳукумат бояд барои роҳ надодан ба талоқ “қонуни нав таҳия кунад.
Рӯзи 24-уми июл ҳамзамон бо ҷашни 60 солагии Шавкат Мирзиёев,дар Узбекистон шабакаи шабонарӯзии иттилоотӣ бо забони узбекиву англисӣ фаъол шуд. Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ин иқдом бо ибтикори президент ва ба хотири берун бурдани кишвар аз инзивоъ роҳандозӣ гардидааст.
Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ шореҳи Радиои Фардо Ҳоно Ковиёнӣ дар бораи таҳримҳои нави ИМА бар зидди Эрон тафсилот дод.
Оё баъди шикаст дар Мавсил гурӯҳи ба ном "давлати исломӣ" маҳв мешавад? Дар ин бора шореҳи Радиои Озодӣ Сергей Данилочкин табодули назар кардааст.
Рӯзи чоршанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Покистон Навоз Шарифро ба ҳузур пазируфт. 6 июл дар Душанбе қарор аст мулоқоти сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон баргузор шавад.
Эрон Амрикоро муттаҳам кард, ки мехоҳад, бо баҳонаи дурӯғин ҷанг дар Сурияро шиддат бахшад. Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон навишт, ки таҳдиди Амрико ба Сурия, ба нафъи гурӯҳи Давлати исломӣ мешавад.
Шореҳи умури Ӯзбекистон дар Радиои Озодӣ Сироҷиддини Ислом мегӯяд, вақтҳои ахир Ӯзбекистон дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи барқу оби Роғун хомӯширо ихтиёр кардааст, ки дар муқоиса бо мухолифатҳои қаблӣ тағйири мавқеъ мебошад.
Ёфтҳои бештар