Фиристодаи ИМА дар умури исломӣ Шариқ Зафар мегӯяд, зиёрати президенти ИМА Барак Обама аз масҷиде дар аёлати Мериленд аҳамияти бузурги маърифатӣ дорад, зеро то ҳанӯз бисёриҳо дар дохилу хориҷӣ Амрико хабар надоранд, ки мусулмонон аз рӯзҳои аввали бунёди ин кишвар муқими он будаанд.
Масъуди Боризонӣ, раиси ҷумҳури минтақаи худмухтори Курдистони Ироқ хостааст, то як раъйпурсии дар бораи истиқлолияти ин минтақа баргузор шавад, зеро ба гуфтаи ӯ марзҳое, ки сад сол пеш байни курдҳо гузоштанд, як хатои бузург буд.
Дар музокироти сулҳи Сурия дипломатҳои ғарбӣ ва мухолифони давлати раиси ҷумҳур Башор Асад, Русияро башиддат танқид карданд, ки дар замони музокирот низ ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Сурия ва кумак ба нерӯҳои давлатии он кишварро бас накардааст.
Мақомоти ноҳияи Имом Соҳиб ҳаммарз бо ноҳияҳои Фархор ва Панҷ дар Афғонистон мегуянд, гурӯҳи 200 нафарии ҷангҷӯёни хориҷӣ дар наздикии сарҳади Тоҷикистон паноҳ бурдаанд ва мавҷудияти ин гурӯҳ таҳдиди ҷиддӣ ба амният дар Тоҷикистону аст.
Телевизиони давлатии Эрон бо намоиши парвози як ҳавопаймои бесарнишин гуфт, ки ин ҳавопаймо дар доираи тамринҳои ҷангии баҳрӣ бар фарози нов ва ё киштии ҷангии Амрико парвоз карда ва аз он аксбардорӣ кардааст.
Cозмони Transparency International мегӯяд, ки таҳлили вазъи 168 давлат нишон медиҳад, ки ҳеҷ як нуқтаи ҷаҳон аз коррупсия пок нест. Тоҷикистон дар раддабандии нави ин созмон дар ҷои 136-ум қарор дорад.
Фасоду коррупсия дар Тоҷикистон бештар низоми додгустарӣ, ниҳодҳои қудратӣ ва шохаҳои ҳукуматро олуда кардааст. Чунин аст хулосаи созмони Transparency International, ки рӯзи 27 январ гузориши солонаи худро дар бораи коррупсия муаррифӣ кард.
Ҳукумати Русия рӯзи 26-уми январ баёнияҳои вазири молияи Амрико дар бораи «фосид ва ришвахор» будани Владимир Путин, раиси ҷумҳури он кишварро баробар ба «иттиҳомоти расмӣ» хонд.
Як пажӯҳиш муайян кардааст, ки донишмандони илми риёзиёт ё математикаи Русия баъди пошхӯрии шӯравӣ на дар ватани худ, балки дар Ғарб муваффақтар шудаанд.
Порлумони Озарбойҷон ҳамин ҳафта бастаи чораҳои зиддибӯҳрониеро тасвиб кард, ки ҳадаф аз он камтар кардани таъсири бӯҳрон ба зиндагии мардум аст, ки аз боло рафтани қимати маводи ғизоӣ ба хашм омадаанд.
Бо вуҷуди эътирозҳои шадиди мухолифон, шаби чоршанбе ба панҷшанбе дар шаҳри Кишинев тими раиси ҳукумати нави Молдова – Павел Филип савганд ёд кард. Дар ҳамин ҳол ҳазорҳо нафар ба кӯчаҳои Кишинев рехта, интихоботи пешазмӯҳлат талаб доранд.
Салоҳуддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон, аз тамоми ҷиноҳҳои Толибон хост, ки ба музокироти сулҳ бипайванданд.
Ёфтҳои бештар