Ду созмони ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, зиндониёни сиёсиро озод кунад ва иҷоза бидиҳад, ки мухолифон озодона фаъолият баранд.
Мақомоти Узбакистон 26 нависандаву шоири ин кишварро аз узвият дар Иттифоқи адибон маҳру намудаанд. Ба қавли шореҳи бахши узбакии Радиои Озодӣ ин адибон ба қадри кофӣ дастовардҳои Узбакистонро тараннум намекардаанд.
Ахиран Сурия ба Туркия ҳавопаймои ҷангӣ фиристода, иброз доштааст, ки ҳозир аст ба Сурия сарбоз фиристад. Вале шореҳи Радиои Озодӣ Мардо Соғом мегӯяд, ҳадаф аз ин иқдом ба музокирот сулҳ водор намудани Русия аст, ки бомбаборони Сурияро муназзам идома медиҳад.
Рӯзи панҷшанбе вазирони мудофиаи кишварҳои НАТО ба мувофиқат расиданд, ки ҳавопаймоҳои ин паймон ба амалиёт бар зидди гурӯҳи "Давлати исломӣ" шомил шаванд.
Ҳангоми сафар ба ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабарнигори Радиои Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб бо ду сокини ин минтақа, ки дар болои хонаашон мақомоти Қирғизистон парчами кишварашонро овехтаанд, ҳамсуҳбат шуд.
Дар интихоботи муқаддамотии номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ дар аёлати Ню-Ҳемпшири Амрико миллиардер Доналд Трамп ва дар овоздиҳии демократҳо сенатор Берни Сандерс пирӯз шудаанд. Дар ин бора ҳамкорамон Хиромон Бақозода бо шореҳ Брюс Паннир ҳамсуҳбат шуд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб шоми 9-уми феврал баъди боздошти ҳатшсоата аз сӯи марзбонони қирғиз раҳо шуд. Хабарнигори Озодӣ дар Хуҷанд барои таҳияи гузориш аз марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар карда буд.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки парвандаи 199 танро дар робита ба ҳамлаҳои моҳи сентябри соли гузашта ба додгоҳ фиристода, саҳми созмону кишварҳои хориҷӣ дар ин ҳодисаро дар алоҳидагӣ таҳқиқ дорад.
Дар Қирғизистон гурӯҳе аз вакилони мардумӣ тарҳи қонун дар бораи “Ба танзим даровардани анъана ва расму ойинҳо” таҳия кардаанд ва айни санаде, ки чанд сол пеш дар Тоҷикистон қабул шуд. Ҳадафи тарҳ ба гуфтаи
Фиристодаи ИМА дар умури исломӣ Шариқ Зафар мегӯяд, зиёрати президенти ИМА Барак Обама аз масҷиде дар аёлати Мериленд аҳамияти бузурги маърифатӣ дорад, зеро то ҳанӯз бисёриҳо дар дохилу хориҷӣ Амрико хабар надоранд, ки мусулмонон аз рӯзҳои аввали бунёди ин кишвар муқими он будаанд.
Масъуди Боризонӣ, раиси ҷумҳури минтақаи худмухтори Курдистони Ироқ хостааст, то як раъйпурсии дар бораи истиқлолияти ин минтақа баргузор шавад, зеро ба гуфтаи ӯ марзҳое, ки сад сол пеш байни курдҳо гузоштанд, як хатои бузург буд.
Дар музокироти сулҳи Сурия дипломатҳои ғарбӣ ва мухолифони давлати раиси ҷумҳур Башор Асад, Русияро башиддат танқид карданд, ки дар замони музокирот низ ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Сурия ва кумак ба нерӯҳои давлатии он кишварро бас накардааст.
Ёфтҳои бештар