Ҳодиса
Фавти се кӯдак бар асари чаппашавии девор дар Душанбе
Дар пайи чаппа шудани девори атрофи чоҳбун (котлован) дар Душанбе, ки аз ҷониби ширкати "ДСК Тоҷикистон" канда шуда буд, се кӯдак ҷон бохтаанд. Ҳодиса рӯзи 17-уми сентябр дар маҳаллаи Ҳабибулло Назарови пойтахт рӯй дод.
Як корманди ширкати бинокорӣ гуфт, ки девор ба онҳо тааллуқ надорад. Дар Додситонӣ гуфтанд, ки парвандаи ҷиноӣ боз шуда, чанд масъулу кормандони "ДСК Тоҷикистон" дастгир карда шудаанд.
"Назорат кунанд, то..."
Кӯдакони ҷонбохта – Басбигули 4-сола ва Зиёдуллои 10-сола аз як хонавода ва Юсуфи 9-сола аз оилаи дигар буданд, ки дар биноҳои наздик ба маҳалли сохтмон зиндагӣ мекарданд.
Фаришта, модари Басбигулу Зиёдулло, рӯзи 20-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, духтарашро аз зери санги девор бардошт ва аз ҳуш рафт.
"Вақте ба ҳол омадам, маълум гардид, ки писарам низ зери девор монда будааст. Нигоҳ кунанд, то ҷигари модаре ба мисли ман насӯзад, афгор нашавад. Назорат кунанд. Ҳамин қадар сутунҳоро сохтанд. Чӣ мешуд, ки девори боқимондаро низ канда, ками дигар тунука оварда мегузоштанд?" – гуфт ӯ.
Баъзе аз сокинони маҳалла гуфтанд, девор мутааллиқ ба манзиле буд, ки аз тарафи ширкат тахриб шудааст, вале он боқӣ монда, дар қатори тунукаҳои атрофи чоҳбун (котлован) намудор буд.
Шоҳидони ҳодиса боэҳтиёт нақл мекарданд, ки наздик ба девори чаппашуда техникаи ширкати сохтмонӣ кор мекард. "Як духтар дар ҳамин ҷо бозӣ мекардааст. Ду бача тамошо доштаанд. Девор чаппа шуда, санг ба сари духтар задааст," -- нақл кард яке аз шоҳидон, ки нахост номаш бурда шавад.
Масъулони ширкати "ДСК Тоҷикистон" ба тамосҳо барои шарҳи ҳодиса ҷавоб надоданд. Дар маҳалли сохтмон низ касе барои тавзеҳи мавзуъ ҳозир нашуд. Танҳо як корманди сохтмон гуфт, ки деворе, ки чаппа шудааст, ба ширкати онҳо тааллуқ надорад.
Наворро дар инҷо бинед:
"Таҳқиқ идома дорад"
Мақомоти Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфтанд, дар пайванд ба ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, чанде аз кормандони "ДСК Тоҷикистон" боздошт шудаанд. Ба иттилои мақомот, айни замон тафтиши парванда идома дорад.
Дар санадҳои расмие, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, ҶДММ "ДСК Тоҷикистон" дар соли 2014 таъсис ёфта, ба кори бинокорӣ машғул аст. Дар ин санад Муқимҷон Маҳкамов раҳбар ва Зоир Боқиев муассиси ширкат муаррифӣ шудаанд. Дар Додситонӣ посух надоданд, ки оё дар миёни боздоштшудаҳо ин ду нафар низ ҳастанд ё не.
Бо рух додани ин ҳодиса баъзе аз сокинони маҳаллаи ба номи Ҳабибулло Назаров аз он нигаронӣ намуданд, ки дар ҷойи зисташон майдони бозии кӯдакона нест. “Як майдони бозии кӯдакон нест дар инҷо. Кӯдакон ба куҷо рафта бозӣ кунанд?" – гуфт Нигина Иброҳимова, яке аз сокинон.
Ин маҳалла ба ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дохил мешавад. Рӯзи 19-уми сентябр дар ҳукумати ноҳия аз шарҳи ҳодиса ва таъмини шароит барои бозии кӯдакон худдорӣ карда, ҳамчунин гуфтанд, "суҳбат дар ин бора ба ваколати мо дохил намешавад".
Дар гузашта нақзи меъёрҳои бехатарӣ дар сохтмонҳо ва осеб дидани сокинон борҳо мавриди нигаронӣ қарор гирифтааст. Наздикони баъзе аз ҷабрдидаҳо аз он шикоят мекунанд, ки на ҳамаи ҳодисаҳо пурра таҳқиқ ва на ҳамеша масъулон ҷазо мегиранд.
Намояндагони баъзе аз ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла Кумитаи сохтмону меъморӣ дар нишастҳои расмии худ аз нақзи меъёрҳои таъмини бехатарӣ дар сохтмонҳо садо баланд кардаанд, вале ин мушкил то ҳол ҳалли худро наёфтааст.
Тибқи иттилои Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар сохтмонҳои кишвар беш аз 4700 камбуд ёфта, масъулони иншооти сохтмониро наздик ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд.
Захмӣ шудани ҳазорон узви "Ҳизбуллоҳ" дар пайи таркиши дастгоҳҳои паёмрасон
Тибқи гузоришҳо аз Лубнон, бар асари таркиши ҳамзамони дастгоҳҳои "пейҷер" ё паёмрасон, дастикам 11 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди чаҳор ҳазор нафар, аз ҷумла, садҳо узви гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ", захмӣ шудаанд. Иёлоти Муттаҳида “Ҳизбуллоҳ”-ро созмони террористӣ медонад.
Амрико мегӯяд, дар бораи ин иттифоқ аз қабл огоҳӣ надошт ва дар он дахолате надорад. Гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" Исроилро дар ин кор муттаҳам кард. Мақомоти Исроил гуфтаанд, дар ин бора ибрози назар намекунанд.
Пейҷер як дастгоҳи иртиботии бесим аст, ки дар даҳаи 1980 мавриди истифодаи васеъ қарор дошт, аммо акнун низ дар ҳолатҳои изтирорӣ ё дар маҳалҳое, ки бо шабакаи иртиботӣ монанди телефонҳои ҳамроҳ дастрасӣ надорад, истифода мешавад. Тибқи гузоришҳо, нерӯҳои "Ҳизбуллоҳ" барои мамониат аз шунида шудан ё фош шудани маълумот, аз ин равиши қадимӣ ва сода барои робита истифода мекунанд.
Вазири тандурустии Лубнон шоми 17-уми сентябр эълон кард, ки таркиши паёмрасонҳо боиси кушта шудани 11 нафар ва захмӣ шудани 4 ҳазор тани дигар шуд ва вазъияти дастикам 400 нафар захмӣ вазнин аст.
Фирос Ал-Абяз, вазири тандурустии Лубнон, ҳамчунин гуфт, бисёриҳо аз чеҳра, даст ва шикам осеб дидаанд. Шабакаи "Ал-Ҳадас" (ба Арабистони Саудӣ наздик аст) дар гузориши худ эълон кард, ки аз шумори умумии захмиҳо дар бемористонҳои Лубнон ҳудуди 500 нафар биноии худро аз даст додаанд.
Гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" дар баёнияе Исроилро ба тартиб додани ин ҳамла муттаҳам кард ва гуфт, "аз Исроил ба хотири ин таҷовуз қасос хоҳад гирифт". Тибқи баъзе аз гузоришҳо, писари Ҳасан Фазлуллоҳ, аз раҳбарони пешини "Ҳизбуллоҳ" ва фарзандони шуморе дигар аз аъзои баландпояи "Ҳизбуллоҳ" дар миёни кушташудаҳои ин ҳодиса ҳастанд.
Алӣ Аммор, узви "Ҳизбуллоҳ" дар порлумони Лубнон, низ марги писари худро эълон кард.
Муҷтабо Амонӣ, сафири Эрон дар Бейрут, ҳам дар миёни захмиҳо ҳаст.
Дар пайи ин ҳодиса, артиши Исроил эълон кард, ки дар ҳолати "омодабош" қарор дорад. Артиши Исроил дар баёнияе кӯтоҳ гуфт, ки фармондеҳи кулли артиш ва дигар фармондеҳони баландпояи дифоии ин кишвар шоми сешанбе вазъро баррасӣ кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти интизомии Исроил, ба назар мерасад, ки ду тараф ба як "рӯёрӯии калон" наздик мешаванд.
Видео дар инҷост:
"Маводи тарканда дар пейҷерҳои тайванӣ"
Хабаргузории "Рейтерс" ба нақл аз як мақоми баландпояи амниятии Лубнон ва як манбаи огоҳи дигар гузориш дод, ки Созмони ҷосусии Исроил ("Моссад"), аз моҳҳо пеш дохили 5 ҳазор дастгоҳи пейҷер ё паёмрасони сохти Тайван, ки "Ҳизбулоҳ" супориш дода буд, миқдори каме аз моддаи таркандаро ҷобаҷо карда буд.
Ин манбаи амниятии лубнонӣ ба "Рейтерс" гуфтаааст, ки "Ҳизбуллоҳ" панҷ ҳазор дастгоҳи пейҷери сохти Тайванро супориш дода буд, ки ин дастгоҳҳо дар фасли баҳор вориди Лубнон шуданд.
Вай ҳамчунин дар асоси як акс, модели ин пейҷерҳоро ташхис додааст, ки IP924 аст ва монанди дигар пейҷерҳо метавонад паёмакҳо дарёфт кунад, аммо қодир ба барқарории тамоси телефонӣ нест.
Ду манбаи огоҳ аз амалиёти "Ҳизбуллоҳ" чанд моҳ пеш ба "Рейтерс" гуфта буданд, ки нерӯҳои ин гурӯҳ аз пейҷерҳо барои муайян нашудани мавқеият ва макони худ аз сӯи Исроил истифода мекунанд. Аммо ба гуфтаи ин мақоми баландпояи амниятии Лубнон, Созмони ҷосусии Исроил ҳангоми тавлиди ин пейҷерҳо онҳоро дасткорӣ кардааст.
Вай изҳор дошт, "Созмони ҷосусии Исроил қитъае дохили дастгоҳ насб кард, ки маводи тарканда дорад ва бо дарёфти код ё рамз метаркад. Ташхиси ин қитъа бисёр сахт аст, ҳатто аз тариқи сканер". Ин манбаъ гуфтааст, ки аз ин миён 3000 дастгоҳи пейҷер замоне, ки як паём рамзгузорӣ ва барои онҳо фиристода шуд, таркиданд.
Як манбаи амниятии дигар низ ба "Рейтерс" гуфт, ки ҳадди аксар се грам маводи тарканда дар пейҷерҳои нав пинҳон карда шуда буд, ки барои моҳҳо аз чашми "Ҳизбуллоҳ" дур монда буд. Баъзе аз расонаҳо навиштанд, ки 20 грам маводи тарканда дар ин дастгоҳҳо гузошта шуда буд.
Исроил ба дархости хабаргузории "Рейтерс" барои ибрози назар дар бораи ин ҳодиса посух надодааст. Ширкати тайвании Gold Apollo рӯзи 18-уми сентябр гуфт, пейҷерҳое, ки рӯзи сешанбе дар Лубнон таркиданд, аз сӯи ширкати онҳо сохта нашуда, балки ширкате бо номи BAC сохтааст, ки иҷозатномаи истифода аз бренд ё тамғаи онҳоро дорад.
Вайронӣ ва ҳалокати сокинон дар пайи боронҳои шадид дар Аврупо
Боронҳои сахту пайдарпайи се рӯзи охир боиси баланд шудани оби дарёҳо дар қисмати марказӣ ва шарқии Аврупо шуд. Ин ҳодиса сабаби марги чандин нафар ва бехонумон шудани садҳо каси дигар гашт.
Як нафар бо корд ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кардааст
Рӯзи 11-уми сентябр дар шаҳри Душанбе ба муфтии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода ҳамла кардаанд. Ҳодиса соати 17:20 ва баъди адои намози аср дар Масҷиди марказии Душанбе рух додааст.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ бо тасдиқи хабар гуфт, ҳамлавар “аз ҳиссиёти авбошӣ бо асбоби халандаю бурранда” муфтиро захмӣ кардааст. Иттилои алтернативӣ дар бораи ангезаи ҳамла ба Абдулқодирзода феълан дар даст нест. Мақомот гуфтанд, аҳволи раиси Шӯрои уламо хуб аст.
Дар хабарномаи ВКД омадааст, фарди ҳамлавар боздошт шудааст. Аммо мақомот дар бораи ӯ ягон маълумот надода, танҳо гуфтанд, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
"Абдулқодирзода С. дар натиҷаи авбошӣ аз тарафи ҷинояткор ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардошта, баъди ташхиси духтурон ба ҷойи зисташ гуселонида шуд,"-навиштааст ВКД.
Худи Саидмукаррам Абдулқодирзода дар суҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ бо садои хаста гуфт, ки "ҷойи нигаронӣ нест, саломатиям хуб аст". Аммо раиси Шӯрои уламо аз ин бештар суҳбат накард ва гӯширо гузошт.
Намозгузорон мегӯянд, шоми 11-уми сентябр дар Масҷиди марказии Душанбе кормандони пулис ҳузур доштанд.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода 61 сол дошта, аз соли 2010 раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон аст.
"Ҷасадро баъди ду рӯзи боздошт оварданд." Марги мармузи як сокини Ашт
Як сокини 30-солаи ноҳияи Ашт баъд аз ду рӯзи боздошт дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия ба таври мармуз фавтидааст. Мақомот ба наздикони Дамир Обидов гуфтаанд, ӯ худкушӣ кард. Пайвандонаш талаб доранд, ки ҳодиса мӯшикофон таҳқиқ шуда, гунаҳкорон ҷазо гиранд.
"Мехоҳам садоям ба гӯши президент расад"
Мадина Саидова, модари Дамир Обидов, ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш рӯзи 8-уми август бо иттиҳоми авбошӣ дастгир шуда, рӯзи 10-уми август ҷасадашро оварданд.
Ба нақли Саидова, маъмурони милиса дар ноҳияи Ашт ба ӯ гуфтаанд, ки писараш аз кӯрпачаи тавқифгоҳ ё боздоштгоҳи пулис ресмон сохта, бо он худашро овехтааст. Ба ин зан наворе нишон додаанд, ки дар он писараш сачоқ гирифта, барои шустушӯ меравад ва гуё дар онҷо худкушӣ кардааст. Лаҳзаи худкушӣ дар навор нест.
"Намедонам дар ду рӯз чӣ воқеа шуд. Писарам варзишгар буд, аз ҳеч чиз наметарсид... Ҷасади ӯро бе иҷозати ман ба сардхона бурда, кушода дидаанд," – нақл кард модари ҷавони фавтида рӯзи 29-уми август.
Мадина Саидова барои таҳқиқи марги фарзандаш ба Додситонии вилояти Суғд муроҷиат кардааст. Хонаводаи ин ҷавон талаб доранд, ки чанд ҳолати шубҳаовар дар ин қазия рӯшан шаванд. Аз ҷумла, модари Дамир Обидов гуфт, мақомот ба онҳо иҷоза надоданд, ки ҷасади фарзандашонро кушода бинанд ва талаб кардаанд, майитро зудтар ба хок супоранд.
"Хостам, ки писарамро як шаб дар хона нигоҳ дорем, аммо нагузоштанд. Кормандони ҳукумати ноҳия ва милисаҳо гуфтанд, ки худамон бурда дафн мекунем. Нагузоштанд, ки ҷасадро бинам. Рӯяшро кушоем, як милиса омада зуд мепӯшонд. Дар гӯшаш мисли шарф рӯймолчаи дастии мардона баста мондаанд. Онро кушодан намонданд. Мехоҳам, ки садоям ба гӯши президент расад," – гуфт ӯ.
Талаби Додситонии Суғд
Мақомот дар ин бора шарҳи расмӣ намедиҳанд. Дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ашт марги ҷавонро тасдиқ карда, гуфтанд, қазияро додситонӣ таҳқиқ дорад.
Бар асоси як санаде, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, додситони вилояти Суғд аз зердастонаш дар ноҳияи Ашт талаб кардааст, ки марги Дамир Обидовро “ҳамаҷониба, пурра ва холисона” таҳқиқ кунанд.
Мадина Саидова, модари Дамир Обидов, мегӯяд, давоми ду рӯзи боздошт писарашро ба хонавода нишон надоданд. “Ӯро надидем, намедонем дар дилаш чӣ гуфтанӣ буд, онҷо чӣ ҳодиса рух дод,” -- мегӯяд Саидова.
Дамир Обидов соҳиби се фарзанд будааст. Модари ин ҷавон мегӯяд, ҳатто агар писараш худкушӣ карда бошад, бояд онҳое, ки ӯро ба ин ҳол расонданд, ҷазо гиранд.
Ин бори аввал нест, ки сокинони ноҳияи Ашт баъди боздошт ё бозпурсии пулис дар шароити мармуз ҷон медиҳанд. Моҳи августи соли 2017 Комил Хоҷаназаров, як сокини 31-солаи ноҳияи Ашт, баъди чанд дафъа бозпурсӣ аз сӯи кормандони пулис худкушӣ кард.
Хоҷаназаров дар навори пеш аз худкушиаш нақл кард, ки замони дар боздошт будан шиканҷа шуд ва маъмурони милиса танҳо баъди гирифтани пул раҳояш карданд.
Додгоҳи ҳарбии вилояти Суғд соли 2018 ду корманди мақомоти интизомии минтақаро бо ҷурми шиканҷаи Комил Хоҷаназаров ба 12 ва 13 сол зиндон маҳкум кард. Яке аз онҳо корманди пулис ва дувуми масъули шуъбаи амнияти ноҳияи Ашт буд.
Ҳомиёни ҳуқуқ ҳамвора аз шиканҷаи боздоштшудаҳо дар идораи мақомоти қудратӣ, бахусус пулис изҳори нигаронӣ мекунанд. Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон соли 2023 дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ дар боздоштгоҳу зиндонҳои кишвар 16 шикоят гирифтааст. Аз ҷумла, панҷ шикоят аз занон ва ду шикоят аз ноболиғон.
Наврӯзи Рустамҷон ва Назирҷон Тошов. Ду "гаравгонгир" аз Тоҷикистон кистанд?
Пайвандони Наврӯзи Рустамҷон ва Назирҷон Тошов, ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба навиштаи расонаҳои русӣ, ба раиси зиндони 19 дар вилояти Волгоград ҳамла карда, зиндонбонҳо ва чанде аз маҳбусонро гаравгон гирифтаанд, аз ин хабар такон хӯрдаанд. Онҳо мегӯянд, ба ин хабарҳо бовар надоранд.
Шабакаҳои русӣ гуфтаанд, дар ҳодисае, ки рӯзи 23-юми август рӯй дод, чаҳор гаравгонгир ва чаҳор корманди зиндон кушта шудаанд. Аммо дар як наворе, ки зоҳиран аз тарафи маъмурони Горди Русия сабт шудааст, дар макони ҳодиса ҳафт ҷасад дида мешавад.
“Ба ҷанг дар Украина нарафт”
Наврӯзи Рустамҷон, яке аз гумонбарон ба гаравгонирӣ, се рӯз пеш аз ҳодиса бо наздиконаш дар Душанбе суҳбати телефонӣ доштааст. Рустамҷон Давлатов, падари Наврӯз, рӯзи 26-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш мехост баъд аз адои ҷазо ба Тоҷикистон баргашта, оила барпо кунад ва ба таҳсил пардозад.
"Бори охир рӯзи 20-уми август тамос гирифта буд. Вақте ягон телефон меёфт, занг мезад. Ҳамеша насиҳат мекардем. Мегуфт, як арӯс ёбед, ба Тоҷикистон омада, зан мегираму ба ягон донишкада дохил мешавам. Орзу ва нақшаҳои зиёд дошт, аммо орзуҳои ӯро нобуд карданд," – афзуд ӯ.
Наврӯзи Рустамҷон соли 2019 барои кор ба Русия рафта, се сол баъдаш бо айбномаи қочоқи маводи мухаддир ҳафт сол зиндонӣ шуд. Аҳли оила мегӯянд, то замони боздошт мошин мешуст ва дар анборе кор мекард, на намоз мехонд ва на рӯза мегирифт.
"Писарам одами мазҳабӣ набуд ва дар бораи масъалаҳои динӣ аслан суҳбат намекард. Ҳеч боварам намеояд, ки воқеа он тарзе шуда бошад, ки нақл мекунанд," – гуфт Рустамҷон Давлатов.
Вай илова кард, ки писараш пас аз хатми мактаб, дар 18-солагӣ, барои кор ба Русия рафт. "Дар мактаб хуб мехонд, дар кӯча низ ҳамаро эҳтиром мекард ва касе аз рафтору муносибаташ шикоят надошт. Ба дигарон ёрӣ медод. Мо дар инҷо, ӯ дар даруни чор девор буд. Намедонем, дар асл чӣ гузаштааст. Ҳозир фанноварӣ (технология) пеш рафтааст, ҳар намуд метавонанд туҳмат кунанд," - -афзуд ӯ.
Вай навореро, ки дар Интернет пахш шуду писараш дар он дида мешавад, тамошо кардааст: "Дидед, ки фақат ӯро нишон доданд. Дар навор мебинӣ дасту пояш меларзад. Маҷбур кардаанд ӯро. Ҳамон наворҳо худаш баёнгари ҳоланд. Лекин чӣ бигӯем, замин сахту осмон баланд."
Ба қавли падараш, мақомоти Русия як сол пеш Наврӯзи Рустамҷонро ба ҷанг дар Украина даъват карда, вале хонавода маслиҳат додаанд, ки “ба ҳама сахтиҳо тоб оварад ва розӣ нашавад”. Мақомоти Русия то ҳол ба онҳо чизе нагуфтаанд.
Рустамҷон Давлатов, падари Наврӯз, дар гузашта ҳунарпешаи Театри Лоҳутӣ буда, ҳоло дар бахши хӯроки умумии ҳукумати ноҳияи Фирдавсии пойтахт фаъолият дорад.
Видеоро дар инҷо бинед:
"Ба Русия рафту аз ҳамсараш ҷудо шуд"
Хабарнигорони Радиои Озодӣ хонаводаи Назирҷон Тошов, ҷавони дигари гумонбар ба гаравгонгириро аз шаҳри Турсунзода ёфтанд. Як хешовандаш дар суҳбати бидуни сабт гуфт, "касе бовар надошт, ки ӯ ба чунин кор даст задааст".
Мақомоти шаҳри Турсунзода аз суҳбат худдорӣ карданд.
Меҳрӣ Раҳимова, модарбузурги ҳамсари Назирҷон Тошов, дар суҳбати бидуни сабт гуфт, ӯ соли 2019 бо наберааш хонадор шуда, баъди он ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафт:
“Се сол пеш набераам аз Назирҷон ҷудо шуд. Як духтар доранд, ки ҳамроҳи набераам дар шаҳри Маскав аст. Падару модари Назирҷон солҳо пеш аз ҳамдигар ҷудо шуда буданд. Баъд аз хонадоршавии онҳо модари Назирҷон аз дунё даргузашт, мо дигар он қадар равуо надорем бо онҳо. Шунидам, ки падараш ба Душанбе кӯчидааст, лекин намедонам ҳозир дар куҷост."
Назирҷон Тошов низ бо гуноҳи фурӯши маводи мухаддир ба 8,5 сол зиндон маҳкум шудааст.
Маълумоти ба ҳам зид
Ба гуфтаи мақомоти Русия дар гаравгонгирии рӯзи 23-юми август дар шаҳри Суровикинои вилояти Волгоград ду шаҳрванди Узбекистон ҳам ширкат доштанд. Дар аввал аз онҳо Рамзиддин Тошев ва Темур Ҳусейнов ном бурданд.
Модари Темур Ҳусейнов рӯзи 25-уми август дар суҳбат бо расонаҳои русӣ гуфтааст, маълумоти паҳншуда дар бораи писараш, аз ҷумла зиндонӣ будани ӯ дар маҳбаси Суровикино, дуруст аст, аммо дар навору аксҳо худаш нест. Дертар манбаъҳои наздик ба мақомоти амниятии Русия, бавижа саҳифаи "База" дар Телеграм, навиштанд, ки номи шаҳрвандони Узбекистон – Рамзиддин Тошев ва Темур Ҳусейнов – ба таври иштибоҳӣ дар пайванд ба ҳодисаи Волгоград нашру паҳн шудааст. Онҳо гуфтанд, ширкатдорони дигари ин воқеа Шобдулкаримхон Каримов (Тоҷикистон) ва Шоҳиҷахон Сайфиев (Узбекистон) ҳастанд. Мақомоти Русия дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Ба гузориши расонаҳои Русия, Шобдулкаримхон Каримов, 38-сола, аз шаҳри Душанбе, устоди варзиш дар таэквондо, дар соли 2018 ҳамроҳи 5 нафари дигар, ба ҷумлаи як зан, ба паҳн кардани маводи мухаддир айбдор ва ба 8 сол зиндон маҳкум шуда, аммо то охир ин айбномаро рад кардааст. Дар маҳбас бо варзиш машғул будааст. Мақомоти Русия ӯро саркардаи ошӯб донистаанд.
Чаҳор мард, ки дар наворҳо худро "муҷоҳид"-и гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ номида, дар даст корду путк доштанд, рӯзи 23-юми август дар зиндони низомаш сангини шаҳри Суровикинои вилояти Волгоград 12 нафар, аз ҷумла ҳашт маъмури зиндонро гаравгон гирифтанд. Ҳодиса замоне рух дод, ки дар дохили маҳбас ҷаласаи кумисюни интизомӣ ҷараён дошт.
Яке аз гаравгонгирҳо дар навор гуфт, маъмурони зиндон "ҳуқуқи мусалмононро поймол карданд. Мо онҳоеро куштем, ки мусалмононро таҳқиру шиканҷа карда буданд. Аз баъзеи мо китоб ва аз баъзеи дигар ҷойнамоз гирифтанд. Ҳамин корро мо ба онҳо кардем. Раҳм накунем."
ФСИН, идораи зиндонҳои Русия, рӯзи 27-уми август дар баёняие гуфт, дар зиндони Суровикинои Волгоград нисбат ба мусулмонони маҳкумшуда “ягон иғвое нашудааст”.
Ин дувумин гаравгонгирӣ дар зиндонҳои Русия дар тобистони имсол аст. Моҳи июн як гурӯҳ аз маҳбусон дар Боздоштгоҳи Ростови лаби Дон чанд нафарро гаравгон гирифтанд. Мақомоти Русия он замон гуфта буданд, ки онҳо узви гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ҳастанд. Дар ин ҳодиса панҷ гаравгонгир кушта ва ду гаравгон захмӣ шуданд.
"Ду шаҳрванди Тоҷикистон" дар гаравгонгирӣ дар Русия. Кистанд онҳо?
Расонаҳои расмӣ ва саҳифаҳои наздик ба мақомоти Русия дар "Телеграм" гаравгонгирҳоро дар зиндони Волгоград "ду шаҳрванди Тоҷикистон" ва "ду шаҳрванди Узбекистон" муаррифӣ карданд. Аксу маълумот дар бораи онҳо низ нашру паҳн шуд.
Ҳодиса рӯзи 23-юми август дар маҳбаси низомаш сангини Суровикин рух дод. Гаравгонгирҳо дар амалиёти нерӯҳои амниятӣ ва Горди миллии Русия кушта шудаанд.
Оҷонси давлатии ТАСС дар хабаре аз онҳо
- Назирҷон Тошов (Тоҷикистон)
- Наврӯзи Рустамҷон (Тоҷикистон)
- Рамзиддин Тошев (Узбекистон)
- Темур Ҳусейнов (Узбекистон)
ном бурд. Тасдиқи расмӣ дар даст нест. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳарчанд иттилоъ дод, ки барои ёфтану боздошти шарикони гаравгонгирҳо бо мақомоти Русия якҷоя чора меандешад, ширкати шаҳрвандонро дар ҳодиса тасдиқ ё рад накард.
Ҳамин вазорат дар моҳи марти имсол даст доштани чанд зодаи Тоҷикистонро дар ҳамла ба "Крокус" дарҳол инкор карда буд. Радиои Озодӣ талош дорад, пайвандон ё шахсони наздик ба ин ду нафарро биёбад.
Иттилое, ки то ҳол дар бораи онҳо дастрас аст:
Хабаргузори давлатии "ТАСС" навишт, ки Назирҷон Тошов соли 2022 бо гуноҳи "кӯшиши истеҳсол, фурӯш ё интиқоли маводи мухаддир ба миқдори калон" ба 8,5 сол зиндони низомаш сангин маҳкум шудааст. Дар маълумотномае, ки пойгоҳҳои наздик ба мақомоти Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштанд, Тошов 28-сола ва аз шаҳри Турсунзода (Регари собиқ) аст. Ӯро "бомж" муаррифӣ кардаанд.
Наврӯзи Рустамҷон, ки низ шаҳрванди Тоҷикистон номбар мешавад, бо гуноҳи "кӯшиши истеҳсол, фурӯш ё интиқоли маводи мухаддир" ҳафт сол аз озодӣ маҳрум гардида буд. 23 сол дошт ва аз шаҳри Душанбе. Ӯ бояд дар моҳи апрели соли 2028 озод мешуд. Дар маълумотномааш навиштаанд, ки то лаҳзаи боздошт дар вилояти Волгоград ҷойи иқомат надошт, яъне бехонаву дар буд.
Чӣ гузашт?
Чаҳор мард, ки дар наворҳо худро "муҷоҳид"-и гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ номида, дар даст корду путк доштанд, рӯзи 23-юми август дар зиндони низомаш сангини шаҳри Суровикини вилояти Волгоград 12 нафар, аз ҷумла ҳашт маъмури зиндонро гаравгон гирифтанд. Ҳодиса замоне рух дод, ки дар дохили маҳбас ҷаласаи кумисюни интизомӣ ҷараён дошт.
Яке аз гаравгонгирҳо дар навор гуфт, маъмурони зиндон "ҳуқуқи мусалмононро поймол карданд. Мо онҳоеро куштем, ки мусалмононро таҳқиру шиканҷа карда буданд. Аз баъзеи мо китоб ва аз баъзеи дигар ҷойнамоз гирифтанд. Ҳамин корро мо ба онҳо кардем. Раҳм накунем."
ФСИН, Идораи зиндонҳои Русия, шоми 23-юми август дар баёнияе гуфт, ин афрод дар амалиёти нерӯҳои амниятӣ ва Горди миллии Русия кушта шуданд. Ҳамин манбаъ дар бораи марги чор зиндонбон низ гузориш дод.
Ин мавриди дувуми гаравгонгирӣ дар зиндонҳои Русия дар тобистони имсол аст. Моҳи июн як гурӯҳ аз маҳбусон дар Боздоштгоҳи Ростови лаби Дон чанд нафарро гаравгон гирифтанд. Мақомоти Русия он замон гуфта буданд, ки онҳо узви гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ҳастанд. Дар ин ҳодиса панҷ гаравгонгир кушта ва ду гаравгон захмӣ шуданд.
Гаравгонгирӣ дар як зиндони Русия
Мақомоти Русия гуфтанд, рӯзи 23-юми август дастикам чор маҳбуси зиндони низомаш сангини шаҳри Суровикини вилояти Волгоград чанд корманди зиндонро гаравгон гирифта, шуморе аз онҳоро куштаанд. Президенти Русия Владимир Путин гуфт, дар ҷаласае гузориши мақомоти қудратиро дар бораи ин ҳодиса мешунавад.
Гаравгонгирӣ замоне рух дод, ки дар дохили маҳбас ҷаласаи кумисюни интизомӣ ҷараён дошт. Шабакаҳои наздик ба сохторҳои қудратии Русия видеоҳоеро нашр ва иддао кардаанд, ки сабтҳо аз дохили маҳбас мебошанд.
Дар ин наворҳо чор мард худро “муҷоҳиди Давлати исломӣ” меноманд. Дар видео чор марде низ дида мешаванд, ки гаравгон уфтодаанд. Ҳамаи онҳо либоси кормандони хадамоти иҷрои ҷазоро доранд. Се нафарашон эҳтимол кушта шуда, чорумаш аз тарафи гардан захм бардоштааст.
Дар дасти ҳамлагарон корд дида мешавад. Дар Телеграм-каналҳо гаравгонгирҳоро “ду шаҳрванди Узбекистон" ва "ду шаҳрванди Тоҷикистон" муаррифӣ кардаанд. Тасдиқи расмиву мустақили ин иддао дар даст нест.
Ба навиштаи шабакаҳои наздик ба сохторҳои қудратӣ, се гаравгонгир барои қочоқи маводи мухаддир ва як нафар барои расондани зарари вазнин аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Хадамоти иҷрои ҷазои Русия хабар дод, ки амалиёти наҷоти гаравгонҳо роҳандозӣ шудааст. Ба иттилои дигар, панҷ гаравгони дигар, аз ҷумла раиси зиндон Андрей Девятов фирор карда тавонистанд.
"Интерфакс" гуфт, се нафар дар шуъбаи эҳё қарор доранд.
Сабаби сар задани ин ҳодиса ва талаби гаравгонҳо маълум нест. Баъзе аз расонаҳо мегӯянд, гаравгонгирҳо пардохти 2 миллион доллар ва фароҳам кардани чархболро талаб доранд.
Ҳалокати се нафар дар ҳамла ба як мактаби Босния
Дар як тирандозӣ дар мактабе дар шаҳри Сански Мости кишвари Босния, се нафар кушта ва як кас сахт маҷрӯҳ шудааст.
Полиси минтақаи Уна Сана ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки ҳодиса 21-уми август рух дод ва ҳамлагар як корманди мактаб буда, се ҳамкори дигарашро бо силоҳи оташфишон ҳадаф қарор додааст.
Хабаре аз осеб дидани хонандаҳо нест. Полис гуфтааст, дар миёни кушташудаҳо мудири мактаб ҳам мебошад.
Полис инчунин гуфт, ки ҳамлагар талош кардааст худкушӣ кунад, вале бо ҷароҳатҳои сахт ба маркази тиббии донишгоҳи Баня Лука интиқол дода шуд. Сабаби ҳамлаи мусаллаҳонаи корманди мактаб ба ҳамкоронаш феълан маълум нест.
"Вазъи се нафар вазнин аст." Ҷузъиёти садамаи нақлиётӣ дар Хуросон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар садамаи рӯзи якшанбе, 18-уми август, дар ноҳияи Хуросон ёздаҳ кас маҷруҳ шуда, вазъи се нафари онҳо “вазнин” аст.
“Шаш кас дар ҳолати муътадил буда, ду нафар аз беморхона ҷавоб дода шуданд ва зери назорати табибон ҳастанд,” – гуфта шудааст дар эъломияи вазорат аз 19-уми август.
Дар ин ҳодиса, ба иттилои расмӣ як кас ҷон бохтааст. Мақомот аз ӯ Сӯҳроб Расулов, сокини 63-солаи ноҳияи Дӯстӣ, ном бурданд.
Намояндагони ҳукумати ноҳияи Хуросон тасодуфи нақлиётиро натиҷаи “ноуҳдабароӣ”-и ронандаи 33-сола Карим Рабиев донистанд.
Дар маълумотномаи онҳо ба Вазорати корҳои дохилӣ гуфта шудааст, ки ронанда мошини борбарро бо суръат меронд ва “аз уҳдаи идорааш набаромада”, шаш худравро зер кард.
Соле пеш як мошини борбари "Дулан" дар шаҳри Кӯлоб ба чанд хонаву мошин бархӯрда, сабаби марг ва ҷаробеш аз бист кас шуд.
Суръати баланд ва беэътиноиро ба қоидаву қонуни ҳаракат сабаби тасодуфи нақлиётӣ ва маргумири зиёд дар роҳҳо медонанд. Мошинҳои кӯҳна, роҳҳои ноҳамвори кӯҳӣ, беэътиноӣ ба дониши ронандагон ҳангоми имтиҳонгирӣ дар мактабҳои ронандагӣ низ дар ин мусибатҳо нақш доштаанд.
Дар шаш моҳи аввали имсол дар Тоҷикистон "бар асари 539 садамаи нақлиётӣ 236 нафар ба ҳалокат расида, 570 нафар ҷароҳат гирифтаанд." Теъдоди садамаҳо дар муқоиса ба 6 моҳи соли 2023 тақрибан 12 дарсад афзуда, теъдоди захмиён 13 дарсад ва шумораи ҷонбохтагон аз 22 дарсад бештар будааст.
"Як кас ҷон бохт, қариб даҳ кас захмист." Садамаи мудҳиш дар Хуросон
Дар натиҷаи тасодуфи нақлиётӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ки корбарони Радиои Озодӣ бо фиристодани чанд навор "даҳшатбор" тасвир карданд, ба иттилои расмӣ, "як кас ҷон бохта, қариб даҳ кас захмист." Ҳодиса рӯзи 18-уми август рӯй дод. Сабаби садама маълум нест.
Бино ба навори фиристодаи корбарони Радиои Озодӣ, як "Дулан" дар ноҳияи Хуросон ба чанд худрав бархӯрдааст. "Дулан" аз тарафи Душанбе омадааст. Дар наздикии нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ як мошинро зада, сипас ба чанд мошини дигар бархӯрд," – гуфт яке аз корбарон.
Дар наворҳо дида мешавад, ки мошини "Дулан" дар роҳ чаппа шудааст ва чанд худрав аз пешу паҳлӯ осеб дидаанд. Баъзе аз маҷруҳон дар канори роҳ истодаанд ва бархеро ба мошинҳо савор карда, ба бемористон мебаранд.
Навбатдори Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон баъд аз зуҳри 18-уми август хабари тасодуфи нақлиётиро дар ноҳияи Хуросон тасдиқ кард. Вай дар тамоси телефонӣ гуфт, "як нафар ҷон бохтааст ва маҷруҳон низ ҳастанд", аммо маълумоти дақиқ надод.
Як корманди ҳукумати ноҳияи Хуросон дар суҳбати телефонӣ гуфт, ки ҳодиса дар марказ шудааст. Ҷое, ки мошинҳо зиёд меистанд. "Тибқи маълумоти ибтидоӣ як нафар ба ҳалокат расида, тахминан даҳ нафар ҷароҳат бардоштанд. Тафсилоти ҳодисаро БДА шарҳ медиҳад," -- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Видеои фиристодаи корбарон дар Инстаграм:
Соле пеш як мошини борбари "Дулан" дар шаҳри Кӯлоб ба чанд хонаву мошин бархӯрда, сабаби марг ва маҷруҳии беш аз бист кас шуд.
Суръати баланд ва беэътиноиро ба қоидаву қонуни ҳаракат сабаби тасодуфи нақлиётӣ ва маргумири зиёд дар роҳҳо медонанд. Мошинҳои кӯҳна, роҳҳои ноҳамвори кӯҳӣ, беэътиноӣ ба дониши ронандагон ҳангоми имтиҳонгирӣ дар мактабҳои ронандагӣ низ дар ин мусибатҳо нақш доштаанд.
Дар шаш моҳи аввали имсол дар Тоҷикистон "бар асари 539 садамаи нақлиётӣ 236 нафар ба ҳалокат расида, 570 нафар ҷароҳат гирифтаанд." Теъдоди садамаҳо дар муқоиса ба 6 моҳи соли 2023 тақрибан 12 дарсад афзуда, теъдоди захмиён 13 дарсад ва шумораи ҷонбохтагон аз 22 дарсад бештар будааст.
Видеои фиристодаи корбарон дар Фейсбук:
Мақомот гуфтанд, ки чаро қатлҳо дар Конибодомро пурра шарҳ намедиҳанд
Мақомоти интизомии Тоҷикистон бо гузашти тақрибан як моҳ, аз фош кардани ҳувияти омилони қатлҳои пурсарусадои Конибодом худдорӣ мекунанд. Шурӯъ аз раиси ин шаҳр то масъулони вазорати корҳои дохиливу додситонӣ аз боздошти нафаре вобаста ба ин ҳолат хабар доданд, вале гуфтани ҷузъиётро рад карданд.
Сокинони минтақа ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо нигаронӣ борҳо талаб карда буданд, ки мақомот омилони кушторро ошкору дастгир кунанд ва ҷазо диҳанд.
Охирин ниҳоди давлатӣ, ки дар шарҳи ин масъала суҳбат кард, Додситонии вилояти Суғд буд. Фурқат Хоҷазода, додситони вилоят 12-уми август зимни нишасти хабарӣ баъзе ҷузъиёти куштори пурсарусадои Конибодомро ошкор кард.
Хоҷазода гуфт, ки аз панҷ ҷинояти мудҳиш сетоашро ифшо кардаанд ва дутои дигар дар ҳоли баррасиянд. Вале ӯ ҳам шахсияти гумонбари куштори ду хонаводаи деҳаи Санҷидзорро ифшо накард. Додситони вилоят танҳо гуфт, як гуруҳи вижа аз намояндагони додситони кулл ва додситонии ҳарбӣ қазияро таҳқиқ доранд.
Фурқат Хоҷазода бидуни шарҳи зиёд танҳо гуфт, “ҷиноят ошкор карда шудааст” ва барои пайдо кардани дигар гумонбарон аз шарҳи мавзуъ худдорӣ мекунанд.
Аз ин пеш Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, рӯзи 8-уми август дар нишасти матбуотӣ куштори чанд узви панҷ хонаводаро дар ин шаҳр “қатлҳои муқаррарӣ” номид. Ӯ дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ин ҷо ҳеч ҳангомае набуд ва аксар кушторҳо дар заминаи муноқишаи хонаводагӣ сурат гирифтааст. Вале Аламшоҳзода низ омилони куштори оилаи Аҳмадовҳо ва Иброҳимовҳоро ном набурд.
Видеоро инҷо бинед:
Ин дар ҳолест, ки сокинони Конибодом мегӯянд, кушторҳо ба ҳам монанд буданд ва ошкор нашудани қотилон боиси воҳима дар ҳамаи минтақа шуд. Дар охирҳои моҳи май ва аввали июн наворҳое нашр шуд, ки афроди сиёҳпӯшу шубҳаовар дар кӯчаҳо мегарданд ва эҳтимолан қурбониҳои навбатиро меҷӯянд. Мардум бо ашёи хонагӣ мусаллаҳ шуданд ва шабҳо навбатдорӣ мекарданд. Мегуфтанд, мақомот онҳоро танҳо гузоштаанд.
Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини вазири корҳои дохилӣ 8-уми август дар нишасти хабарӣ гуфт, худаш ба Конибодом рафта, бо мардум суҳбат кард.
Ин ҳам дар ҳолест, ки аз замони нахустин воқеа то ҳоло Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ин қатлҳо хабар ё шарҳе нашр накарда буд. Манбаъҳои Радиои Озодӣ охири моҳи июл аз боздошт шудани як нафар дар пайванд ба силсилаи қатлҳо хабар доданд ва ному миллияти онро низ ошкор карданд. Аммо Вазорати корҳои дохилӣ ин маълумотро шарҳ намедиҳад. Боздоштро аввали моҳи август раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода тасдиқ кард.
Овозаҳои аз беруни кишвар омадани қотилон ва хомӯшии мақомот то ин дам шубҳаеро дар байни аҳолӣ ба миён овардааст, ки мақомот аз таъсири манфии хабар ба робитаи Тоҷикистон бо яке аз кишварҳои ҳамсояаш нигаронанд ва ин сабаби махфӣ доштани маълумот аст. Ин ҳол ба вазъи равонии аҳолии минтақа беҳбуд ё сабукие наовардааст.
"Баҳси оилавӣ", "сирри тафтишот". ВКД кушторҳоро дар Конибодом шарҳ дод
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бори аввал қатлҳои пурсару садои се моҳи охирро дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, ки боис ба нигаронии сокинон шудааст, шарҳ дод.
Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, рӯзи 8-уми август дар нишасти матбуотӣ куштори чанд узви панҷ хонаводаро дар ин шаҳр “қатлҳои муқаррарӣ” номид. Ӯ дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ин ҷо ҳеч ҳангомае набуд ва аксар кушторҳо дар заминаи муноқишаи хонаводагӣ сурат гирифтааст.
“Се куштор ошкор шуд. Ду куштор дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ аст. Куштори Шарифовҳо ва Умаровҳо. Парвандаҳои ҷиноӣ дар марҳилаи ба Суд рафтан. Вобаста ба куштори оилаи Аҳмадовҳо ва оилаи Иброҳимовҳо гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ аз Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералӣ кор карда истодаанд. Сирри тафтишот аст, ҳамаи ахборотро намегӯем,” – афзуд ӯ.
Аз замони нахустин воқеа то ҳоло Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ин қатлҳо хабар ё шарҳе нашр накарда буд.
Сокинони Конибодом мегӯянд, кушторҳо ба ҳам монанд буданд ва ошкор нашудани қотилон боиси воҳима дар ҳамаи минтақа шуд. Дар охирҳои моҳи май ва аввали июн наворҳое нашр шуд, ки афроди сиёҳпӯшу шубҳаовар дар кӯчаҳо мегарданд ва эҳтимолан қурбониҳои навбатиро меҷӯянд. Мардум бо ашёи хонагӣ мусаллаҳ шуданд ва шабҳо навбатдорӣ мекарданд. Мегуфтанд, мақомот онҳоро танҳо гузоштаанд.
“Шахсан ба ҳайси муовини вазир ба ҷойи ҳодиса рафтам. Тамоми аҳли зиёи Конибодомро дар ду ҷамоат ҷамъ оварда, вобаста ба ҳолатҳои куштор пурра баромад кардам. Тамоми маълумотро гуфтам. Яъне, мардум бохабар ҳаст, ки дар он ҷо чӣ мегузарад”, - гуфт Абдураҳмон Аламшоҳзода.
Манбаъҳои Радиои Озодӣ ду ҳафта пеш аз боздошт шудани як нафар дар пайванд ба силсилаи қатлҳо хабар доданд ва ному миллияти онро низ ошкор карданд. Аммо Вазорати корҳои дохилӣ ин маълумотро шарҳ намедиҳад. Боздоштро ҳафтаи гузашта раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода тасдиқ кард, вале аз нақли ҳама гуна ҷузъиёт худдорӣ кард.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Овозаҳои аз беруни кишвар омадани қотилон ва хомӯшии мақомот то ин дам шубаҳеро дар байни аҳолӣ ба миён овардааст, ки мақомот аз таъсири манфии хабар ба робитаи Тоҷикистон бо яке аз кишварҳои ҳамсояаш нигаронанд ва ин сабаби махфӣ доштани маълумот аст. Ин ҳол ба вазъи равонии аҳолии минтақа беҳбуд ё сабукие наовардааст.
Сӯиқасд ба ҷони Доналд Трамп. Ҳамлагар кушта шуд
Доналд Трамп, президенти собиқи ИМА ва ҳоло довталаб ба номзадии курсии президентӣ дар як сӯиқасд захмӣ шудааст.
Ҳодиса рӯзи 13-уми июл дар шаҳри Батлери аёлати Пенсилвания ҳангоми суханронии Трамп дар маъракаи пешазинтихоботиаш рух дод.
Дар аксҳо нишон дода мешавад, ки як бари рӯи Доналд Трамп хунолуд аст. Мақомот гуфтаанд, ки ӯ аз гӯшаш захмӣ шудааст. Трамп гуфт, аз гӯшаш хуни зиёд рафтааст.
Бюрои федеролии таҳқиқотии ИМА (ФБР) рӯзи 14-уми июл хабар дод, ки Томас Мэтю Крукс, ҷавони 20-сола ба Трамп тир задааст.
Видеоро инҷо бинед:
Нашрияи “New York Post” навиштааст, ки ин ҷавон 130 метр дур дар боми як ошёнаи наздик ба маҳали суханронии президенти собиқ будааст. Ӯ даҳ тир ба тарафи Трамп задааст.
Бино ба хабарҳои расида, дар ин ҳодиса ду нафар, аз ҷумла ҷавони ҳамлагар кушта ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҷавони ҳамлагарро кормандони пулис дар ҷои ҳодиса парондаанд.
Ҳанӯз далели ҳамлаи ин ҷавон ба Доналд Трамп ва саволе, ки чӣ тавр бо вуҷуди тадбирҳои амниятӣ ӯ бо силоҳ ба ҷои суханронии президенти собиқ расидааст, маълум нест.
Пас аз ҳамла Трампро ба бемористон бурданд, вале пас аз муоина ва малҳам ба захмаш ӯро ҷавоб доданд.
Доналд Трамп дар нахустин вокуниши худ ба мақомоти интизомӣ ва амниятии кишвараш барои фаврӣ амал кардан сипос гуфт.
"Ман ба хонаводаи нафаре, ки дар ҳамоиш кушта шуд ва хонаводаи нафароне, ки захмӣ шудаанд, ҳамдардӣ мекунам. Боварнокарданист, ки чунин ҳодисае дар кишвари мо рӯй диҳад,”—гуфт ӯ.
Ҷо Байден, президенти ИМА ва рақиби Доналд Трамп ин ҳамларо маҳкум карда, гуфтааст, ки барои Трамп ва дигарон дуо мекунад. Байден, ки дар як мунозираи телевизионӣ бо Трамп салом накарда буд, гуфтааст, нақша дорад, бо ӯ мулоқот кунад.
Чак Шумер, раҳбари Демократҳо дар Сенат ҳамла ба Трампро “даҳшатнок” номид.
"Хушҳолам, ки президенти собиқ дар амон аст. Дар кишвари мо ҷое барои хушунати сиёсӣ нест,”—гуфтааст ӯ.
Доналд Трамп 45-уми президенти ИМА аз ҳизби Ҷумҳурихоҳон буд, ки дар интихоботи гузашта аз Ҷо Байден, номзад аз ҳизби Демократ шикаст хурд.
Ҳоло ӯ довталаб ба курсии президентӣ аз ҳизби Ҷумҳурихоҳон дар интихоботи моҳи ноябри имсол аст. Ҷо Байден, президенти ҳозираи ИМА аз ҳизби Демократ гуфтааст, ки дар интихобот бо Трамп рақобат хоҳад кард.
Ҳизби Ҷумҳурихоҳон ва ҳизби Демократ аз пуртарафдортарин ҳизбҳои сиёсӣ дар ИМА ҳастанд, ки дар бештари интихоботҳо номзадҳои ин ду ҳизб пирӯз мешаванд.
Ҷанҷоли се зан дар Душанбе. Пулис модару духтарро дастгир кардааст
Пулиси Душанбе мегӯяд, баъди пахши навори занозании се зан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, як зан ва духтарашро боздошт кардааст. Навори мазкур шоми 4-уми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуда, вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Дар видео дида мешавад, ки ду зан як зани дигарро мезананд ва кӯдаке дар наздашон гиря дорад.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфт, муноқиша шоми 4-уми июл дар кӯчаи Раҳмон Набиеви Душанбе рух додааст. Манбаъ афзуд, баъди пахши навори ҷанҷол, Сафаргул Сафаралиеваи 34-сола ва духтари 14-солаашро дастгир кардаанд.
Дар ҳоле, ки назари ин модару духтар ба қазия маълум нест, пулис мегӯяд, Сафаргул Сафаралиева бо духтараш, ҳамсояаашон Мадина Гуловаро латукӯб кардаанд. Сабаби муноқиша ҳам ба гуфтаи пулис, баҳсу ҷанҷоли кӯдакон будааст.
Мақомот гуфтанд, нисбати Сафаргул Сафаралиева бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Кодекси ҷиноӣ барои ин иттиҳом то 72 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то 2 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.
Занозании се зан дар назди чанд каси дигар ва аз тарс доду фарёд кардани як кӯдак, интиқоди даҳҳо корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба миён овард. Бархе корбарон навиштанд, ин гуна ҳодисаҳо ба равони кӯдакони ҳозир дар онҷо зарба мезанад. Бархеҳо ҳамсояҳои ин занонро танқид карданд, ки барои халосии онҳо талош намекунанд.
Ҷанҷолу занозанӣ дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест, аммо дар гузашта бештари ин гуна ҳодисаҳо миёни ҷавонон ва мардон иттифоқ меафтод.
Муҳокимаи ҳафт марду як зан барои таркиши мошин дар Кӯлоб
Додгоҳи вилояти Хатлон ба муҳокимаи як ҷавони 28-сола шуруъ кардааст, ки ба таркондани мошини Салим Сайвализода, раиси дафтари Ҳизби халқӣ-демократӣ дар шаҳри Кӯлоб, муттаҳам аст.
Ному насаби ӯ ба Радиои Озодӣ маълум аст, аммо ба сабаби махфӣ будани парванда ошкор намешавад. Қаблан наздиконаш мегуфтанд, ки иртиботи ӯро бо ҳодиса дақиқ намедонанд.
Дар Додситонии шаҳри Кӯлоб рӯзи 21-уми июн ирсоли парвандаро ба Додгоҳи вилояти Хатлон тасдиқ карда, ҷузъиёт надоданд. Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ҳамроҳи ин ҷавон дар курсии айбдорӣ ҳафт нафари дигар, аз ҷумла як зан, нишастаанд.
Мурофиа паси дарҳои баста мегузарад ва то кунун наздикони боздоштшудаҳо ба додгоҳ роҳ наёфтаанд. "Парвандаи онҳо бар асоси банди "терроризм" ва "даъват барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ" баррасӣ мешавад," – афзуд як манбаи огоҳ аз қазия.
Мошини хидматии Салим Сайвализода дар аввали моҳи январи соли 2024 дар хонааш дар деҳаи Тудакафши шаҳри Кӯлоб таркид. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон онро "амали террористӣ" донист ва додситони минтақаи Кӯлоб "дастури гуруҳҳои ифротӣ" номид. Ба сабаби муҳри махфӣ доштани парванда ҷузъиёти он дастрас нест.
Парвандаи терроризм дар минтақаи Кӯлоб ба сари худ камсобиқа аст ва гуфта мешавад, маҳз он заминаи барканории гурӯҳии сарони ниҳодҳои қудратии Хатлон шуд.
Ҳизби халқӣ-демократӣ, ки мақомот ҳашт нафарро барои таркондани мошини як раҳбари маҳаллиаш муттаҳам медонанд, ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон аст. Раҳбараш президент Эмомалӣ Раҳмон аст ва аксари мансабдорони тоҷик узви ҳамин ҳизб буда, бештари курсиҳои порлумонро ҳам намояндагонаш дар ихтиёр доранд.
"Маро заданд, бародарам иттиҳомро пазируфт." Таҳқиқи як куштор дар Конибодом
Шеваи таҳқиқи куштори Музаффар Урмонов ва ҳамсараш, Иноят Урмонова, дар деҳаи Сайҳуни шаҳри Конибодом наздиконашонро нигарон кардааст.
Ҳодиса шаби 16 ба 17-уми апрели имсол рӯй дод. Мақомоти интизомӣ баъзе аз хешовандонро бозпурсӣ ва якеро дастгир кардаанд. Пайвандон мегӯянд, зери фишор баёнот доданд ва биноан хоҳони таҳқиқи дубора ва одилона ҳастанд.
“Гуфтанд, шавҳарат гуноҳро ба гардан гирифт, чаро ту намегирӣ?”
Ҳоло Шарифҷон Ашӯрови 66-сола ба гумони даст доштан дар қатли бародару янгааш дар Боздоштгоҳ аст. Музаффар Урмонов ба номи падараш насаб гирифта, бародарону хоҳаронаш насаби Ашӯров доранд.
Хоҳараш Шарифа Холматова (Ашӯрова) ва узви дигари оила Дилором Ашӯрова дар Шуъбаи корҳои дохилии Конибодом бозпурсӣ ва дертар раҳо карда шудаанд. Шарҳи мақомот барои шубҳаашон нисбат ба аъзои хонавода феълан дастрас нест. Хешовандоне, ки бозпурсӣ шудаанд, аз фишор шикоят доранд.
“Маро заданд, дод гуфтам. Шояд акоям (Шарифҷон Ашӯров) инро шунида, раҳмашон омад ва иттиҳомро ба гардан гирифтанд. Туҳмат кардам, бахти акоямро сиёҳ кардам,” – нақл кард Шарифа Холматова.
Дилором Ашӯрова, ҳамсари Шарифҷон Ашӯров, мегӯяд: “Ба ман гуфтанд, ин корро шавҳарат кардаасту ба гардан гирифт, чаро ту намегирӣ? Шавҳарамро дидам, нишаста наметавонистанд. Ба ман гуфтанд, рав як куртаамро гиру тасдиқ кун, ки дастонаш хун буд ва ман онро тоза кардам. 44 сол боз зиндагӣ дорем. Гуфтани ин гапи дурӯғро виҷдонам намебардорад.”
Хонум Ашӯрова мегӯяд, шаби ҳодиса шамол буду ҳамроҳи шавҳараш дар хона нишаста буданд. Пайвандони дигари оила ҳам ба даст доштани онҳо дар ҳодиса шубҳа доранд, чун аз хонаи кушташудаҳо молу дороии зиёде рабуда шудааст.
“Бо корд ва болға ба пушти сари бародару янгаам задаанд, то шинохта нашаванд. Рӯяшон кабуд ва дастҳояшон шикаста буд,” -- ба ёд овард Шарифа Холматова, хоҳари Музаффар Урмонов.
Музаффар Урмонов ва Шарифҷон Ашӯров дар ҳамсоягӣ зиста, дар Хоҷагии деҳқонии Комилҷон Султонови деҳаашон мироб буданд. Хайрулло Урмонов, писари Музаффар Урмонов, мегӯяд, “рости гап, бо амакам дар як ҷо зиндагӣ мекунем. Ҳамроҳи бачаҳояшон бозӣ карда, калон шудем. Ягон бор даъвои падару модарамро бо амакам нашунидаам”.
Видеоро дар инҷо бинед:
“Аз хона тилову доллар гум шудааст”
Дар ҳамин ҳол, пайвандони як оилаи дигар дар Конибодом аз фарзия ва тарзи таҳқиқи марги чанд хешовандашон дар ташвишанд.
Бино ба хабарҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, шаби 28 ба 29-уми март Муҳиддин Шарифови 65-сола гуё ҳамсараш Марям Шарифоваи 60-сола, Фирӯза Шарифова, набераҳояш Абубакр Шарифов ва Азиза Кабирзодаро кушта, сипас худашро ба дор овехтааст. Фарзандонаш, ки он замон дар Русия буданд, иддаои дигар доранд.
“Аз хона тило, доллар, сомонӣ, рубли Русия ва чанд чиз гум шудааст. Дар бадани падарам захмҳои бисёр аст, задаанд. На ҳамсарам, на модарам ва ягон каси дигар аз падарам шикоят надошт,” – мегӯяд Кабир Шарифов, писари Муҳиддин Шарифов.
Пайвандони ин ду оила дар Конибодом аз мақомот хостаанд, ки ҳодисаҳоро мӯшикофона таҳқиқи карда, гунаҳкоронро ёбанд ва ҷазо диҳанд. Бино ба нақли онҳо, гуё Додситонӣ ҳам аз мақомоти интизомӣ дар маҳал хостааст, ҳодисаҳоро дигарбора бисанҷанд.
Дар се моҳи охир дар бораи кушта шудани аъзои дастикам чор оила дар шаҳри Конибодом гузориш расид. Ду ҳодиса дар охири моҳи май рӯй дод. Ангезаи куштор норӯшан монда, омилон боздошт нашудаанд. Маълум нест, ин ҳодисаҳо ҳалқаҳои як занҷиранд ё аз ҳам ҷудо, дуздию ғоратгариянд ё ваҳшатангезӣ.
Санҷидзори Конибодом. Хонаҳои қуфлзада, кӯчаҳои холӣ ва сокинони нигарон
Сокинони чанд деҳа дар Конибодом мегӯянд, ки шабҳоро бо тарсу ҳарос рӯз мекунанд, чун хабари қатлҳои пайиҳам дар ин гӯшаи вилояти Суғд онҳоро сахт ба ташвиш овардааст.
Дар бештар аз ду моҳи охир аъзои чанд оила ба таври мармуз кушта шуда, барои бошандагони Конибодом як навъ вазъи фавқулодаи эълоннашуда идома дорад. Бо ин ҳол, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қонун дар бораи ин воқеаҳо изҳороте надодаанд.
Ҳавлиҳои беодаму қуфлзада, кӯчаҳои холӣ, сокинони нороҳат. Тасвири деҳаи Санҷидзор дар шаҳри Конибодом чунин аст. Бошандагони тоҷику қирғизи деҳа мегӯянд, ҳатто дар давраи даргириҳои хунини сарҳадӣ чунин нигарону бимзада нашудаанд.
“Чунин ҳодисаро дар ҳафтод соли охир надида будем. Ҳатто нашунидем. Баъзе ҳодисаҳо байни наврасону ҷавонон мешуду тамом. Ҳоло ҳамроҳи ҳамсарам барои ба кӯча рафтан метарсем. Вазъи равониамон бад аст. Ҳатто дарвоза надорем, панҷараамонро аз се ҷояш мебандем,” – нақл кард Нишонбой Ҷулдошев, сокини Санҷидзори Конибодом.
Ин ҳолатро бошандагони деҳаҳои дигари Конибодом низ доранд. Тоҳирҷон Мараҷабови 70-сола ҳамроҳи ҳамсояаш ҳар рӯз интизори он мешинанд, ки навиди оромиеро аз раҳгузарон ё масъулони мақомот шунаванд. Ӯ мегӯяд, аз ин вазъ бештар фарзандони раҳдураш нигаронанд.
“Хоб нест, ҳама хавотир. Заноне, ки шавҳаронашон дар Русия аст, ба хонаи хешу табор мераванд. Шароит бениҳоят вазнин. Бачаҳо аз Русия занг зада мегӯянд, ки биоед. Бо рафтан чӣ мешавад? Мақомот кор карда истодаанд, ягон роҳашро меёбанд,” – афзуд ӯ.
Танҳо дар се моҳи охир дар бораи кушта шудани аъзои дастикам чор оила дар шаҳри Конибодом гузориш расид. Ду ҳодиса дар охири моҳи май рӯй дод. Мақомот ва пайвандони қурбониён ҳодисаро тасдиқ мекунанд, аммо ангезаи куштор норӯшан монда, омилон боздошт нашудаанд. Маълум нест, ин ҳодисаҳо ҳалқаҳои як занҷиранд ё аз ҳам ҷудо, дуздию ғоратгариянд ё ваҳшатангезӣ.
Ин вазъ сокинонро водор кардааст, ки ба мақомот аз тавсеаи нерӯи бехатарӣ маслиҳат диҳанд. Тоҳирҷон Мараҷабов гуфт: “Бо муовини раиси ҷамоат гап задам. Гуфтам, ки аз ҳисоби мардон дар кӯчаҳо навбатдор монанд. Як шаб ё ду шаб хоб накунанд, гапе нест. Дар он сурат занон ё бачаҳо посбон дорем гуфта бемалол хоб мекунанд.”
Ба назар мерасад, пешниҳоди сокинон мақомоти маҳаллиро бетаваҷҷӯҳ нагузоштааст. Ҳоло дар хиёбонҳои чанд деҳаи Конибодом чароғҳои иловагӣ насб кардаанд. Радиои Озодӣ феълан ба Вазорати корҳои дохилӣ бобати кушторҳои мармузи шаҳри Конибодом нома навиштааст ва дар сурати пайдо шудани тафсилот онро нашр хоҳем кард.
Видеоро дар инҷо бинед:
Куштори пайиҳам, вале мармузи аъзои чанд оила дар Конибодом
Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба таҳқиқи ҳодисае пардохтаанд, ки дар вилояти Суғд сарусадои зиёд барпо кард.
Танҳо дар се моҳи охир дар бораи кушта шудани аъзои дастикам чор оила дар шаҳри Конибодом гузориш расид. Ду ҳодиса дар охири моҳи май рӯй дод. Мақомот ва пайвандони қурбониён ҳодисаро тасдиқ мекунанд, аммо ангезаи куштор норӯшан монда, омилон боздошт нашудаанд.
Аз ҷумла, дар деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом шаби 28 ба 29-уми май шаш узви ду оила кушта шудаанд. Як оилаи кушташуда тоҷик ва хонаводаи дигар қирғиз ҳастанд. Мақомот дар бораи воқеа расман хабар надоданд.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, оилаи тоҷик аз модар ва ду фарзанд иборат аст:
- Маҳбуба Аҳмедоваи 38-сола
- Нозанин Аҳмедоваи 17-сола
- Дамир Аҳмедови 14-сола.
Пайвандонашон гуфтанд, дар бадани онҳо аломати куштори маҷбуриро диданд ва ҷасадҳоро дафн карданд. Маҳбуба Аҳмедова дар шифохонаи деҳа парастор буд ва фарзандонаш дар мактаб мехонданд. Шавҳараш Баҳодур Аҳмедов ҳангоми ҳодиса дар Русия қарор доштааст.
Аз оилаи кушташудаи қирғизтаборҳо Зулхо Иброҳимоваи 54-сола, додараш Абдуфаттоҳ Иброҳимови 47-сола ва Қурбонгул Иброҳимоваи 46-сола ном мебаранд. Дар он шоми ҳодиса се кӯдаки Абдуфаттоҳ Иброҳимов ва Қурбонгул Иброҳимова низ ҳамроҳашон буда, зинда мондаанд.
Ба гуфтаи ҳамдеҳагон, аксар пайвандони ин хонавода дар Қирғизистон зиндагӣ мекунанд. Зулхо Иброҳимова муовини мудири мактаби деҳаи Санҷидзор будааст. Дар ин мактаб асосан хонандагони қирғизтабор мехонанд, вале феълан дар мактаб на муаллимон ва на толибилмон ҳастанд.
Мақомоти интизомӣ то ба ҳол ангеза ё сабаби кушторро расман шарҳ намедиҳанд. Сокинони минтақа ва баъзе аз пайвандон дар суҳбатҳои бидуни сабт гуфтанд, ки аз манзили кушташудаҳо маблағу дороӣ гум шудааст. Радиои Озодӣ феълан ба Вазорати корҳои дохилӣ дар ин мавзуъ нома навиштааст ва дар сурати пайдо шудани тафсилот онро нашр хоҳем кард.
Аз ин пеш ҳам чанд нафар дар гӯшаҳои дигари Конибодом ба таври мармуз кушта шудаанд. Маълум нест, ин ҳодисаҳо ҳалқаҳои як занҷиранд ё аз ҳам ҷудо. Мақомот дар бораи онҳо низ маълумоти муфассал намедиҳанд.
Ин вазъ бисёре аз хонаводаҳо ва пайвандони онҳоро, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ва кишварҳои дигар қарор доранд, нигарон кардааст. Онҳо ва сокинони ин минтақа хоҳиш доранд, ки мақомот омилони қатлҳоро ҳарчӣ зудтар ифшо ва боздошт кунанд.
"Сел ҳамаи заминамро бурд, додамонро ба кӣ гӯем?"
Ҳукумати “Толибон” гуфт, танҳо дар моҳи май сел дар Афғонистон сабаби марги бештар аз 400 кас шуд. Танҳо дар вилояти Бадахшон 10 узви як оила ҷон додаанд. Дар ин миён бештар аз ҳама вилояти Бағлон осеб дидааст.
Муҳаммад Исмоил умед дошт, ки имсол аз гандумзораш ҳосили беҳтар мегирад. Аммо сел киштзорҳоро, ки ягона манбаи даромадаш буд, нобуд кард. Ӯ ба мисли садҳо сокини дигари Бағлон дар ғами хонаводааш аст, ки акнун чӣ гуна таъмин мекунад.
“Ҳамаи заминамро об бурд. Аз дасти мо чӣ кор меояд,” – гуфт Муҳаммад Исмоил.
Сел дар Бағлон хонаҳои мардуми фақирро вайрон кардааст. Бисёриҳо дар хаймаҳо дар шароити сахте шабашонро сипарӣ мекунанд. Мардум муҳтоҷи кумаки ҳукумат аст, ки “Толибон2 онро дар даст доранд.
Нур Муҳаммад аз Бағлон мегӯяд, “мо аз ҳукумат мехоҳем, ки барои мо хона дуруст кунад. Ҳамин тақозоро дорем. Дар ин майдон ҳастем, мебинед, ки дар ин санглох зиндагӣ карда ҳам намешавад.”
Бунёди Ҳимоят Аз Кӯдакони Созмони Милал мегӯяд, дар селобҳои Бағлон беш аз 300 кас ҷон дода ва 12 ҳазор хона вайрон шудааст. Ба иттилои Барномаи Озуқавории Созмони Милал (WFP), аз селобҳо дар Афғонистон даҳҳо ҳазор нафар зиён дидаанд.
Зиёвуддин Сафӣ, сухангӯи дафтари WFP гуфт: “Селобҳои вайронгар, ки дар ҳафтаҳои охир рух дод, беш аз 80 ҳазор нафарро мутаасир сохтааст. Ин афрод дар вилоятҳое зиндагӣ мекунанд, ки сатҳи болои ноамнии ғизоӣ доранд.”
Дафтари Барномаи Озуқавории Созмони Милал дар Афғонистон гуфтааст, барои ёрӣ ба мардуми муҳтоҷ ва осебдида аз селобҳо ба бештар аз 14 миллион доллар ниёз дорад. Ин дар ҳолест, ки муассисаи мазкур соли гузашта ба далели камбуди буҷа, тақсими ёриҳои ғизоӣ ба 10 миллион нафарро қатъ кардааст.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Баҳси $320 ҳазор. Боздошти Муқим Ашӯров, қудои сарвазири Тоҷикистон
Муқим Ашӯров, ки ӯро қудои сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ном мебаранд, ба гумони "қаллобӣ" дастгир шудааст. Маъмурони милиса дар вилояти Суғд ба зидди ӯ рӯзи 8-уми майи имсол парванда кушодаанд. Ашӯрови 65-сола дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд аст. Пайвандонаш нахостанд қазияро шарҳ диҳанд.
Акбар Шарифов, сухангӯйи Раёсати корҳои дохилии Суғд, рӯзи 30-юми май гуфт, "аъмоли Муқим Ашӯров бар асоси қисми чори моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон санҷида мешавад". Ин банди қонун дар бораи "тасарруфи маблағ ба миқдори махсусан калон" аст ва ҷарима ё аз 8 то 12 сол зиндонро дар назар дорад.
"Вай чанд сол пеш ба боварии як сокини Хуҷанд даромада, барои фурӯши мағозаи чорошёна 320 ҳазор доллар гирифтааст. Баъдан он мағозаро боз ба каси дигар фурӯхта, маблағи аввалиро бозпас надодааст," – шарҳ дод Акбар Шарифов.
Мавқеи Муқим Ашӯров ва ё вакили мудофеаш маълум нест. Пайвандонаш дар ин бора гап задан нахостанд. Як шахси наздик ба ин хонавода дар суҳбати ҳузурӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “масъала дар ҷараёни ҳалшавист.” Манзураш ин буд, ки “зарари шахси даъвогар ба зудӣ ҷуброн карда хоҳад шуд”.
Маълумот дар бораи кор ва шахсияти Муқим Ашӯров зиёд нест. Тибқи иттилои расмӣ, вай сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст. Худаш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҷойи зисташро шаҳри Хуҷанд ва масъулияташро Мудири ширкати сайёҳии “Спутник” навиштааст.
Ӯро қудои сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ном мебаранд. Писараш, Парвиз Ашӯров, бо духтари калонии ин мансабдори баландпояи тоҷик оила барпо кардааст.
Видеоро дар ин ҷо бинед:
Боздошти Муқим Ашӯров дар ҳолест, ки расонаҳои таҳқиқотгар ҳамин моҳ моликияти баъзе аз пайвандони Қоҳир Расулзодаро дар Суғду Душанбе ва Дубай ошкор карданд ва ин гузориш дар шабакаҳои иҷтимоӣ боис ба баҳсҳои зиёд шуд.
OCCRP ё Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, рӯзи 16-уми май дар доираи тарҳи "Dubai Unlocked" хабар дод, ки бино бар санадҳои ёфтаи он Ихболхон Назирова (Иқболхон ё Иқболой Нозирова), ҳамсари сарвазири Тоҷикистон, дар Дубай соҳиби моликият аст.
Баъд аз як рӯзи нашри хабар дар сомонаи Радиои Озодӣ, бо имзои "Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз имейле, ки зоҳиран ба сарвазир тааллуқ дорад, номае расид, ки дар он гуфта мешавад: "Ҷавобан ба гузориши Радиои озодӣ аз 16 майи соли 2024, ки аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор шуд, иттилоъ медиҳем, ки маълумоти ин хабар дар бораи ба ҳамсари Сарвазири Тоҷикистон мансуб будани виллаҳо асоси воқеӣ надорад ва ба ҳақиқат рост намеояд."
Дар посух Радиои Озодӣ ба ҳамин имейл нома фиристод, ки далелҳои тасдиқкунандаи ба дафтари сарвазир тааллуқ доштани нома пешниҳод карда шаванд. Ин нома беҷавоб монд ё шояд посух ҳамоно дар роҳ аст. Дар ин байн, 27-уми май OCCRP дар сомонаи худ матни пурраи марбут ба мавзуъро мунташир намуд. Вобаста ба ин хабар низ мавқеи расмии нахуствазир ва ё наздиконаш айни ҳол маълум нест.
Қоҳир Расулзода аз соли 2013 сарвазири Тоҷикистон аст. Аз он пеш раиси вилояти Суғд ва вазири об буд.
Ҷасади духтареро, ки зери сел монд, аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ёфтаанд
Дар натиҷаи омадани сел дар вилояти Хатлон як духтари дувоздаҳсола аз ноҳияи Фархор ҷон бохтааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ҷасади ӯро аз ҷамоати Лангари ноҳияи Шамсиддини Шоҳиён ёфтанд. Ҳодиса рӯзи 25-уми май иттифоқ уфтодааст.
Назари пайвандонаш дастрас нест. Мақомот мегӯянд, ӯ ҳангоми ёрӣ ба падараш дар чарогоҳ дар ноҳияи Муъминобод зери сел монд ва дар марги духтар волидонашро муттаҳам медонанд.
Бар асари борони зиёд дар бисёре аз гӯшаҳои Тоҷикистон сел омада, роҳу хона ва пулҳоро вайрон кардааст. Ба иттилои расмӣ, танҳо дар рӯзҳои шанбе ва якшанбеи гузашта зиёда аз 200 хона ва иншооти дигар вайрон шуда ва ё зери об монданд.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Шаҳринав рӯзи 26-уми май беш аз панҷоҳ хона зери об монда, ду пул вайрон шудааст. Дар ноҳияи Файзобод маҷбур шудаанд, ки сокинони як деҳаро бикӯчонанд, то зери ярч намонанд. Дар вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт низ вайронгариҳои сел сабт шудааст.
Тоҷикистон кишвари осебпазир аз фалокатҳои табиӣ аст ва ҳар сол ба ин далел миллионҳо доллар зиён мебинад. Сокинон дар гузашта борҳо аз зиёни селу боронҳои пуршиддат ва камтаваҷҷӯҳии мақомот шикоят кардаанд.
Навори "марде аз Тоҷикистон", ки мегӯяд дар Украина асир афтодааст
Як мард ба номи Ҷаъфар Муҳаммадзодаи 51-сола дар наворе мегӯяд, ки аз Тоҷикистон аст, вале мақомоти Русия ӯро маҷбурӣ ба майдони ҷанг фиристоданд ва ҳоло дар Украина асир аст.
Замон ва шароити сабти видео маълум нест. Тасдиқи гуфтаҳои мард низ дар ҳоли ҳозир имкон надорад.
Наворро рӯзи 20-уми май як саҳифаи зоҳиран наздик ба мақомоти Украина дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштааст. Қаблан созмони байнулмилалии Human Rights Watch аз низомиёни украинӣ хоста буд, ки аз нашри навору суҳбати асирон барои бехатарии онҳо худдорӣ кунанд.
Ҷаъфар Муҳаммадзода дар ин видеои беш аз 8-дақиқаӣ аз ҳамсараш дар Тоҷикистон хостааст, ба сафорати Русия рафта, дар ин бора хабар диҳад, то ӯро ҳамон тавр ки ба ҷанг фиристоданд, аз асорат халос кунанд.
Ин мард мегӯяд, ҳамааш пас аз он сар шуд, ки мақомоти Русия ӯро соли 2020 ронданд ва ӯ барои хӯрондану пӯшондани кӯдакон бо шиносномаи ҷаълӣ (бо ному насаби сохта) ба ин кишвар баргашт ва барои гирифтани шиносномаи русӣ хост, издивоҷ кунад, вале “ба даст афтод”.
“Чораи дигар набуд, маро ба инҷо оварданд,” – нақл кардааст ӯ. Ин зодаи Тоҷикистон мегӯяд, дар Русия ваъда кардаанд, ки асосан ба сохтмон машғул мешавад, аммо дар Украина ба дасташ силоҳ додаанд, то биҷангад.
“Вақте рад кардам, маро маҳкам карданд, муносибати бад карданд, “чурка” гуфтанд,” – афзудааст мард. Ба нақли ӯ, ки тасдиқаш аз манбаъҳои дигар феълан имконпазир нест, дар майдони ҷанг ҳам ба сабаби ғайрирус буданаш рӯзи хуш надид ва дар як амалиёт ба дасти нерӯҳои Украина асир уфтод.
Ҳарчанд ӯ вазъашро хуб арзёбӣ кардааст, вале гуфта, ки “ин ҷанги бемаъност, гӯштқимакунак аст.” Ва афзудааст, агар аз инҷо раҳо шавад, “хоҳ аз Русия биронанд ва ё бипаронанд”, дигар ба майдони ҷанг барнахоҳад гашт.
Дар моҳи ноябри соли 2023 ҷавони бистсола аз Тоҷикистон, Бунёд Ҷӯраев, хабар дода буд, ки дар Украина асир афтодааст. Ӯ сарбози артиши Русия буд.
Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 хабари асир ва кушта шудани чандин зодаи Тоҷикистон дар Украина расонаӣ шуд, аммо то кунун шумораи дақиқи онҳо маълум нест.
"Бархеро ба Душанбе бурданд." Боздошти даҳҳо сокини Язгулом
Маъмурони амниятии Тоҷикистон зиёда аз 30 сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро дастгир карда, аммо ҳеч шарҳе надодаанд.
Ба иттилои дарёфтӣ, боздошти онҳо рӯзи 16-уми май сурат гирифта, ба "омодагӣ ба харобкорӣ" гумонзад ҳастанд. Дар ҳамон шабу рӯз марзбонҳои Тоҷикистон сафари сокинони ҷумҳурӣ ва хориҷиёнро ба минтақаҳои сарҳадӣ, аз ҷумла вилояти Бадахшон, маҳдуд карданд. Ин минтақа бо Афғонистон ҳаммарз аст.
Мусанниф Меҳмонов, раиси ҷамоати Язгулом, рӯзи 23-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "12 сокини деҳаи Жамак барои бозпурсӣ ба шаҳри Душанбе бурда шуданд." Ӯ бо баҳонаи он ки қазия махфӣ асту онро намояндагони КДАМ ва Вазорати корҳои дохилӣ таҳқиқ доранд, тафсилот надод.
Бо гузашти як ҳафта аз ин ҳодиса Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қазияро ба таври расмӣ шарҳ надодааст. Маълум нест, ки ангезаи аслӣ чист.
Расонаҳои "Pamir Inside" ва "Azda TV" рӯзи 22-юми май бо такя ба манобеи худ дар бораи боздошти камаш 35 сокини деҳаҳои Жамак ва Андарбаки Язгулом гузориш доданд.
"Pamir Inside" рӯзи 23-юми май низ бо такя ба як манбааш дар ниҳоди амниятии Тоҷикистон ангезаи "амалиёти вижа"-ро ба маъракаи густурдаи зидди ҳиҷобу рӯсарӣ пайванд дод: "Он ҷавононе, ки метавонистанд барои рейд мушкил эҷод кунанд, пешопеш боздошт шуданд."
Чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ҷамоати Язгулом боздошти сокинонро ба овозаҳо дар бораи гуё "ворид шудани гурӯҳе аз Афғонистон" рабт доданд. Камаш ду нафар дар деҳаи Жамак гуфтанд, "дар аввали моҳи май чанд сокини Язгулом аз Афғонистон ба ин тараф гузаштаанд. Мардум қасди онҳоро намедонистанд ва ба меҳмонӣ даъват карданд. Гурӯҳи дигар гуё дар 15-километрии деҳа силоҳ пинҳон намудаанд."
Радиои Озодӣ ҳақиқат ё танҳо овоза будани масъаларо аз раиси ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ пурсид. Мусанниф Меҳмонов вуҷуди овозаҳоро тасдиқ кард, аммо дар бораи он ки оё воқеан гурӯҳе аз Афғонистон ба ҳудуди Тоҷикистон гузаштааст ё не, посух надод. Ӯ гуфт, эҳтимол ба қарибӣ навори суҳбати боздоштшудаҳо тавассути телевизионҳои давлатӣ пахш шавад ва он вақт қазия рӯшан хоҳад шуд.
Одинашо Мардзода, раиси ноҳияи Ванҷ, рӯзи 23-юми май гуфт, воқеан, чанде пеш мақомот бо мардуми Язгулом мулоқот ва суолу ҷавоб карданд. "Масъалаи убури чанд тан аз Афғонистон яке аз суолҳое буд, ки мақомот дар миён гузошта буданд. Ҳоло вазъ ором аст ва пурсишу таъқиб ҷой надорад," -- афзуд ӯ.
Як сол пеш, 26-уми апрели соли 2023, дар мавзеи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷ, ду узви "Ҷамоати Ансоруллоҳ", ки аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ворид гардида буданд, кушта шуданд.
Маҳдуд шудани сафар ба минтақаҳои сарҳадӣ
Марзбонҳои Тоҷикистон рӯзи 17-уми май аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хориҷиён хостанд, ки бе шиноснома ё санадҳои дигари тасдиқкунандаи ҳувият ба минтақаҳои сарҳадӣ дар Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нараванд. Ин ду вилоят дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст.
Нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон рӯзи 17-уми май дар баёнияе гуфт, "бе риояи чунин талабот даромадан ба минтақаҳои номбурда иҷозат дода намешавад... Дар постгоҳҳои сарҳадӣ даромаду баромади шаҳрвандонро зери назорати ҷиддӣ мегиранд."
Мақомот сабабро ба "вазъи минтақа ва ҷаҳон" ва "кӯшиши созмонҳои террористию экстремистӣ барои ғайриқонунӣ гузаштани сарҳадҳои давлатӣ ва амалҳои зиддибашарии террористӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон" рабт доданд.
Онҳо намунаи мушаххас наоварда, вале гуфта буданд, ин ҳолат "тақозо мекунад, ки ҳифзу ҳимояи ҳудуди мамлакат, суботу оромӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи сокинон пурзӯр карда шавад."
Маълум нест, ки ин баёнияи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон то кадом андоза ба боздоштҳо дар Язгулом рабт дорад.
Раисӣ ва вазири корҳои хориҷии Эрон дар суқути чархбол ҷон бохтаанд
Расонаҳои Эрон рӯзи 20-уми май ба таври расмӣ эълон карданд, ки раиси ҷумҳури он кишвар Иброҳим Раисӣ, вазири корҳои хориҷӣ Амирҳусейн Абдуллоҳиён ва чанд мақоми дигар бар асари сарнагун шудани чархболи ҳомили онҳо ба ҳалокат расиданд.
Хабаргузориҳои расмии "Тасним" ва "Меҳр" ин хабарро тасдиқ карданд. Як мақоми эронӣ низ дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Рейтерз" ҳалокати Иброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳи ӯро таъйид кардааст.
Чархболи раиси ҷумҳури Эрон нимаи дувуми рӯзи 19-уми май дар вилояти Озарбойҷони шарқии ин кишвар пас аз фуруди сахт нопадид шуд. Ба гуфтаи мақомоти Эрон, ҳодиса дар пайи ҳавои номусоид сурат гирифтааст.
Расонаҳои Эрон рӯзи 19-уми май хабар доданд, ки дар дохили чархбол Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон, Ҳусейн Абдулоҳиён, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, раиси вилоят ва имоми намози ҷумъаи Табрез қарор доштанд.
Бо нокомии гурӯҳҳои имдодии Эрон дар шиносоии маҳалли сарнагун шудани чархбол, кишварҳои минтақа, аз ҷумла Туркия ва Русия бо фиристодани наҷотбахшон ва таҷҳизоти ҳавоӣ ба кӯмаки Эрон шитофтанд ва дар ниҳоят паҳбоди туркӣ ҷойи ҳодисаро дар наздикии як деҳаи кӯҳистонӣ бо номи "Тавил" дар вилояти Озарбойҷони шарқӣ муайян кард.
Ҳанӯз норушаниҳои зиёде дар бораи ин ҳодиса вуҷуд дорад. Тибқи гузоришҳо, минтақа шоҳиди бориши зиёд ва меғи (туман) шадид ҳангоми сарнагун шудани чархболи ҳомили раиси ҷумҳури Эрон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ будааст.
Саидмуҳаммад Оли Ҳошим, имоми ҷумъаи Табрез, Ҳусайн Молик Раҳматӣ, раиси вилояти Озарбойҷони шарқӣ ва чанд тани дигар, аз ҷумлаи сарнишинони ин чархбол будаанд.
Телевизиони давлатии Ҷумҳурии исломии Эрон дар соатҳои аввали субҳи душанбе эълон карда буданд, ки бо кашфи маҳали суқути чархболи ҳомили Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ, то кунун нишоне аз зинда будани сарнишинон мушоҳида нашудааст.
Бо расидани нерӯҳои имдодӣ ба маҳалли суқуим чархболи Иброҳим Раисӣ, Шабакаи хабари Эрон дар зернависи барномаи худ навишт, "то кунун ҳеҷ асаре аз зинда будани сарнишинони чархбол мушоҳида нашудааст".
Дар пайи эълони ҳалокати Иброҳим Раисӣ, тибқи Қонуни асосии Эрон, муовини аввали ӯ бо мувофиқати раҳбари он кишвар Алии Хоманаӣ, масъулиятҳои раиси ҷумҳуриро ба ӯҳда мегирад.
Банди 131-и Қонуни асосии Эрон мегӯяд, дар сурати фавт, барканорӣ, истеъфо, нопадид шудан ё бемории беш аз ду моҳи раиси ҷумҳур ва ё дар мавриде, ки муддати раёсати ҷумҳурӣ поён ёфта ва раиси ҷумҳури нав бар асари монеаҳо ҳанӯз интихоб нашуда ва ё умури дигаре монанд ба ин, муовини раиси ҷумҳур бо мувофиқати раҳбарӣ, ихтиёрот ва масъулиятҳои вайро бар ӯҳда мегирад".
Ҳамчунин бар асоси ҳамин қонун, шӯрое иборат аз раиси порлумон, раиси Додгоҳи олӣ ва муовини аввали раиси ҷумҳур вазифадор аст, ки заминаҳоро барои интихоби раиси ҷумҳур дар панҷоҳ рӯз фароҳам кунад.
Муҳаммад Мухбир, ҳамакнун муовини авали раиси ҷумҳури Эрон аст ва дар сурати мувофиқати Алии Хоманаӣ, масъулиятҳои Иброҳим Раисиро ба ӯҳда мегирад.
Гуфтугӯ