Мақомоти тоҷик бо ҳамсари дуюми марде, ки ба тарҳрезии ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ дар Тоҷикистон гумонбар мешавад ва дар зиндони Ироқ қарор дорад, телефонӣ сӯҳбат кардаанд.
Зубайда Ғиёсова, сокини маҳаллаи Бинокорони шаҳри Ваҳдат видеои сӯҳбати писараш аз Сурияро ба такрор тамошо карда, ашк мерезад. Баъд аз ним соли бехабарӣ аз сарнавишти фарзанд, ин модар фаҳмид ки писараш Абдулаҳад Назаров дар Сурияи ҷангзада зиндаву саломат аст.
Ба гуфти мансабдорони ироқӣ, рӯзи якшанбеи гузашта нерӯҳои демократиии Сурия, ки аз тарафи Амрико дастгирӣ мешаванд, 280 ошӯбгари боздоштшудаи гурӯҳи даҳшатфакани "Давлати исломӣ"-ро ба Ироқ таслим намуданд.
Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – эълон кард, ки гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ дар ҳоли фурӯпошист ва аз кишварҳои аврупоӣ хост, садҳо тан аз ҷангҷӯёни боздоштшударо “пас бигиранд”.
Тоҷикистон барои баргардонидани шаҳрвандонаш аз ҳудуди Сурия ба масъулони сафоратхонаи ин кишвар дар Кувайт супориши сафар ба ин кишвари ҷангзадро дод.
Баъди поксозии чанд деҳаи бузург дар Сурия аз ҳузури ҷангҷӯёни ДИИШ, даҳҳо зану кудаки тоҷикро ба урдӯгоҳҳои паноҳҷӯёни Созмони Милал интиқол додаанд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе Иқбол Келдиев, як тан аз пайвандони Гулназар Келдӣ, шоири шинохтаи тоҷикро ба 14 соли зиндон маҳкум кард.
Размандагони курд дар Сурия як ҷангҷӯи тоҷикро дастгир карданд, ки бовар меравад, аз ёрони Гулмурод Ҳалимов, яке аз хатарноктарин террористон дар ҷаҳон аст.
Бархе занони зиндонии тоҷик дар Ироқ ризоият надодаанд, ки фарзандони ноболиғашонро ба Тоҷикистон бифристанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар 9 моҳи имсол бештар аз 160 нафар аз аъзои гуруҳи ба ном Давлати исломӣ, созмони ифротии “Ансоруллоҳ” ва пайравони ҷараёнҳои дигари ифротиро ба кишвар баргардонидааст.
Мақомоти интизомӣ мегӯянд, як гуруҳи 12 нафариро дастгир кардаанд, ки ният доштанд, бо ҳидояти гуруҳи ба ном Давлати исломӣ пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистонро битарконанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, агар кормандони сохторҳои вазорати умури дохилӣ ва амният “фориғболӣ” намекарданд, мумкин буд, аз ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон пешгирӣ шавад.
Ёфтҳои бештар