Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Курдҳо ҷангҷӯёни асирро ба кишварҳояшон таслим мекунанд. ВИДЕО


Ба гуфти мансабдорони ироқӣ, рӯзи якшанбеи гузашта нерӯҳои демократиии Сурия, ки аз тарафи Амрико дастгирӣ мешаванд, 280 ошӯбгари боздоштшудаи гурӯҳи даҳшатфакани "Давлати исломӣ"-ро ба Ироқ таслим намуданд.

  • Низомиёни ироқӣ мегӯянд, аз байни ҳазорҳо силоҳбадасти ДОИШ, ки дар асорати нерӯҳои демократии Сурия мебошанд, беш аз 500 шаҳрванди Ироқ ҳастанд.
Нерӯҳои мо ҳазорҳо сокини мулкиро, ки ҳамчун сипари зинда истифода мешуданд, бомуваффақият ба ҷойҳои амн кӯчониданд. Аксари онҳо зану кӯдакон ҳастанд.

Дар изҳороти ҷониби ироқӣ таъкид шудааст, ки раванди интиқоли ироқиҳо то асири охирин идома меёбад. Дар соли 2014 силоҳбадастони ДОИШ бахши бузурги Ироқ ва Сурияро ба тасарруф дароварда, ба ном "хилофати исломӣ" бунёд карданд.

Ҳоло нерӯҳои муттафиқи Амрико ДОИШ-ро дар охирин минтақаи зери назораташ – деҳаи Боғузи Сурия – муҳосира кардаанд.

Тибқи тахминҳо дар деҳаи Боғуз то ҳафт ҳазор мулкӣ банд мондаанд. Охири ҳафтаи гузашта нерӯҳои зери раҳбарии курдҳои Сурия ҳазорҳо сокини осоиштаи ин минтақаро ба ҷойҳои амн интиқол доданд. Телевзииони NBC-и Амрико гузориш дод, ки дар миёни онҳо тоҷикон низ ҳастанд.

Курдҳои Сурия ҷангҷӯёни асирро ба ватанҳояшон таслим мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00

“Нерӯҳои мо ҳазорҳо сокини мулкиро, ки ҳамчун сипари зинда истифода мешуданд, бомуваффақият ба ҷойҳои амн кӯчониданд. Аксари онҳо зану кӯдакон ҳастанд. Дар он тараф мардонро ҷамъ кардаанд. Мо ҳуввияти онҳоро таҳқиқ мекунем, то дар байни онҳо террористон пинҳон набошанд. Агар дар миёни онҳо террористон муайян шуданд, ҳабс мекунанд”, - гуфт Мустафо Болӣ, намояндаи нерӯҳои демократии Сурия ба хабаргузории “Рейтерс”.

Нерӯҳои демократии Сурия дар давоми чанд ҳафтаи гузашта то 20 ҳазор нафарро аз минтақаи Боғуз берун баровардаанд.

Амалиёти низомӣ дар Боғуз ва ишғоли он аз тарафи курдҳои Сурия “хилофати” чаҳорсолаи гурӯҳи ҷиҳодии ДОИШ-ро хотима мебахшад.

XS
SM
MD
LG