Падари Сайвалӣ Шафиев, ҷавони 31-солаи тоҷик, ки раҳбари ҳалқаи ДИИШ дар Афғонистон номида мешавад, мегӯяд, чанд сол пеш саъй кард, писарашро ба Тоҷикистон баргардонад, вале натавонист.
Бино ба як гузорише, ки ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешниҳод кардаанд, як ҳалқаи ДИИШ дар Афғонистонро як ҷавони 31-сола аз Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад.
Пас аз чандин ҳушдори мақомоти Русия дар бораи афзоиши нуфузи ДИИШ дар Афғонистон, як намояндаи баландпояи Амрико низ дар ин бора изҳорот дод. Ин дар ҳолест, ки таъкиди русҳо ба қазия бештар таблиғоте барои таҳкими ҷойгоҳи худ дар Осиёи Марказӣ дониста мешавад.
Як ҷангҷӯи тоҷик аз пайвандонаш хостааст, ки фавран ба ӯ 6 ҳазор доллар фиристанд, то аз як макони хатарнок берун шавад.
Ба думболи бозгардонидани даҳҳо кӯдаки тоҷик аз Ироқ, мақомоти Ӯзбекистон рӯзи 30-уми май 156 шаҳрванди он кишварро аз Ховари Миёна ба Тошканд оварданд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе як ҷавони 28-соларо бо гуноҳи мағзшӯии ноболиғон ва ташвиқи онҳо барои "ҷиҳод" ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Муҳокимаи Суҳроб Ҳасанов, сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин), рӯзи 27-уми май дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Ёфтҳои бештар