Ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон бо иттиҳоми "омодагӣ ба анҷоми амали террористӣ" аз 12 то 18 сол зиндонӣ шуданд. Дар ин бора маркази матбуотии додгоҳи Алмаато рӯзи 13-уми сентябр хабар дод.
Шаҳрвандони Тоҷикистонро додгоҳ ба ташкилу узвият дар гурӯҳи тундрав, омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ, сохтани маводи тарканда ва нигаҳ доштани силоҳи оташфишон айбдор кардааст. Мавқеи ин ҳафт нафар ва вакили дифои онҳо ҳанӯз маълум нест. Маълум нест, ки онҳо дар додгоҳ ба иттиҳом эътироф кардаанд, ё на. Ҳамчунин тасдиқи дурустии иттиҳоми додгоҳ тавассути манобеи мустақил феълан имкон надорад.
Вале бар асоси хабари нашршуда, додгоҳ Қосимҷон Ғиёсовро раҳбари ин гурӯҳ эътироф карда, ӯро ба 18 соли зиндон маҳкум намуд.
Абдуҳалим Давлатов ва Неъматулло Неъматов, ду нафар, ки додгоҳ онҳоро нафарони калидӣ дар гурӯҳ хондааст, 14 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Парвиз Туйчиев, Султони Аминзода, Шарифалӣ Сафаров, Сафиаллоҳ Қосимов барои узвият ва ҳамкорӣ дар ин гуруҳ 12-солӣ ҳукми зиндон гирифтаанд.
Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки маҳкумшудаҳо пас аз анҷоми мӯҳлати аслии ҷазо дар зиндон аз Қазоқистон ба ватанашон ихроҷ мешаванд ва давоми панҷ сол ҳақи вуруд ба ин кишварро нахоҳанд дошт.
Ба гуфтаи мақомоти Қазоқистон, ин шаҳрвандони Тоҷикистон барои анҷоми амали террористӣ дар шаҳри Алмаато "таҳти таъсири ақидаҳои ифротӣ" омодагӣ мегирифтанд. Онҳоро барои анҷоми ин амал нафаре аз Афғонистон ташвиқ ва омода мекард.
Додгоҳ гуфтааст, ки онҳо аз моҳи декабри соли 2018 то 10-уми январи соли 2019 барои тарконидани роҳибхона ва бинои бонки "АТФ Банк" дар як хиёбони Алмаато омодагӣ медиданд.
Мақомот дар ҷараёни тафтиш аз манзили иҷораи онҳо бомби худсохт, тапонча бо тирдон ва силоҳи шикорӣ пайдо кардаанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон ҳанӯз ҳодисаро шарҳ надодааст. Маълум нест, ки то куҷо намояндаи сафорат дар мурофиаҳои додгоҳӣ иштирок кард ё на.
Дар Қазоқистон бар асоси ҳисобҳои расмӣ беш аз даҳ ҳазор муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунад. Ин кишвар, пас аз Русия, дуввумин кишвари муҳоҷирпазир барои шаҳрвандони Тоҷикистон дониста мешавад. Аз боздошт ва ҳукми шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм дар Русия зиёд гузориш нашр мешавад, вале ҳукми ҳафт тоҷик дар Алмаато хабари тоза аст.