Шаби 27 ба 28-уми июл, ки мардум дар Тоҷикистон “Гирифтани моҳро тамошо мекарданд, гурӯҳе дар кӯҳҳои Норак, дар партави моҳи хунин барномаи як ҳамлаи хунинро мекашид.
Нашри навори эълони байъат ё садоқати чаҳор ҷавон зери раҳбарии як ҷавони 34 сола, ба ДОИШ, ки қабл аз ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ сабт шудааст, ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод.
Вебсайти “Аъмоқ”, як минбари таблиғотии гурӯҳи ба ном Давлати Исломӣ навореро нашр кард, ки дар он панҷ нафаре, ки ба куштори сайёҳони хориҷӣ дар Данғара муттаҳам мешаванд, ба номи Абубакр ал Бағдодӣ раҳбари ДОИШ савганд ёд мекунанд.
Нерӯҳои махсуси Афғонистон бо ҳимояти сарбозони Амрико амалиёти ниҳоӣ барои маҳви ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном Давлати исломиро дар вилояти дурдасти Нангарҳор шурӯъ кардаанд.
Яке аз мутахассисони баландпояи Кумитаи дин ба рӯҳониён ва донандагони дини Ислом дар Тоҷикистон тавсия додааст, маълум кунанд, ки як ишораи динии роиҷ дар байни ҷавонон аз дидгоҳи дини ислом муҷоз ва ё раво аст.
Нахуствазири Ироқ Ҳайдар Ал-Ибодӣ рӯзи панҷшанбеи 28-уми июн дастури иҷрои фаврии ҳукми эъдоми маҳкумшудаҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДИИШ-ро, содир кардааст.
Мақомоти тоҷик аз бозгардонидани боз ду кӯдаки ноболиғи тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон, хабар доданд.
Равоншиносони Салиби Сурх корро бо чаҳор кӯдаки тоҷик, ки аз минтақаҳои ҷангзада ба Тоҷикистон оварданд, шурӯъ карданд. Ин созмон бо мусоидати равоншиносон талош дорад, барои мутобиқ шудани кӯдакон ба зиндагии нав ба онҳо кӯмак кунад.
Агарчӣ номи гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" то рафт аз луғатҳо зудуда мешавад ва ин гурӯҳ дигар дар сархати хабарҳо нест, вале дар хонаводаи Ҳамза Турабеков, сокини ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд каломи "лаънат" ба номи ДИИШ ҳар рӯз садо медиҳад.
Гумонбар дар ҳамлаи хунин бо мошини борбар дар моҳи апрели соли 2017 дар Шветсия, дар рӯзи аввали мурофиа дар додгоҳи Стокҳолм ба гуноҳи худ эътироф кард.
Русия аз тариқи пулиси байналмилалӣ "Интерпол" Абушаҳид Турсунов, шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро, ки дар тарҳрезии сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2015 муттаҳам мешуд, бо иттиҳоми таблиғи ақидаҳои ифротӣ, таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст.
Ёфтҳои бештар