Яке аз мутахассисони баландпояи Кумитаи дин ба рӯҳониён ва донандагони дини Ислом дар Тоҷикистон тавсия додааст, маълум кунанд, ки як ишораи динии роиҷ дар байни ҷавонон аз дидгоҳи дини ислом муҷоз ва ё раво аст.
Маъруф Шонасруддинов, мудири бахши таҳсилоти динии кумита дар як таҳқиқ доир ба роҳҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва монеъ шудан ба он навиштааст, бардоштани ангушти ишоратӣ ба сӯи осмон, ки хоси пайравони гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ аст, “ба ҷавонони тоҷики истифодабарандаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ таъсири амиқ гузошта, иҷрои он миёни ҷавонони тоҷики интернетӣ босуръат ривоҷ ёфта истодааст. “
Аз ин рӯ, ӯ пешниҳод кардааст, ки “Ишораи бардоштани ангушти ишоратӣ ба сӯи осмон, ки бештар хоси намояндагони ҳизбу равияҳои террористиву экстремистии ба ном исломӣ мебошаду гӯё ифодакунандаи «тавҳид» ва иҷрокунандаи он «муваҳҳид» номида мешавад, аз ҷониби Маркази исломӣ ва Шӯрои уламоиТоҷикистон мавриди таҳқиқу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, дар бораи муҷоз будану набудани он аз дидгоҳи дини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ қарори лозима бароварда шавад.”
Дар бораи муҷоз будану набудани он аз дидгоҳи дини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ қарори лозима бароварда шавад.
Дар воқеъ солҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонед, аксҳои зиёде аз ҷавонони тоҷикро бубинед, ки ангушти ишораашон ба сӯи болост ва бо виқор нигоҳ доранд.
Мутахассиси Кумитаи дин дар ин таҳқиқот бо номи “Истифодаи Интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ» шеваҳои фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ва гумоштагони онҳо барои ҷалби аъзои навро таҳқиқ карда ва аз он ёдовар шудааст, ки садҳо ҷавонони тоҷик маҳз дар Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми гурӯҳҳои ифротгаро афтода ба Суриву Ироқ рафта кушта шудаанд.
Маъруф Шонасруддинов менависад, “Аксаран, террористону ифротгароёни аз номи ислом баромадкунанда ба торҳои эҳсосоти динии мусулмонон чанг зада, ҷумлаҳое, монанди «агар мусулмон ҳастӣ», «агар аз Худо тарсӣ», «агар ҷаннатро хоҳӣ», «агар оташи дӯзахро нахоҳӣ», «агар дилат ба ислом сӯзад», «агар пайғамбарро дӯст дорӣ» ва ғайра, «LIKE» («КЛАСС») мон, то дигарон бинанд» ва ғайраро истифода мекунанд, ки ин равиш ба кас миёни куфру имон ва ҷаннату дӯзах ва дӯст доштану надоштани ислом интихоб мегузорад.”
Ба навиштаи ӯ, барои пайравони гурӯҳҳои ифротӣ “Класс”, яъне писандидам аст, ки дар назар содда менамояд, дар тарғиби идеяҳои ифротӣ ва ё варақаҳои гурӯҳҳои ифротиву террористӣ нақши муҳим мебозад.
Маъруф Шонасруддинов намунае аз шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” овардааст, ки як нафар аксе бо мӯҳтавои тарғиби ташкили “Хилофати исломӣ” -ро нашр кардааст ва зери он 2214 нафар “класс” ва ё “лайк” гузоштаанд.
Ба ҳисоби мутахассиси Кумитаи дин, агар ҳар нафаре, ки ин аксро писандидааст, дар Одноклассники 1000 «дӯст»-и интернетӣ дошта бошад, пас акси мазкур манзури бештар аз 2 миллион корбари ин шабакаи иҷтимоии маҳбуб дар байни ҷавонони тоҷик мешавад.
Таҳқиқи комили Маъруф Шонасруддинов дар вебсайти расмии Кумитаи дини Тоҷикистон нашр шудааст. Аз ин пештар ду ҷавони тоҷик барои лайк гузоштан зери аксҳои гурӯҳҳои ифротӣ ба зиндон маҳкум шуданд. Яке аз онҳо Фирӯз Абдулазизов, сокини ноҳияи Вахшро барои “класс” гузоштан зери аксу наворҳои тарғиботии гурӯҳҳои ифротӣ ба 6 соли зиндон маҳкум карданд.
Дар моҳи апрели имсол ҷавони дигаре аз ҳамин ноҳия барои лайк кардани суханронии Муҳиддин Кабирӣ – раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба 9.5 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳарду барои “даъвати оммавӣ барои фаъолияти экстремистӣ” ҷазо гирифтанд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, аз миёни бештар аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба Сурияву Ироқ рафта ва ба сафи гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ва аз ҷумла гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” пайвастаанд, 90 дар сади онҳо аз тариқи Интернет ба ин гурӯҳҳо ҷалб шудаанд. Ба гуфтаи Додситонии кулли Тоҷикистон, “баҳри пешгирӣ аз истифодаи Интернет ба мақсадҳои террористию экстремистӣ дар Тоҷикистон дастрасӣ ба 2030 вебсайт, 9400 саҳифаи хусусӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва 4200 наворҳои дорои мӯҳтавони ифротгароӣ баста шудааст.
Моҳи июни ҳамин сол порлумони Тоҷикистон ҳам тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҷиноиро тасвиб кард, ки дар он ҷазо аз ҷумла барои “классу лайк” гузоштан зери матолиби дорои мӯҳтавои ифротгароӣ сахттар шуд. Дар кодекси нав омадааст, ки писандидани чунин матолиб ба маънии тарафдорӣ аз фаъолиятҳои террористӣ тарғибу ташвиқи оммавии он аст.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мумкин аст, мақомоти интизомӣ метавонанд, аз ин қонун сӯистифода намоянд ва барои ҳамин мушаххас тафсир кунанд, ки кадоме аз ин амалҳо ҷиноят аст, то ҷавонон аз он парҳез намоянд.
Маъруф Шонасруддинов, мутахассиси Кумитаи дин низ тавсия додааст, ки мақомоти масъул ва аз ҷумла рӯҳониён ҳарчӣ бештар дар миёни ҷавонони аз 30 поён, ки корбарони фаъоли Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд, корҳои тарғиботиро бештар кунанд.
Давлати Тоҷикистон солҳои ахир аз бими густариши ифротгароӣ тадобири зиёди амниятиро амалӣ кард. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар бисёр маворид мақомот бо баҳонаи пешгирӣ аз ифротгароӣ ҳуқуқи динии мардумро маҳдуд мекунанд, ки паёмадҳои баръакс дошта метавонад.