Нахуствазири Ироқ Ҳайдар Ал-Ибодӣ рӯзи панҷшанбеи 28-уми июн дастури иҷрои фаврии ҳукми эъдоми маҳкумшудаҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДИИШ-ро, содир кардааст.
Мақомоти тоҷик аз бозгардонидани боз ду кӯдаки ноболиғи тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон, хабар доданд.
Равоншиносони Салиби Сурх корро бо чаҳор кӯдаки тоҷик, ки аз минтақаҳои ҷангзада ба Тоҷикистон оварданд, шурӯъ карданд. Ин созмон бо мусоидати равоншиносон талош дорад, барои мутобиқ шудани кӯдакон ба зиндагии нав ба онҳо кӯмак кунад.
Агарчӣ номи гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" то рафт аз луғатҳо зудуда мешавад ва ин гурӯҳ дигар дар сархати хабарҳо нест, вале дар хонаводаи Ҳамза Турабеков, сокини ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд каломи "лаънат" ба номи ДИИШ ҳар рӯз садо медиҳад.
Гумонбар дар ҳамлаи хунин бо мошини борбар дар моҳи апрели соли 2017 дар Шветсия, дар рӯзи аввали мурофиа дар додгоҳи Стокҳолм ба гуноҳи худ эътироф кард.
Русия аз тариқи пулиси байналмилалӣ "Интерпол" Абушаҳид Турсунов, шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро, ки дар тарҳрезии сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2015 муттаҳам мешуд, бо иттиҳоми таблиғи ақидаҳои ифротӣ, таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст.
Садҳо нафар аз 46 кишвари дунё дар шаҳри Душанбе ҷамъ омадаанд, то роҳҳои пешгирӣ аз ифротгароӣ ва терроризмро баррасӣ кунанд, ки таҳдиди ҳарду зуҳурот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон зиёдтар шудааст.
Бино ба гузоришҳо додгоҳе дар Ироқ чаҳор зан аз Тоҷикистонро бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ ба зиндони якумрӣ маҳкум кард.
Раҷабмо Ҳабибулло, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон, ба дидори Марям Шоева, навраси 10-солаи тоҷик рафтааст, ки ӯро охири ҳамин ҳафта аз Ироқ баргардонанд.
Рӯзи 13-уми феврал як созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия хабар дод, ки дар вилояти Идлиби ин кишвар камаш 400 силоҳбадасти гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" худро ба мухолифини ҳукумати Башор Асад таслим намуданд.
Ёфтҳои бештар