Русия аз тариқи пулиси байналмилалӣ "Интерпол" Абушаҳид Турсунов, шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро, ки дар тарҳрезии сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2015 муттаҳам мешуд, бо иттиҳоми таблиғи ақидаҳои ифротӣ, таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст.
Садҳо нафар аз 46 кишвари дунё дар шаҳри Душанбе ҷамъ омадаанд, то роҳҳои пешгирӣ аз ифротгароӣ ва терроризмро баррасӣ кунанд, ки таҳдиди ҳарду зуҳурот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон зиёдтар шудааст.
Бино ба гузоришҳо додгоҳе дар Ироқ чаҳор зан аз Тоҷикистонро бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ ба зиндони якумрӣ маҳкум кард.
Раҷабмо Ҳабибулло, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон, ба дидори Марям Шоева, навраси 10-солаи тоҷик рафтааст, ки ӯро охири ҳамин ҳафта аз Ироқ баргардонанд.
Рӯзи 13-уми феврал як созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия хабар дод, ки дар вилояти Идлиби ин кишвар камаш 400 силоҳбадасти гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" худро ба мухолифини ҳукумати Башор Асад таслим намуданд.
Гумонбар дар ҳамлаи хунин бо мошини борбар дар моҳи апрели соли 2017 дар Шветсия, дар рӯзи аввали мурофиа дар додгоҳи Стокҳолм ба гуноҳи худ эътироф кард.
Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, бо вуҷуди шикасти гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ, Сурия ва Ҷануби Филиппин, ин гурӯҳ ҳамчунон "таҳдиде муҳим дар ҳоли таҳаввул" барои ҷаҳон аст.
Як пажӯҳише дар Тоҷикистон нишон додааст, ки аз миёни садҳо зани тоҷик, ки ба Сурияву Ироқ рафтаанд, аксарияташон бо ҳидояти шавҳаронашон ба ифротгароӣ рӯ оварда ва ба сафи гурӯҳи Давлати исломӣ пайвастаанд.
Волидайни як сокини 18-солаи шаҳри Кӯлоб аз мақомот хостаанд, фарзандашонро аз сафи ҷангиёни ДИИШ дар Нангарҳори Афғонистон ба ватан баргардонанд.
Ҷасади бесоҳиби нимапӯсида дар як кӯчаи шаҳри Мавсили Ироқро рӯзи 11-уми январ хабарнигори "Франс Пресс" дид. Шояд ҷасади кадом як ҷангҷӯи тоҷике бошад, ки дар сафи гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" меҷангид.
Хабаргузории давлатии “Ховар” бо нашри як мақолае дар бораи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ раҳбарони ин ҳизбро ба он муттаҳам кардааст, ки ҷавонони тоҷикро ба ҷангҳои Сурия фиристода ва сабаби рехтани хуни онҳо шудаанд.
Ёфтҳои бештар