Як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон дар Олмон бо иттиҳоми узвият дар созмони тундрави “Давлати исломӣ” (ДИИШ) ва ширкат дар ҷангҳои Сурия дастгир шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон аз кам шудани ҷалби шаҳрвандони кишвар ба сафи гурӯҳи Давлати исломӣ хабар медиҳанд, аммо коршиносон мегӯянд, ин созмон стратегияи ҷалби аъзояшро дигар кардааст.
Гурӯҳи тундрави "Ҷамоати Ансоруллоҳ" Рамзуллохон Додохонов, маҳбусеро, ки баъди фирор аз зиндони Хуҷанд дар як амалиёти нерӯҳои интизомӣ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кушта шуд, "сарбоз"-и худ хондааст.
Амриддин Ватанов писарашро, ки ба гуфтаи худаш "мағзшӯӣ" шуд ва азм дошт, ки ба Сурия рафта ва ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ бипайвандад, баъди ду моҳи ҷустӯҷу дар Туркия пайдо кард ва ба Тоҷикистон баргардонд.
Ҷангиёни "Давлати исломӣ" аз эҳтимоли кушта шудани Абудовуд ё Парвиз Саидраҳмонов, як ҷангии тоҷики ин созмон хабар пахш кардаанд.
Бино ба иттилои расмӣ, то ин дам дар майдонҳои ҷанги Ироқу Сурия 300 шаҳрванди Тоҷикистон ва аз ҷумла 36 донишҷӯ кушта шудаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як соли охир тақрибан аз талоши 50 амали террористӣ ҷилавгирӣ кардааст, ки ба гуфтаи мақомот аксари онро аъзои "Давлати исломӣ" тарҳрезӣ намудаанд.
Додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Абдулло Абдураҳмонов - тарроҳи ҳамлаи интиҳорӣ дар ноҳияи Шаҳритус ва се шарики ӯро ба зиндони низомаш сангин маҳкум кардааст.
Мақомоти интизомии Русия Фирӯз Шукуров ва Орзу Ризоевро барои ҷалби сокинон ба сафи гуруҳи "Давлати исломӣ" муттаҳам медонанд. Аз ин афрод адабиёт ва рамзҳои мазҳабӣ дарёфт шудааст.
Додгоҳ Даврон Қурбонови 21-сола, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро барои боло кардани парчами гуруҳи "Давлати исломӣ" муҷрим шинохта, ба шаш соли зиндон маҳкум кард. Шарики ӯ чор сол зиндонӣ шуд.
Нӯҳ узви як хонавода аз ноҳияи Восеъ ду моҳи пеш аз Тоҷикистон ба Сурия рафтаанд ва мақомот нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Додгоҳи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, ду сокини Душанбе қасд доштаанд, моҳи сентябри соли 2015 дар ҷараёни сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Ваҳдат ба ҷони ӯ сӯиқасд кунанд.
Ёфтҳои бештар