Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони номи ду "эмиссар"-и тоҷики ДИИШ дар Петербург


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти интизомии Русия Фирӯз Шукуров ва Орзу Ризоевро барои ҷалби сокинон ба сафи гуруҳи "Давлати исломӣ" муттаҳам медонанд. Аз ин афрод адабиёт ва рамзҳои мазҳабӣ дарёфт шудааст.

Мақомоти интизомии Санкт-Петербурги Русия номи ду шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистонро эълон кардаанд, ки ба ҷалби сокинон ба сафи "Давлати исломӣ" (ДИИШ) муттаҳам мешаванд. Аз ин ду нафар Фирӯз Шукуров ва Орзу Ризоев ном бурда мешавад.

Орзу Ризоев қаблан бо як духтари рус издивоҷ карда, шаҳрвандии Русияро низ доштааст. "Аммо Фирӯз Шукуров қаблан аз қаламрави Русия ихроҷ шуда, маълум нест, аз чӣ тариқ дубора ворид гардидааст," – гуфтаанд дар ниҳодҳои интизомии Санкт-Петербург ба расонаҳо.

Кумитаи тафтишоти шаҳри Санкт-Петербурги Русия ду рӯзи пеш хабар дод, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ин шаҳр бо иттиҳоми ҷалби афрод ба сафи созмони мамнӯи “Давлати исломӣ” дастгир шудаанд. Гуфта мешавад, рӯзи ҷумъа дар ҷараёни кофтукоб аз ин ду нафар адабиёту рамзҳои мазҳабӣ ёфт шудааст.

Дар қиболи ин ба истилоҳ “эмиссар”-ҳои тоҷики гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”, ки фаъолияташ дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Русияву Тоҷикистон манъ шудааст, бар асоси қисми аввали моддаи 205.1-и Кодекси ҷиноии Русия (мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ) таҳқиқот идома дорад ва масъалаи ба ҳабс гирифтани ҳарду боздоштшуда дар дасти баррасӣ қарор доштааст. Қисми аввали моддаи 205-уми Кодекси ҷиноии Русия барои кумак ба аъмоли террористӣ ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон ва ҷарима ба маблағи то 500 000 рубл, муодили беш аз 7 000 долларро пешбинӣ мекунад.

Дар охирҳои моҳи апрели соли ҷорӣ як зодаи Тоҷикистон низ ба ҷалби афрод ба сафи созмони тундрави “Давлати исломӣ” дар Маскав боздошт гардида буд. Аз он пештар мақомоти Тоҷикистон аввал аз таҳти ҷустуҷӯ қарор додани Анӯшервон Азимов, сокини 26-солаи деҳаи Тутқавули шаҳри Норак хабар дода, баъдан гуфтанд, ки ӯ дар Сурия кушта шудааст. Анӯшервон Азимов, ки бо лақаби “Анас” маъруф буд, бино ба маълумоти дарёфтӣ, ба ҷалби беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷангҳои Сурияву Ироқ муттаҳам мешуд.

“Анас”, ба гуфтаи манобеи Озодӣ, аз хатарноктарин мубаллиғони “Давлати исломӣ” буда, дар Русия таксиронӣ мекард ва ҳамзамон барои ин созмони тундрав асосан аз байни муҳоҷирони тоҷик “аскар” меҷуст.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қисматҳое аз қаламравҳои Сурия ва Ироқро ишғол ва дар сарзаминҳои таҳти тасарруфаш эълони ба ном “хилофат” кардааст. Ҷангҷӯёни ин созмон бо бархӯрди бераҳмонаи худ нисбат ба асирон ва дигарандешон, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани асирон ном баровардаанд.

“Давлати исломӣ” масъулияти як силсила ҳамлаҳои террористӣ дар гӯшаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла масъулияти ҳамлаҳои моҳи ноябри Порисро, ки 130 кушта ба ҷо гузошт, ва ҳамлаҳои рӯзи 22 март дар фурудгоҳ ва метрои Брюсселро, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 30 нафар шуд, бар дӯш гирифтааст. Кишварҳои Ғарб ва ҷаҳони Араб ба раҳбарии Амрико эътилоферо ташкил додаанд, ки аз моҳи августи соли 2014 ба ин сӯ мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия бомбборон мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз афзоиши шумори шаҳрвандони тоҷик дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” изҳори нигаронӣ мекунанд. Тибқи иттилои расмӣ, беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳо ба Сурия ва Ироқ рафтаанд. Аксари ин шаҳрвандон аз Русия бо даъват ва маблағгузории эмиссарҳо то хоки Сурия ва Ироқ расидаанд.

XS
SM
MD
LG