Мақомоти амниятии Русия аз боздошти 7 нафар дар шаҳри Екатеринбург бо иттиҳоми узвият дар созмони тундрави “Давлати исломӣ” ва омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ хабар доданд.
Мақомоти зиндони Парвони Афғонистон хабарҳои нашршуда дар бораи гуруснанишинии ду маҳбус аз Тоҷикистон ва яке дигар аз Узбакистонро рад мекунанд.
Парвандаи 13 сокини Норак, ки барои овехтани парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар даромадгоҳи ин шаҳр муттаҳам мешаванд, барои баррасӣ ба Додгоҳи вилояти Хатлон фиристода шудааст.
Барои нахустин бор дар Тоҷикистон як шаҳрванди Русия бо ҷурми зархаридӣ ва талоши пайвастан ба сафи ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" маҳкум ба зиндон шуд.
Додгоҳи олии Русия рӯзи 26 январ 7 соли ҳукми зиндони як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба ҷалби духтарони рус ба ҷанги Сурия айбдор мешуд, ба қувваи худ боқӣ гузошт.
Хабари кушта шудани раҳбари "Ҷамоати Ансоруллоҳ", ба ақидаи нозирони умур, эҳтимоли аз байн рафтани ин гурӯҳи мамнӯъро бештар мекунад.
Мақомоти Тоҷикистон расман тасдиқ карданд, ки раҳбари созмони ҷангҷӯи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” Амриддин Табаров, маъруф ба “Домулло Амриддин” кушта шудааст.
Сухангӯи собиқ Ҳаракати исломии Узбакистон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи кушта шудани дастикам 120 ҷангҷӯи ин гурӯҳи тундрав хабар додааст.
Ийолоти Муттаҳидаи Амрико расман “вилояти Хуросон”, яке аз бахшҳои созмони тундрави “Давлати исломӣ”-ро гурӯҳи террористӣ эълон кардааст.
Мақомоти ноҳияи Спитамен миёни сокинон пурсиши афкор доир мекунанд, то ба мушкилоти мардум расидагӣ ва аз шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои тундрав ва рафтан ба ҷанги Сурия ҷилавгирӣ кунанд.
Як зан аз Ваҳдат, ки духтарашро аз сафар ба Сурия баргардонд, мегӯяд, ҳоло хонаводаи онҳо таҳти таҳдид қарор гирифтааст.
Як сокини 25-солаи шаҳри Душанбе бо ҷурми фурӯши наворҳои гурӯҳҳои мамнӯи "Давлати исломӣ" ва "Гурӯҳи 24" барои 10 сол равонаи зиндон шуд.
Ёфтҳои бештар