Як сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон барои ҷалби одамон ба саффи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ёздаҳуним сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Саид Ҷамолиддин ва Абдуфаттоҳ, фарзандони Домулло Амриддин гуфтаанд, дар сурати озод шудан аз зиндони Багроми Афғонистон ба Тоҷикистон барнамегардананд.
Додгоҳи ноҳияи Железнодорски шаҳри Екатеринбург ҳукми ҳабси 7 тани боздоштшуда бо иттиҳоми узвият дар “Давлати исломӣ” ва таҳияи ҳамлаҳои террористиро содир кардааст.
Мақомоти амниятии Русия аз боздошти 7 нафар дар шаҳри Екатеринбург бо иттиҳоми узвият дар созмони тундрави “Давлати исломӣ” ва омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ хабар доданд.
Мақомоти зиндони Парвони Афғонистон хабарҳои нашршуда дар бораи гуруснанишинии ду маҳбус аз Тоҷикистон ва яке дигар аз Узбакистонро рад мекунанд.
Парвандаи 13 сокини Норак, ки барои овехтани парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар даромадгоҳи ин шаҳр муттаҳам мешаванд, барои баррасӣ ба Додгоҳи вилояти Хатлон фиристода шудааст.
Барои нахустин бор дар Тоҷикистон як шаҳрванди Русия бо ҷурми зархаридӣ ва талоши пайвастан ба сафи ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" маҳкум ба зиндон шуд.
Додгоҳи олии Русия рӯзи 26 январ 7 соли ҳукми зиндони як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба ҷалби духтарони рус ба ҷанги Сурия айбдор мешуд, ба қувваи худ боқӣ гузошт.
Хабари кушта шудани раҳбари "Ҷамоати Ансоруллоҳ", ба ақидаи нозирони умур, эҳтимоли аз байн рафтани ин гурӯҳи мамнӯъро бештар мекунад.
Мақомоти Тоҷикистон расман тасдиқ карданд, ки раҳбари созмони ҷангҷӯи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” Амриддин Табаров, маъруф ба “Домулло Амриддин” кушта шудааст.
Сухангӯи собиқ Ҳаракати исломии Узбакистон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи кушта шудани дастикам 120 ҷангҷӯи ин гурӯҳи тундрав хабар додааст.
Ийолоти Муттаҳидаи Амрико расман “вилояти Хуросон”, яке аз бахшҳои созмони тундрави “Давлати исломӣ”-ро гурӯҳи террористӣ эълон кардааст.
Ёфтҳои бештар