Мақомоти амниятии Қирғизистон мегӯянд, нақши тарафдорони созмони тундрави “Давлати исломӣ” дар ҳамла ба исломшиноси шинохта Қодир Маликов ошкор шудааст.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як сокини шаҳри Душанберо, ки ҳудуди чор моҳи пеш аз Миср ба Тоҷикистон истирдод шуда буд, барои пайравӣ аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” 12 сол равонаи зиндон кард.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки ба зудӣ феҳристи ҷангиёни тоҷик дар Сурияро дар ихтиёри мақомоти интизомии Русия мегузоранд.
Владимир Путин суқути ҳавопаймои ҷангии СУ-24-ро "ханҷаре аз пушт" аз сӯи Туркия номид ва ҳушдор дод, ки он барои робитаҳои дуҷониба паёмадҳои ҷиддӣ хоҳад дошт.
Хабарҳои расида аз вилояти Зобули Афғонистон аз торумори боқимондаҳои Ҳаракати исломии Узбакистон ва ҳатто дар бораи аз байни рафтани ин гурӯҳи ҷангҷӯ аломат медиҳанд.
Раҳбари яке аз марказҳои мӯътабари Исломи суннӣ гуфт, созмонҳои террористӣ аз номи дин ба ҳайси сипар сӯиистифода мекунанд, вале дар асл рабте ба “Исломи асил” надоранд.
Додгоҳ як сокини ноҳияи Ёвонро барои иштирок дар гирдиҳамоиҳои эътирозии алайҳи ҳукумати Сурия ва даъват барои сарнагунии режими Башор Асад муҷрим шинохт.
Бино ба иттилои манобеи мустақил, теъдоди онҳое, ки ҳафтаҳои охир ба гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар шаҳру вилояти Тошканд боздошт шудаанд, аз марзи 160 нафар гузаштааст.
Мақомоти амниятии Қирғизистон шахсияти як ҷангиеро, ки дар як навори таблиғотии созмони тундрави “Давлати исломӣ” суханронӣ мекард, муқаррар кардаанд.
Раёсати амнияти миллии Афғонистон як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки қасд дошт ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" бипайвандад, боздошт кардааст.
Ин дафъа раиси дастгоҳи иҷроияи ҳукумати Русия эълон кард, ки ҷангиёну ҷонибдорони "Давлати исломӣ" ба марзи Тоҷикистон наздик шудаанд ва ин вазъ Кремлро ором гузошта наметавонад.
Дар вилояти Адана дар ҷануби Туркия 38 хориҷӣ, бо шумули ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони қасди пайвастан ба созмони тундрави “Давлати исломӣ дастгир кардаанд.
Ёфтҳои бештар