Мақомоти амниятии Қирғизистон шахсияти як ҷангиеро, ки дар як навори таблиғотии созмони тундрави “Давлати исломӣ” суханронӣ мекард, муқаррар кардаанд.
Раёсати амнияти миллии Афғонистон як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки қасд дошт ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" бипайвандад, боздошт кардааст.
Ин дафъа раиси дастгоҳи иҷроияи ҳукумати Русия эълон кард, ки ҷангиёну ҷонибдорони "Давлати исломӣ" ба марзи Тоҷикистон наздик шудаанд ва ин вазъ Кремлро ором гузошта наметавонад.
Дар вилояти Адана дар ҷануби Туркия 38 хориҷӣ, бо шумули ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони қасди пайвастан ба созмони тундрави “Давлати исломӣ дастгир кардаанд.
Пулиси Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми узвият дар ҷунбиши тундрави Толибон боздошт кардааст ва ҳоло масъалаи истирдоди ӯ ба Душанбе дар дасти баррасӣ қарор дорад.
Тоҷикистон барои боздошт ва истирдоди 15 шаҳрванди кишвар, ки ба сафи гурӯҳҳои тундрав ва ё террористӣ шомил шудаанд, аз кишварҳои узви "Интерпол" кӯмак пурсид.
Як манбаъ аз ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, ки дар майдонҳои ҷанг дар Сурияву Ироқ камтар аз 200 шаҳрванди кишвар боқӣ монда, иддае аз онҳо низ дар фикри бозгаштанд.
Як хонаводаи қазоқ аз рустои дурафтодаи Қазоқистон бо зан ва шаш фарзандаш ба Сурия рафтааст. Онҳо шабона ба роҳ баромадаанд ва ба хешовандони худ гуфтаанд, ки “ба Бишкек мераванд, то барои кӯдаконашон либос бихаранд”.
Ду зодаи Тоҷикистон дар вилояти Маскав бо иттиҳоми ғоратгарӣ ва ҷалби афрод ба сафи созмони тундрави "Давлати исломӣ" дастгир шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон хабари дар Миср бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо “Давлати исломӣ” боздошт шудани “полковники собиқи артиш аз Тоҷикистон”-ро рад карданд.
Дар Тоҷикистон маркази илмии мубориза бо ифротгароӣ (экстремизм) ва терроризм ба кор сар кард, ки ҳадафаш на бо силоҳу зӯрӣ, балки аз роҳи фаҳмондадиҳӣ муқобила бо гуруҳҳои ифротӣ будааст.
Вазорати корҳои дохилии Русия мегӯяд, дар пайи амалиёти махсус як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистонро ба гумони раҳбарии бахши созмони ифротгарои "Ҳизб-ут-Таҳрир" дар Маскав боздошт намудааст.
Ёфтҳои бештар