Ширкати «Почтаи тоҷик» қабул ва ирсоли мактубу бастаҳоро ба самти Украина ба далели вазъи он кишвар муваққатан қатъ кардааст.
Талоше барои чеҳрабардорӣ аз Петро Порошенко, "шоҳи шоколад"-е, ки зоҳиран алакай дар даври якуми интихобот раисиҷумҳури Украина интихоб мешавад.
Мақомоти интихоботии Украина мегӯянд, сарнавишти интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ дар даври якум ҳал мешавад ва зарурате барои даври дуюм боқӣ намемонад.
Бино ба хабарҳо, мардум дар интихоботи раёсатҷумҳурии Украина фаъолона раъй медиҳанд. Дар бархе қитъаҳо ҳатто мардум барои раъйдиҳӣ навбат меистанд.
Интихоботи президентии Украина сангҳои зериобие ҳам дорад, ки шояд барои бисёриҳо маълум нестанд. Вале ин сангҳои зериобӣ метавонанд дар таносуби нирӯҳо дар ин маърак анақши муҳим дошта бошанд.
25 май дар Украина интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Ин интихобот ба ҳукумати кунунии Украина ҷанбаи қонунӣ медиҳад ва заминаҳои суботи вазъро фароҳам меорад.
Бо таъкид ба ваҳшонияти нав дар Украина телевизиони давлатии Русия навори кӯҳнаи амалиёт дар қаламрави худро намоиш дод.
Як назархоҳӣ дар Украина нишон медиҳад, ки дар байни номзадҳо ба интихоботи президентии ин кишвар молики ширкати шоколадҳои "Рошен" Петро Порошенко пешсаф аст.
Дар шаҳри Донетск, ки аз авоили моҳи апрел дар дасти ҷудоиталабони тарафдори Русия ғарор дорад, бори аввал раҳпаймоии зидди ҷудоихоҳон барпо шуд?
Тоторҳои Қрим ба далели манъи мақомоти дастнишондаи Русия натавонистанд маросимҳои марбут солгарди 70-уми бадарға шуданашон аз ин сарзаминро ба гунае ки мехостанд, барпо кунанд.
Дар ҳоле, ки нерӯҳои амниятии Украина талош доранд минтақаҳои ишғолшуда аз сӯи ҷудоихоҳони тарафдори Русияро дубора тасарруф кунанд, ҷудоиталабон низ бар зидди онҳо аз шиканҷа ба ҳайси абзор, истифода мекунанд.
Раъйпурсиҳои анҷомдодаи ҷудоиталабон дар ду вилояти шарқи Украина то имрӯз суолҳои бештаре халқ кардааст, то посух ба суолҳои мавҷударо.
Ёфтҳои бештар