Мақомоти худхондаи "Ҷумҳурии мардумии Донетск" аз Русия хостаанд, то "ба хотири барқарор кардани адолати таърихӣ" ин вилоятро ба қаламрави Русия ҳамроҳ кунад.
Русия натиҷаҳои назархоҳии вилоятҳои Донетск ва Луҳански Украинаро ба расмият шинохт ва Ғарб Маскавро ба нақзи созишҳои Женева айбдор дониста, бастаи нави таҳримҳои зидди Русияро омода мекунад
Олександр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Украина рӯзи шанбе аз мардуми минтақаҳои шарқии он кишвар хост, ки ҳамапурсии гурӯҳҳои ҷудоиталаб дар Донетск ва Луҳанскро радд кунанд.
Қарор аст фардо, 11-уми май дар шарқи Украина ҷудоихоҳони ин кишвар дар бораи сарнавишти баъдии ин минтақаҳо раъйпурсӣ баргузор кунанд.
Servicemen and veterans marched in a Victory Day parade that included armored vehicles and antiaircraft missiles in the Crimean port of Sevastopol, home of Russia's Black Sea Fleet. (Reuters)
Нирӯҳои давлатии Украина бори дувум бинои ҳукумати шаҳри бандарии Мариупол дар вилояти Донетскро аз ҷудоиталабони тарафдори Русия озод карданд.
Бархе аз тоҷикон бо баҳам хӯрдани субот дар ҷануб ва шарқи Украина, ба Тоҷикистон бармегарданд, вале бархеи дигар мегӯянд, дар дуроҳа мондаанд.
Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, мақомоти Украина бояд ба хзотири оддӣ сохтани вазъ нирӯҳои артишро аз вилоятҳои шарқи ин кишвар берун бикашанд.
Тоторҳои Қрим аз гӯшаҳои гуногуни нимҷазира ба марзи Русия ва Украина омаданд, то аз вуруди раҳбарашон Мустафо Ҷамилев ба Қрим пуштибонӣ кунанд.
Даҳҳо нафар дар пайи даргириҳо ва оташсӯзӣ дар биное дар бандари Одесса кушта шуданд. Ин даргириҳо рӯзи ҷумъа миёни ҷудоиталабони тарафдори Русия ва ҳаводорони якпорчагии Украина рух додааст.
Бино ба хабарҳо, рӯзи 29 апрел тарафдорони Русия дар шаҳри Луҳанск дар шарқи Украина биноҳои ҳукумат, додситонӣ, пулис ва радиову телевизиони ин вилоятро тасарруф карданд.
Генерали мустаъфӣ ва вакили порлумони Ҳолланд Франк ван Каппен мегӯяд, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар Украина ҷанги ҳибрид, ё ба истилоҳи дигар як «ҷанги дурага»-ро пеш бурда истодааст.
Ёфтҳои бештар