Ирсоли аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ ва ҳаракати мошинҳое, ки бовар меравад, ба гуруҳи зархаридони Вагнер тааллуқ дорад, ҳамчунон ба маҳаллаи Тсел дар шарқи Белорус идома дорад.
Боғи ҷонварони шаҳри Познан якҷо бо Маркази наҷоти ҷонварони ваҳшии Украина аз оғози ҷанг беш аз 200 ҳайвонро наҷот додаанд.
Як генерали рус мегӯяд, пас аз он, ки вазъияти душвори ҷабҳаи Украинаро барои раҳбарони артиши Русия бозгӯ кард, ӯро аз мақоми фармондеҳӣ барканор кардаанд.
Матлабе аз Роберт Коалсон, хабарнигори аршади Радиои Аврупо Озод/Радиои Озодӣ, ки руйдодҳои Русия, Балкан ва Аврупои шарқиро пайгирӣ мекунад.
Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 17-уми июн ҳангоми мулоқоташ бо раҳбарони кишварҳои ғарбӣ санадеро бо номи "Созишнома дар бораи Украинаи бетараф" нишон дод.
Кормандони нерӯгоҳи вайроншудаи Чернобил дар Украина мегӯянд, ки сарбозони рус, ки инҷоро ишғол карда буданд, аломатҳое аз заҳролудшавӣ аз таъсири радиатсия ё ташшашуъ доштаанд.
Шаби 9 ба 10-уми июн ҳарчанд шиддати обхезӣ дар баъзе қисматҳои ҷанубии Украина поин омад, вале дар чанд ҷои дигар боло рафт.
Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, бар пояи гузоришҳои дастрасшуда, Эрон метавонист ба Тоҷикистону Русия фанновариҳои истеҳсоли паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишинро фароҳам кунад.
Хадамоти Ҷосусии Украина мегӯяд, муколамаи телефонии байни низомиёни русро ба даст овардааст, ки “собит” мекунад, Русия дар вайрон кардани садди обанбори Каховка даст дорад. Айни замон гузориш мерасад, ки ҷангҳои сахте дар ҷануб ва шарқи Украина идома дорад.
Раисиҷумҳури Украина, Владимир Зеленский гуфт, Украина ба оғози амалиёти ҷавобӣ барои озод кардани қаламравҳои ишғолшуда аз сӯйи Русия омодааст. Ӯ нагуфт, ки амалиёти ҷавобӣ кай шурӯъ мешавад, аммо таъкид кард, ки ин кор сахт хоҳад буд.
Чанд мансабдори украинӣ гуфтанд, ки зархаридони гурӯҳи “Вагнер”-и Русия баъзе аз мавқеъҳои худро дар дохил ва атрофи шаҳри Бахмут иваз мекунанд. Маълумоти иктишофии Бритониё дар рӯзи 27-уми май ҳамин иттилоъро тасдиқ кард.
Ёфтҳои бештар