Пешравиҳои Украина дар ҷабҳаи Бахмут рӯзи душанбеи 15-уми май низ идома ёфт. Дар ҳамин ҳол, Бритониё эълон кард, ки кӯмакаҳои бештари низомӣ ба Киев пешниҳод мекунад.
Евгений Пригожин, раҳбари ширкати хусусии низомии “Вагнер” дигарбора ва ин бор дар рӯзи Иди Ғалаба ба раҳбарони Русия таҳдид кард, ки хати ҷангро дар Бахмути Украина тарк мекунад.
Идомаи ҷангҳо дар Бахмут дар пасманзари таҳдидҳои Пригожин барои тарки минтақа кардани ҷангиёни "Вагнер".
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина даъват кард, як додгоҳи байналмилалие таъсис дода шавад, ки дар он ҷиноятҳои ҷангии Русия дар Украина ва “амалҳои ҷиноӣ”-и раиси ҷумҳур, Владимир Путин муҳокима шавад.
Лоиҳаи таҳқиқотии “Система”-и марбут ба Радиои Озодӣ ва ТВ “Настоящее время” маълум кардааст, ки ширкати «АБЗ Белый Раст» муҳоҷирони меҳнатиро барои кофтани хандақҳо дар замини яхбаста ба қаламравҳои аз сӯи Русия ғасбшудаи Украина бурдааст.
Ду ҳомии шинохташудаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик – Валентина Чупик ва Каримҷон Ёров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ назари худро дар бораи қонуни нави шаҳрвандии Русия баён карданд.
Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро, ки дар Русия ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд ва дар ҷанги Украина кушта шудаст, ба хонаводааш супурдаанд.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия Қонун дар бораи даъватномаҳои ҳарбии электрониро ба имзо расонд, ки шеваи наву осонтар кардани даъвати ҷавонон ба сафи неруҳои мусаллаҳро дар назар дорад.
Президенти Украина Владимир Зеленский дар ифторе иштирок кард, ки бо ҳузури низомиёни мусалмон барпо шуд.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, амри Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят барои боздошти Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия кори дуруст аст. Ӯ рӯзи 17-уми март дар Вашингтон ба хабарнигорон гуфт: “Ӯ возеҳан ҷиноятҳои ҷангӣ содир кардааст.”
Ёфтҳои бештар