Раҳпаймоии “Полки ҷовидон” ба хотири гиромидошти қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.Ҳарчанд бархеҳо бар ин назаранд, ки раҳпаймоии “Полки ҷовидон” ба хотири гиромидошти ёди қурбониёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ё Ҷанги бузурги ватанӣ зарур аст, вале ақидаҳои мухолиф низ ҳаст.
Як зодаи Тоҷикистонро, ки ба иддаои низомиёни Русия дар сафи артиши Украина меҷангид, наздиконаш дар Душанбе шинохтанд.
Низомиёни Русия рӯзи 4-уми май ҳамла ба корхонаи "Азовстал" дар шаҳри Мариуполи Украинаро дубора оғоз карданд.
Қарор аст, тақрибан 100 украинӣ, ки аз шаҳри Мариупол берун карда шуданд, рӯзи 2-уми май ба шаҳри ҷанубушарқии Запорожйе ворид гарданд, вале айни замон садҳо нафари дигар дар таҳхонаҳои корхонаи “Азовстал” боқӣ мондаанд.
Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи 1-уми май берун шудани 46 ғайринизомӣ аз корхонаи "Азовсталь" дар Мариуполро тасдиқ кардааст.
Анҷелина Ҷолӣ, ҳунарпешаи маъруфи амрикоӣ ғайричашмдошт ба шаҳри Лвови Украина сафар кардааст.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, аз замони оғози таҷовузи Русия ба кишвараш дар ду моҳи гузашта аз 2500 то 3000 сарбози украинӣ кушта ва бештар аз 10 ҳазор нафари дигарашон захмӣ шудаанд.
Додситони кулли Додгоҳи Байнулмилалии Ҷурму Ҷиноят пас аз сафар ба шаҳраки Буча дар канори Киев гуфт, ки додрасҳо маълум мекунанд, ки оё дар воқеъ дар Украина ҷиноятҳои ҷангӣ содир шудааст ё не. Ин гузориш саҳнаҳои дилхарош дорад ва барои ҳама муносиб нест.
Ба иттилои СММ, аз замони оғози ҷанг дар Украина, 4 миллион нафар ба хориҷа фирор карданд. Аксари паноҳандаҳо занону кӯдаконанд, қишре, ки аз нигоҳи қочоқи инсон осебпазиранд.
Украина ва кишварҳои муттафиқаш барои ҳамлаҳои мушакии рӯзи 8-уми апрел ба як истгоҳи Роҳи оҳан Русияро гунаҳор карданд.
Шумори қурбониёни таркиши мушакҳои русӣ дар як истгоҳи роҳи оҳани Украина афзоиш меёбад.
Иттиҳоди Аврупо бастаи панҷуми таҳримҳо алайҳи Русияро барои шурӯи ҷангаш алайҳи Украина қабул кард ва ин навбат содироти ангишт манъ шуда, тамоми бандарҳои аврупоӣ ба рӯи киштиҳои русӣ баста мешаванд.
Ёфтҳои бештар