Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, гуфт, ки бе гуфтугӯи рӯбарӯ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ба ҷанг хотима додан имконнопазир аст. Муроҷиатҳои батакрори ӯ дар бораи мулоқотро Путин рад кардааст.
Бо гузашти бештар аз се ҳафта аз ҷанги Русия дар Украина, раиси ҷумҳури ин кишвар Владимир Зеленский хостори гуфтугуҳои тоза миёни Маскав ва Киев шуд. Айни замон даргириҳо дар Украина авҷ мегиранд ва Русия гуфт, ки неруҳояш вориди шаҳри бандарӣ ва стратегии Мариупол шудаанд.
Ҷанги Русия дар Украина тоҷикону тоҷикистониёнро дар ду ҷабҳа қарор додааст, бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум ба гуруҳи тарафдорон ва мухолифони ҷанг тақсим шудаанд. Маҳдӣ Собир коршинос ва сиёсатмадор Алим Шерзамонов дар ин барнома баҳси доғе карданд. Бубинеду назаратонро нависед.
Телевизиони давлатии Русия Россия-24 рӯзи 18-уми март пахши суханронии раиси ҷумҳур Владимир Путинро, ки дар ҳузури издиҳоми бузурги маскавиҳо дар майдони Лужники дар Маскав идома дошт, пеш аз анҷоми он ногаҳон қатъ кард.
Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 15-уми март эълон кард, ки шумораи оворагони украинӣ, ки аз ҷанг ва бомбаборони артиши Русия ба кишварҳои дигар гурехтаанд, ба ҳудуди се миллион расидааст.
Неруҳои Русия дар ҳаракати сусти худ ба самти Киев пойтахти Украина зоҳиран пешравӣ мекунанд ва ба бомборони шаҳрҳои муҳосиракардаашон идома медиҳанд.
Президенти Украина Владимир Зеленский хабар дод, ки фурудгоҳи шаҳри Виннитсии Украина дар пайи ҳамлаи мушакии нерӯҳои Русия пурра хароб шудааст.
Дафтари Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса эълон кард, ки Ҷо Байден ва Владимир Путин, президентҳои Амрико ва Русия ба таври усулӣ дар бораи баргузории нишасте дар бораи Украина мувофиқат карданд.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбеи 10-уми феврал аз шаҳрвандони амрикоӣ, ки дар Украина қарор доранд, хост бидуни таъхир ин кишварро тарк кунанд.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина аз пешниҳоди Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ҳамтои турки худ барои миёнҷигарӣ байни Киев ва Маскав, истиқбол кард.
Cухангӯи Вазорати дифои Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 2-юми январ эълон кард, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури ИМА ба фиристодани ҳудуди 2 ҳазор нерӯ ба Лаҳистон ва Олмон мувофиқат кард.
Ёфтҳои бештар