Дар яке аз боғҳои истироҳату фароғати шаҳри Қурғонтеппа ҷасади як сарбози пойгоҳи низомии Русия ёфт шудааст. Тахмин меравад, ки сарбоз худкушӣ кардааст. Муфаттишони тоҷик ҳамроҳ бо низомиёни Русия таҳқиқи ҳодисаро шурӯъ намудаанд.
Бархе таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки охирҳои моҳ рӯёрӯиҳои шадид дар шарқи Украина аз сар гирифта мешаванд.
Нерӯҳои артиши Амрико барномаи омӯзишии нерӯҳои низомии Украинаро дар пойгоҳе дар ғарби он кишвар ва бо вуҷуди интиқодҳо ва мухолифатҳои Маскав, рӯзи душанбеи 20 апрел, оғоз карданд.
Вазирони умури хориҷии кишварҳои музокиракунанда барои барқарории оташбас дар Украина аз афзоиши хушунатҳо дар рӯзҳои ахир дар атрофи Донетск нигаронӣ кардаанд.
Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин чанд сол қабл яке аз пуштибонони тамомияти арзии Украина буд, аммо ҳоло бо гузашти чанд сол, хеле тағйир кардааст.
Пулиси Украина раиси Хадамоти ҳолатҳои фавқулодда Серҳий Бочковский ва муовини ӯ Васил Стоетскийро рӯзи 25 март дар байни ҷаласаи ҳукумат, ки рафти он аз телевизион мустақим намоиш дода мешуд, боздошт кард. Вазири дохила Арсен Аваков гуфт, ин ду генерал ба фасод айбдор мешаванд.(Reuters)
Як шаҳрванди Қирғизистон мегӯяд, зиёда аз ним сол дар сафи нерӯҳои ҷудоихоҳи шарқи Украина ҷангида, бо дилсардӣ тасмим гирифт, ки ба ватанаш баргардад.
Владимир Путин дар як филми мустанад иқрор намуд, ки Кремл дар бораи замима шудани Қрим ба Русия чанд ҳафта пеш аз раъйпурсӣ дар нимҷазира тасмим гирифта буд.
Владимир Путин чанд ҳафта қабл аз ҳамапурсии ҳамроҳкунии Қрим ба хоки Русия, ба мақомоти низомии он кишвар дастур дода будааст, ки контроли ин нимҷазираи Украинаро ба даст бигиранд.
Расо як сол пеш, 22 феврали соли 2014, парлумони Украина Виктор Януковичро аз мақоми раисиҷумҳур барканор кард.
Нахустин табодули асирон байни тарафҳои даргир дар шарқи Украина баъди оташбаси 12 феврал умедҳоро ба ором шудани вазъ дар ин минтақаи ҷангзада дигарбора каме зинда кардааст.
Дар ҳоле, ки манотқи шарқии Украина дар оташи ҷанг месӯзад, мардуми манотиқи ғарбии ин кишвар, ки дар саргаҳи ҷунбиши зидди ҳукумати Янукович қарор доштанд, дар ҷабҳаҳои ҷанг ҳузури камранг доранд..
Ёфтҳои бештар