Владимир Путин чанд ҳафта қабл аз ҳамапурсии ҳамроҳкунии Қрим ба хоки Русия, ба мақомоти низомии он кишвар дастур дода будааст, ки контроли ин нимҷазираи Украинаро ба даст бигиранд.
Расо як сол пеш, 22 феврали соли 2014, парлумони Украина Виктор Януковичро аз мақоми раисиҷумҳур барканор кард.
Нахустин табодули асирон байни тарафҳои даргир дар шарқи Украина баъди оташбаси 12 феврал умедҳоро ба ором шудани вазъ дар ин минтақаи ҷангзада дигарбора каме зинда кардааст.
Дар ҳоле, ки манотқи шарқии Украина дар оташи ҷанг месӯзад, мардуми манотиқи ғарбии ин кишвар, ки дар саргаҳи ҷунбиши зидди ҳукумати Янукович қарор доштанд, дар ҷабҳаҳои ҷанг ҳузури камранг доранд..
Дар пай суқути шаҳри Дебалтсево, Украина хостори ҳузури сулҳбонони Созмони Милали Муттаҳид дар шарқи он кишвар шудааст.
Низомиёни украинӣ ва ҷудоихоҳони рустабор барои аз хатти ҷабҳа канор бурдани тонку зиреҳпӯшҳо шитоб надоранд. Ҳамзамон, бар хилофи оташбас, даргириҳо дар шарқи Украина идома меёбанд.
Украина мегӯяд, нирӯҳояш дар як шабонарӯзи охир 112 маротиба мавриди ҳамла ва тирборони ҷудоиталабони тарафдори Русия қарор гирифтаанд.
Як гурӯҳи донишҷӯёни Русия бо нашри муроҷиатномае дар Интернет аз донишҷӯёни Украина аз номи ҳукумати худ барои ҷанг дар Донетску Луҳанск узр пурсидаанд.
Аз нимаи шаб дар шарқи Украина қарордоди нави оташбас расман оғоз ёфт. Вале аллакай аз чанд мавриди поймол шудани ин оташбас гузориш шудааст.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин тавофуқи ҳосилшуда дар Минск бар асари роҳҳои расидан ба сулҳ дар Украинаро ҳамчун як "субҳи накӯ" ситоиш кард. (Reuters)
Ангела Меркел барои баҳси роҳҳои ҳалли бӯҳрони Украина ба Амрико рафтааст. Интизор меравад, рӯзи 11 феврал дар Минск сарони Олмону Фаронса ва Украинаву Русия музокирот кунанд.
Раҳбарони Олмону Украина ва Фаронсаву Русия роҷеъ ба бӯҳрони Украина рӯзи 11 феврал дар шаҳри Мински Беларус бо ҳам мулоқот мекунанд..
Ёфтҳои бештар