Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, Маскав шартҳои гузоштаи Ғарб барои лағви таҳримоташ ба зидди Русияро усулан қабул надорад.
Украина дастикам дар ин фасли зимистон бегаз намемонад - чунин аст як натиҷаи асосии музокироти мақомоти энержии Русияву Украина ва Иттиҳодияи Аврупо дар Берлин.
САҲА ба хотири назорат бар оташбаси то ҳол осебпазир ба шарқи Украина нозирони бештар ва ҳавопаймоҳои бесарнишин мефиристад.
Нахуствазири Украина дар як нишасти байнулмилалӣ дар Киев Владимир Путинро дар талоши ишғоли ҳама қаламрави Украина айбдор кард
Сафири Русия дар Тоҷикистон бо нашри як изҳороти тунд сафири Украинаро ба пахши ахбори бардурӯғ дар бораи "таҷовуз"-и Русия ба Украина ва хабаргузории "Авесто"-ро ба додани минбар барои пахши чунин сӯҳбатҳо айбдор кардааст.
Коршиносони Ҳолланд натиҷаҳои муқаддамотии тафтиши қазияи суқути ҳавопаймои мусофирбари Малайзия дар ҳарими ҳавоии Украинаро эълон кард ва гуфт, суқути ҳавопаймо ба далели мушкилоти фаннӣ ё иштибоҳи халабонҳо набуд.
Иттиҳодияи Аврупо ба эълони таҳримоти нав алайҳи Русия омодагӣ мегирад. Маскав мегӯяд, дар посух метавонад парвози ҳавопаймоҳои ғарбиро аз ҳарими ҳавоияш манъ кунад.
Бо гузашти камтар аз 2 рӯз аз эълони оташбас дар шарқи Украина аз нуқтаҳои доғи ин минтақа дар бораи даргириҳои наву сангине гузоришҳо ба даст мерасанд.
Раисиҷумҳури Украина ва ҳам раҳбарони аршади ҷудоиталабони рӯ ба Маскав дар Донетску Луҳанск барои эълони оташбас дар шарқи Украина изҳори омодагӣ мекунанд.
Аз замони фурӯпошии Шӯравӣ, қаламрави НАТО ба самти шарқ афзоиш ёфта, кишварҳои вобастаи Маскав ва ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқро фаро гирифт. Дар айни замон, зарфиятҳои низомии аъзои қадиму ҷадиди НАТО дар 25 соли охир хеле коҳиш ёфтааст.
Украинаву Русия мегӯянд, ки руасои ин ду ҷумҳурӣ дар як сӯҳбати телефонӣ роҳҳои истиқрори оташбас дар вилоятҳои ошӯбзадаи шарқи Украина баррасӣ кардаанд. Путин гуфт, алакай нақшаи оташбасро кашидааст.
Суханони Путин, ки гуфтааст, агар даркор шавад, Киевро дар зарфи ду ҳафта мегирам, ба вокунишҳои тунде дар Ғарб рӯбарӯ шуда, Кремлро маҷбур кард, то ин сӯҳбатҳоро шарҳ диҳад.
Ёфтҳои бештар