Баъди фалокат дар деҳаи Навобод дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, гуруҳи дигаре аз мардум тарсону нигаронанд, ки хонаҳои онҳо низ зери хок мешавад ва ҳосили заҳмати чандинсолаашон барбод меравад.
Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол дар бораи хисороту вайрониҳои муноқиша дар марз бо Қирғизистон оморе нашр накарданд, вале хабарнигорон ба деҳаи Хоҷаи Аълову Сомониёни Исфара рафта, шоҳиди харобиву вайронии зиёде шуданд.
Дар натиҷаи муноқиша дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон, ки рӯзи 28-уми апрел оғоз ёфта, 29 ва 30-юми апрел идома кард, даҳҳо бинои истиқомативу иншооти иҷтимоӣ дар ноҳияҳои Бодканду Лайлак тахриб шудаанд.
Ду сокини ҷамоати Чоркӯҳро, ки дар муноқишаи рӯзи гузашта дар марз кушта шудаанд, ба хок супориданд. Маросими видоъ бо онҳо баъд аз зуҳри 30-юми апрел баргузор шуд.
Рӯзи 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, миёни сокинони деҳаи Сомониён ва Куктош, дубора муноқиша сар задааст. Сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ гуфтанд, моҷаро соати чаҳори субҳ шуруъ шуда, ҳарду тараф ба сӯи якдигар санг андохтанд. Дертар садои тирпаронӣ шунида шудааст.
Рӯзи 20-уми апрел чанд акси моҳвораиро нашр карданд, ки баёнгари ҷойгиршавии техникаҳои ҳарбии Русия дар нимҷазираи Қрими Украина ва дар хатти марзи Русия бо Украина аст.
Парвози ҳавопаймои ширкати "ЮтЭйр", ки қарор буд шаби 3-юми апрел (соати 3:30) даҳҳо муҳоҷирро аз Душанбе ба Маскав бурда, ба ин тартиб, роҳи шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Русия боз кунад, сурат нагирифт.
13-уми марти соли 2021 оҳангсози маъруфи тоҷик ва барандаи ҷоизаи Рӯдакӣ Толиб Шаҳидӣ 75-сола шуд.
Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи шинохтаи театру синамои тоҷикро, ки рӯзи якуми март дар 86-солагӣ даргузашт, дар оромгоҳи "Сариосиё"-и шаҳри Душанбе дафн карданд. Маросими видоъ бо ӯ рӯзи 2-юми март дар назди хонааш баргузор шуд.
Ҷангҷӯёни Толиб дар аввали моҳи марти соли 2001 муҷассамаҳои Буддо дар Бомиён, ганҷинаи бебаҳо ва таърихии Афғонистонро тарконида, нобуд карданд. Баъд аз 20 сол Шуморо ба ин маҳал мебарем, то бубинед, ҳоло чӣ гуна аст.
Табибон рӯзи 29-уми январ панҷгоникеро, ки тақрибан як моҳ пеш дар Душанбе ба дунё омаданд, ба хонаи волидон, ба ноҳияи Қубодиён, фиристоданд. Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Бибиоишаро Дилноза Маматоваи 31-сола ба дунё овардааст.
Ёфтҳои бештар