Парвози ҳавопаймои ширкати "ЮтЭйр", ки қарор буд шаби 3-юми апрел (соати 3:30) даҳҳо муҳоҷирро аз Душанбе ба Маскав бурда, ба ин тартиб, роҳи шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Русия боз кунад, сурат нагирифт.
13-уми марти соли 2021 оҳангсози маъруфи тоҷик ва барандаи ҷоизаи Рӯдакӣ Толиб Шаҳидӣ 75-сола шуд.
Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи шинохтаи театру синамои тоҷикро, ки рӯзи якуми март дар 86-солагӣ даргузашт, дар оромгоҳи "Сариосиё"-и шаҳри Душанбе дафн карданд. Маросими видоъ бо ӯ рӯзи 2-юми март дар назди хонааш баргузор шуд.
Ҷангҷӯёни Толиб дар аввали моҳи марти соли 2001 муҷассамаҳои Буддо дар Бомиён, ганҷинаи бебаҳо ва таърихии Афғонистонро тарконида, нобуд карданд. Баъд аз 20 сол Шуморо ба ин маҳал мебарем, то бубинед, ҳоло чӣ гуна аст.
Табибон рӯзи 29-уми январ панҷгоникеро, ки тақрибан як моҳ пеш дар Душанбе ба дунё омаданд, ба хонаи волидон, ба ноҳияи Қубодиён, фиристоданд. Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Бибиоишаро Дилноза Маматоваи 31-сола ба дунё овардааст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рафт, то зиндагии мардумро дар айёми зимистон аз наздик бибинад. Аксҳои зер аз гӯшаҳои ин ноҳияи дурафтодаи Тоҷикистон, аз ҷумла деҳаи Сафедоб ва наздикии дарёи Панҷ ҳастанд.
"Султони Кабир" -- яке аз бозорҳои калон дар пойтахти Тоҷикистон субҳи 25-уми январ оташ гирифт. Шоҳидон мегӯянд, ки оташсӯзӣ ҳудуди 2 соат идома кардааст. Ба гуфтаи соҳибкорон, оташсӯзӣ дар қисмати дохилӣ ва ҷойи фурӯши чархҳои мошинҳо сурат гирифтааст.
Пулиси Русия дар ҷараёни эътирозҳо аз боздошти мунаққиди сиёсатҳои Кремлин Алексей Навалний зиёда аз 2100 касро боздошт кард. Намоишҳои рӯзи шанбеи 23 январ дар чандин шаҳри Русия аз бузургтарин эътирози солҳои охир дониста шуд.
Бунёди мубориза бо фасод, як созмони вобаста ба пешвои мухолифони Русия, Алексей Навалний, рӯзи 19-уми январ маълумотро дар бораи "Қасри Путин", дороии мармузи президент Владимир Путин, ифшо кард.
Дар Вашингтон омодагиҳо ба маросими савгандёдкунии президенти 46-уми Амрико, Ҷо Байден, идома дорад. Нисфирӯзии 20-уми январ Байден ба ҳайси президенти нав сари кор меояд ва даврони раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп ба поён мерасад.
Рӯзи 17-уми январ Аҳмад Бобоқулов, овозхони маъруфи тоҷик, агар умр вафо мекард, 90-сола мешуд
Ёфтҳои бештар