Табибон рӯзи 29-уми январ панҷгоникеро, ки тақрибан як моҳ пеш дар Душанбе ба дунё омаданд, ба хонаи волидон, ба ноҳияи Қубодиён, фиристоданд. Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Бибиоишаро Дилноза Маматоваи 31-сола ба дунё овардааст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рафт, то зиндагии мардумро дар айёми зимистон аз наздик бибинад. Аксҳои зер аз гӯшаҳои ин ноҳияи дурафтодаи Тоҷикистон, аз ҷумла деҳаи Сафедоб ва наздикии дарёи Панҷ ҳастанд.
"Султони Кабир" -- яке аз бозорҳои калон дар пойтахти Тоҷикистон субҳи 25-уми январ оташ гирифт. Шоҳидон мегӯянд, ки оташсӯзӣ ҳудуди 2 соат идома кардааст. Ба гуфтаи соҳибкорон, оташсӯзӣ дар қисмати дохилӣ ва ҷойи фурӯши чархҳои мошинҳо сурат гирифтааст.
Пулиси Русия дар ҷараёни эътирозҳо аз боздошти мунаққиди сиёсатҳои Кремлин Алексей Навалний зиёда аз 2100 касро боздошт кард. Намоишҳои рӯзи шанбеи 23 январ дар чандин шаҳри Русия аз бузургтарин эътирози солҳои охир дониста шуд.
Бунёди мубориза бо фасод, як созмони вобаста ба пешвои мухолифони Русия, Алексей Навалний, рӯзи 19-уми январ маълумотро дар бораи "Қасри Путин", дороии мармузи президент Владимир Путин, ифшо кард.
Дар Вашингтон омодагиҳо ба маросими савгандёдкунии президенти 46-уми Амрико, Ҷо Байден, идома дорад. Нисфирӯзии 20-уми январ Байден ба ҳайси президенти нав сари кор меояд ва даврони раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп ба поён мерасад.
Рӯзи 17-уми январ Аҳмад Бобоқулов, овозхони маъруфи тоҷик, агар умр вафо мекард, 90-сола мешуд
Тарафдорони раиси ҷумҳур Доналд Трамп рӯзи 6 январ бо зӯр вориди бинои порлумони Амрико шуданд ва ҷаласаи вакилонро, ки барои тасдиқи пирӯзии Ҷо Байден ҷамъ омада буданд, баҳам заданд.
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки маргталабе, ки зоҳиран як вакили порлумонро ҳадаф дошт, бо инфиҷори мошини бомбгузоришуда дар Кобул 9 нафарро куштааст. Хон Муҳаммад Вардак, вакили порлумони Афғонистон дар ин ҳамла ҷон ба саломат бурд.
Рӯзи 17 декабр дар шаҳри Маскав дар синни 88-солагӣ Николай Савченков, собиқ раҳбари сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун даргузашт.
Аъзои ҳукумати Тоҷикистон баъд аз тасдиқи номзадияшон аз тарафи порлумон ба номи раиси ҷумҳур савганд ёд карданд. Ин маросим 15-уми декабр дар Душанбе баргузор шуд.
Ёфтҳои бештар