Таркиши маргбор дар Бейрут, пойтахти Лубнон, рӯзи сешанбе рух дод. Беш аз сад нафар ҷон бохта, зиёда аз чаҳор ҳазор кас маҷруҳ шудаанд. Дар Бейрут ду ҳафта вазъи фавқулода ҷорӣ шудааст, дар Лубнон азои миллӣ эълон карданд.
Як ҳомии солхӯрдаи паррандагон дар Беларус дар рӯйи дарахтони ҷангалҳои ин кишвар лона месозад, то паррандагони ваҳшӣ он ҷо насл гузоранд (Аксҳо аз Василий Федосенко/Reuters ва матн аз Амос Чапл)
Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо умеди бозгашт ба ватан дар гузаргоҳи Жибек Жоли, сарҳади Қазоқистону Узбекистон ҷамъ шудаанд. Баъзе аз онҳо мегӯянд, дар вазъияти ногувор ҳастанд. Қаблан Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират гуруҳи бузурги муҳоҷиронро бо кумаки Амрикову Норвегия ба ватан оварда буд.
Дар таркиши маркази тиббии Сино Азҳар дар шимоли Теҳрон 19 нафар ҷон бохт. Дар миёни қурбониҳо 15 зан ва чаҳор мард мебошанд. Оташнишонҳо гуфтанд, 20 нафарро наҷот доданд.
Рӯзи 19-уми июн даҳҳо нафар дар Минск ва гӯшаҳои дигари Беларус таҷаммуъ карданд. Ба иттилои бахши беларусии Радиои Озодӣ, пулис беш аз 100 тазоҳургарро дастгир кардааст. Ин лаҳзаҳоро дар тасвирҳо бубинед.
Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар натиҷаи сел дар ноҳияи Хуросон як нафар ба ҳалокат расида, чандин манзили сокинон осеб дидааст. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса шоми 14-уми май рух дод.
Иттиҳоди Аврупо ва созмони Каритас Олмон ба тақрибан 6 ҳазор оилаи камбизоат ва хонаводаҳое, ки яке аз аъзояш маълуланд, дар ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳритус ёрӣ кардаанд.
Дар ин шабу рӯзе, ки бисёриҳо аз бемории ҳамагир мегӯянд ва миллионҳо нафар дар ҷаҳон хонашинӣ мекунанд, Анҷумани муҳофизони табиати Тоҷикистон даҳ акси ҷолибу нодирро аз табиати кишвар нашр кард. Дар аксҳо манзараву ҷонварон ва паррандаҳо тасвир ёфтаанд. Ин ҳамаро бо чашми худ бубинед.
Манобеъ мегӯянд, 10 корманди бемористони марказии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд таҳти карантин гирифта шуданд. Дар ин ва чандин беморхонаи ноҳияҳои атроф дар шимоли Тоҷикистон вазъ ва шароити кори кормандони тиб “нигаронкунанда” унвон мешавад.
Ёфтҳои бештар