Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллӣ ва аз шоирони шинохтаи Тоҷикистонро, ки дар 75-солагӣ даргузашт, дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дафн карданд. Ӯ бо гумони гирифторӣ ба коронавируси нав дар шифохона бистарӣ буд.
Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллӣ ва аз шоирони шинохтаи Тоҷикистонро, ки дар 75-солагӣ даргузашт, рӯзи 13-уми август дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дафн карданд. Ӯ бо гумони гирифторӣ ба коронавируси нав дар шифохона бистарӣ буд. Чанд акси шоир аз бойгонии Радиои Озодӣ
Як созмони ғайридавлатии ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон ба 46 хонавода дар ду деҳаи дурдасти ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дегдони офтобӣ ё хуршедӣ тақдим кард.
Норозиён ба натиҷаҳои интихоботи президентӣ дар Беларус шаби 10-уми август дар Минск ва шаҳрҳои дигар тазоҳурот карданд. Онҳо натиҷаҳои интихоботро, ки бар асоси он раҳбари ҳозира Александр Лукашенко баранда эълон шуд, тақаллубӣ хондаанд.
9-уми август, дар рӯзи интихоботи президентӣ дар Беларус, ҳозиран низомиён Минскро аз чаҳор тараф "иҳота" карда буданд. Намунаашро дар ин аксҳо дидан мумкин аст.
Кумисюни марказии интихоботи Беларус гуфт, интихоботи президентии рӯзи 9-уми август дар он кишвар баргузоршуда аст. Интихобот чӣ гуна гузашт, дар аксҳо бубинед.
Таркиши маргбор дар Бейрут, пойтахти Лубнон, рӯзи сешанбе рух дод. Беш аз сад нафар ҷон бохта, зиёда аз чаҳор ҳазор кас маҷруҳ шудаанд. Дар Бейрут ду ҳафта вазъи фавқулода ҷорӣ шудааст, дар Лубнон азои миллӣ эълон карданд.
Як ҳомии солхӯрдаи паррандагон дар Беларус дар рӯйи дарахтони ҷангалҳои ин кишвар лона месозад, то паррандагони ваҳшӣ он ҷо насл гузоранд (Аксҳо аз Василий Федосенко/Reuters ва матн аз Амос Чапл)
Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо умеди бозгашт ба ватан дар гузаргоҳи Жибек Жоли, сарҳади Қазоқистону Узбекистон ҷамъ шудаанд. Баъзе аз онҳо мегӯянд, дар вазъияти ногувор ҳастанд. Қаблан Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират гуруҳи бузурги муҳоҷиронро бо кумаки Амрикову Норвегия ба ватан оварда буд.
Дар таркиши маркази тиббии Сино Азҳар дар шимоли Теҳрон 19 нафар ҷон бохт. Дар миёни қурбониҳо 15 зан ва чаҳор мард мебошанд. Оташнишонҳо гуфтанд, 20 нафарро наҷот доданд.
Ёфтҳои бештар