Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар натиҷаи сел дар ноҳияи Хуросон як нафар ба ҳалокат расида, чандин манзили сокинон осеб дидааст. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса шоми 14-уми май рух дод.
Иттиҳоди Аврупо ва созмони Каритас Олмон ба тақрибан 6 ҳазор оилаи камбизоат ва хонаводаҳое, ки яке аз аъзояш маълуланд, дар ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳритус ёрӣ кардаанд.
Дар ин шабу рӯзе, ки бисёриҳо аз бемории ҳамагир мегӯянд ва миллионҳо нафар дар ҷаҳон хонашинӣ мекунанд, Анҷумани муҳофизони табиати Тоҷикистон даҳ акси ҷолибу нодирро аз табиати кишвар нашр кард. Дар аксҳо манзараву ҷонварон ва паррандаҳо тасвир ёфтаанд. Ин ҳамаро бо чашми худ бубинед.
Манобеъ мегӯянд, 10 корманди бемористони марказии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд таҳти карантин гирифта шуданд. Дар ин ва чандин беморхонаи ноҳияҳои атроф дар шимоли Тоҷикистон вазъ ва шароити кори кормандони тиб “нигаронкунанда” унвон мешавад.
Ин тасвирҳоро баъд аз эълони вазъияти фавқулода дар Чехия гирифтаанд. Мақомот бо нигаронӣ аз паҳншавии вируси нав дари тарабхонаву мактабҳо ва баъзе фурӯшгоҳҳоро бастанд. То кунун дар Чехия беш аз 220 мавриди гирифторӣ ба коронавирус тасдиқ шуда, тақрибан ҳафт ҳазор нафар дар карантин ҳастанд.
Полис дар Қазоқистон дар остонаи намоишҳои сартосарии эътирозӣ, ки рӯзи 22 феврал дар калонтарин шаҳрҳои ин кишвар ташкил шуд, даҳҳо нафарро боздошт кард.
12-уми феврали соли 1990 неруҳои Шӯравӣ тазоҳуроти мардумро дар Душанбе ба хун кашонданд ва дар ин воқеаҳо 26 нафар кушта шуда, зиёда аз 400 тани дигар маҷрӯҳ гаштанд.
Ёфтҳои бештар