Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 30-юми октябр дар номаи расмӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар давраи пандемия нисбат ба тақдири муҳоҷирони тоҷик дар Русия бетараф набуданд. Ҳарчанд муҳоҷирон пайваста аз бетаваҷҷуҳии мақомот нисбат ба мушкилу сарнавишти онҳо шикоят доранд.
Ҳисоби натиҷаҳои овоздиҳӣ дар интихоботи президентии Амрико метавонад, то чанд рӯз тӯл кашад. Дар ҳоле ки ҳам Доналд Трамп ва ҳам Ҷо Байден дар бораи роҳи худ ба пирӯзӣ сӯҳбат мекунанд, ба қавли нозирон, натиҷаҳои овоздиҳӣ дар бораи маҳбубияти танготанги ҳар номзад гувоҳӣ медиҳад.
Рӯзи 3-юми ноябр дар Амрико мардум ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд, то президенти навро интихоб кунанд.
Шумори ҷонбохтагон аз зилзилаи нирӯманд дар шаҳри Измири Туркия ва ҷазираи Самоси Юнон ба 26 нафар расид.
Дар шароити баста будани тарабхонаву тафреҳгоҳҳо, варзишгоҳу аквапаркҳо, дар Ҷумҳурии Чех мардум метавонанд ба тамошову сайругашти боғҳои маҳаллӣ бираванд.
Рӯзи 22-юми октябр шаҳри Минск шоҳиди намоишҳои нави эътирозӣ шуд ва ин навбат афроди имконияташон маҳдуд баргузории интихоботи навро талаб карданд. Мухолифон маъракаро “Роҳпаймоии шахсони имконияташон бемаҳдуд” ном ниҳоданд.
Дар шаҳри Душанбе бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷашни Меҳргон таҷлил карданд.
Хабарнигори тоҷик Мавлуда Рофиеваро, ки рӯзи 13-уми октябр даргузашт, зери чораҳои сахти беҳдоштӣ дафн карданд.
Дар Кӯлоб барои раъй додани сокинон дар чанд гӯшаи шаҳр нуқтаҳои овоздиҳӣ ташкил кардаанд. Мақомот мегӯянд, мардуми зиёд ба пойи сандуқҳои раъй омадаанд, вале бархе аз шоҳидон аз кам будани сокинон ва вуҷуди тақаллуб дар баъзе аз нуқтҳои раъйдиҳӣ хабар доданд.
Ёфтҳои бештар