Нодирамоҳ Қадамшоева, модари овозхони шинохтаи тоҷик Далер Назаров ва сиёсатмадору коргардони маъруф Давлат Худоназаров, дар 97-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Маросими видоъ бо Қадамшоева рӯзи 8-уми сентябр дар Душанбе баргузор шуд ва ӯро дар оромгоҳи "Сари Осиё" дафн карданд.
Ҳабиб Нурмуҳаммадов (Нурмагомедов), варзишкори маъруфи доғистонӣ, ба рақибаш Дастин Поре аз Амрико пирӯз омад ва унвони қаҳрамониро дар созмони UFC ҳифз кард.
Рӯзи 7-уми сентябр ҳавопаймои ҳомили шаҳрвандони Русия, ки дар Украина зиндонӣ буданд ва ё дар боздошт нигоҳдорӣ мешуданд, ба фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав расид. Аз пойтахти Русия ба фурудгоҳи Борисполи Киев шаҳрвандони маҳкумшудаи Украинаро фиристоданд.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар майдони худ мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
Дарё, пули ларзону садамавӣ ва роҳи дарозу мушкилгузар. Ин ҳамаро кӯдакони чаҳор деҳа дар шаҳри Ваҳдат ҳамарӯза барои расидан ба мактаб паси сар мекунанд. Наврасони ин деҳаҳо маҷбуранд пояфзол дар даст ва бо шиму доманҳои бардошташуда дарёро убур кунанд ва ба дарс раванд.
Дар шаҳри Кӯлоб ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон хиёбони фаронсавӣ сохтанд. Дар он ҷо манораи Эйфел ва дигар нусхаи осори фаронсавиро дидан мумкин аст
Дар остонаи иди истиқлоли Тоҷикистон, ки ҳар сол рӯзи 9-уми сентябр таҷлил мешавад, дар шаҳри Кӯлоб ҳафт ҳазор нафарро ба "маршировка" ҷалб кардаанд. Баъзе аз онҳо донишҷӯ ва қисме дигар кормандони сохторҳои давлатиянд.
Аксбардор Эмос Чаппл ин тасвирҳоро тобистони соли 2012 ҳангоми сафараш ба Туркманистон бардоштааст. Дар ин аксҳо намунаҳои ҳайратовар ва ҳам даҳшатноки яке аз кишварҳои пӯшидаи ҷаҳон таҷассум ёфтаанд. Баъзе аз ин аксҳо бори аввал нашр мешаванд.
Рӯзи 8-уми август тобути чаҳор муҳоҷири тоҷик, ки дар як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Рязани Русия ба ҳалокат расиданд, ба Душанбе оварда шуд. Садамае рӯзи 6-уми август ба вуқӯъ пайваст ва дар натиҷаи он 6 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як духтари 14-сола ҷон бохтанд.
Саҳнаҳо аз кӯшиши боздошти Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон дар хонааш дар канори Бишкек.
Пулиси пойтахти Русия рӯзи 3-юми август садҳо нафарро бо иттиҳоми иштирок дар "тазоҳуроти бидуни иҷоза" дастгир кардааст.
Ёфтҳои бештар