Полис дар Боку, пойтахти Озарбойҷон, чанд нафарро боздошт кард, ки бо ҳадафи иштирок дар рӯзи дуюми эътирозҳои бе иҷоза ҷамъ омада буданд. Рӯзи 20-уми октябр дар маркази шаҳри Боку ҳудудан 50-60 нафар, аксаран занон ҷамъ омаданд, вале полис нагузошт раҳпаймоии онҳо баргузор шавад.