Даъвати баҳории ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон рӯзи якуми апрел оғоз ёфт. Айни замон аз гӯшаву канори кишвар аз шеваҳои аҷиби фиристодани ҷавонон ба артиш хабар мерасад.
Ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо нафар пас аз адои ҷазо дар зиндон озод мешаванд, вале на ҳамеша метавонанд ба зиндагии одӣ баргарданд. Чанде аз маҳбусони собиқ дар вилояти Суғд, ки муҳтоҷи кумак барои таҳсилу кор шудаанд, қиссаҳои худро ба Радиои Озодӣ нақл карданд.
Дар назди як мардикорбозори Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил карданд. Дар он садҳо ҷойи кор пешниҳод шуд. Вале шумори корҷӯён дар ин ярмарка хеле кам буданд. Мардикорон ва бекорон аз чунин маъракаҳо умеди зиёд надоранд.
“Хӯроки сахт, тунд (тез), боддор ва дорои моддаҳои зиёди кимиёӣ нахӯранд.” Профессор Ҷаҳони Азонзод тавсияашро барои рӯзадорон дар Тоҷикистон ин гуна сар кард. Ӯ мегӯяд, дар моҳи Рамазон истеъмоли баъзе аз маҳсулот маслиҳат нест, чун пайомади ногувор доранд.
Раиси Кумитаи умури хориҷии Сенати Амрико талаб дорад, ки Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷӣ, санадҳоро дар бораи хуруҷи шитобкоронаи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз Афғонистон дар ихтиёри онҳо бигузорад.
Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) гуфт, додгоҳе дар Душанбе Абдуллоҳи Шамсиддин, паноҳҷӯйи ихроҷшудаи тоҷик ва писари яке аз фаъоли мухолифон Шамсиддин Саидовро ба 7 сол зиндон маҳкум кард. Ӯро моҳи январи имсол аз Олмон ронданд.
Раиси иёлати Юта дар Амрико рӯзи 23-юми март ду қонунеро имзо кард, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои ноболиғон маҳдуд мекунад. Бар асоси ин ду санад, наврасону ҷавонони то 18-сола пеш аз истифода аз шабакаҳое ба мисли Инстаграм, ТикТок ва Фейсбук бояд иҷозаи волидонро дошта бошанд.
Табиби тоҷики муқими Канада барои кумак ба муҳоҷирон соҳиби ҷоизаи шаҳрдории Торонто шуд.
Бо вуҷуди хатари сафарбарӣ ба ҷанг дар Украина, муҳоҷирони зиёде аз Тоҷикистону Қирғизистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ кӯшиши гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд. Онҳо шиносномаи русиро як роҳи осони кору зиндагӣ ва халосӣ аз чанги пулис медонанд.
Воҳима, беэҳтиётӣ, рафтори нодуруст. Заминҷунбиҳои шадиди охир дар Тоҷикистон нишон дод, ки аксар мардум ба зилзила омода нестанд. Сокинони баландошёнаҳо ба таҳлука афтоданд ва аз хонаҳо берун рехтанд, аммо дур нарафта, зери биноҳо ҷамъ шуданд.
Миллати тоҷик барои дигарон таърих менависад, аммо аз таърихи хеш бебаҳра аст. Магар намебинем, асрҳои аср ба яке аз парокандатарин ва дар айни замон ба мазлумтарин қавмҳои таърих табдил шудаем, чаро ки аз таърихи хеш ҳаргиз ибрат нагирифтаем.
Бо расидани моҳи Рамазон ҳамеша суоли доимӣ аз нав садо медиҳад, ки гирифторони бемориҳои музмин ё куҳнаву хроникӣ ба мисли бемории қанд ё меъда бояд чӣ кор кунанд. Рӯза нагиранду худро гунаҳкор ҳис кунанд ё рӯза бигиранду саломатӣ ва ҷони худро дар хатар бигузоранд.
Ёфтҳои бештар