Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси куҳнае, ки ҳар сол дар Рамазон доғ мешавад. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бо расидани моҳи Рамазон ҳамеша суоли доимӣ аз нав садо медиҳад, ки гирифторони бемориҳои музмин ё куҳнаву хроникӣ ба мисли бемории қанд ё меъда бояд чӣ кор кунанд. Рӯза нагиранду худро гунаҳкор ҳис кунанд ё рӯза бигиранду саломатӣ ва ҷони худро дар хатар бигузоранд. Ҳоло табибони Бритониё мегӯянд, роҳҳое ҳаст, ки беморон метавонанд ҳам ба имонашон ва ҳам ба саломатиашон осеб нарасонанд.

Меҳриннисо Ҳусайн, аз як даста беморӣ, аз ҷумла диққи нафас, дарди зону ранҷ мекашад. Барои ҳамин пайваста барои муоина ба назди ба пизишконаш дар шаҳраки Валласи Бритониё меравад. Бо вуҷуди ин рӯза мегирад.

"Бисёр дард мекунад. Баъзе рӯзҳо хуб аст, баъзе рӯзҳо хуб нест. Ҳар рӯз хӯрдани оромбахш ё доруҳои таскиндиҳандаи дард, бисёр бад аст. Ман диққи нафас дорам, аз он ранҷ мекашам, фишори хунам ҳам баланд аст," – мегӯяд ӯ.

Миллионҳо мусулмони гирифтори бемориҳои куҳна ё хроникӣ ҳоло дар дуроҳа мондаанд, ки чӣ гуна рӯза бигиранд, то ҳолашон бад нашавад. Риояти ин фарзи ислом барои мусулмонон ҳатмист, вале барои онҳое, ки ҳар рӯз дору мегиранд, тавсияи табибон ҳам аз фарз камтар нест.

Билол Шоҳ, табиби дорусоз аз Маркази тиббии Амбар, мегӯяд, "агар бемор мушкилоти тиббии сахт, ба мисли бемории гурда дошта бошад, ё диализ мегирад, набояд рӯза гирад. Агар мехоҳанд, бигиранд, пас бояд бо табибашон машварат кунанд. Айни замон ислом мефармояд, ки агар шумо беморӣ дошта бошад, шарт нест, ки рӯза бигиред."

Видеоро дар инҷо бинед:

Рӯза гирем ё саломатиро ҳифз кунем?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00

Теъдоде аз беморони музмин, мисли Саъдуддин, ки бемории қанд дорад, мегӯянд, роҳҳои рӯза доштан ва айни замон осеб нарасондан ба сиҳатиашонро ёфтаанд.

Ин сокини Валласи Бритониё гуфт, "бисту ду сол аст, ки илоҷашро пайдо кардам. Ман бомдод доруямро мегирам ва шом. Яъне пас аз ғуруби офтоб доруямро мегирам ва субҳ пеш аз тулӯи офтоб, ки ба бемории қандам таъсир накунад. Баъдан оби зиёд менӯшам ва сабзиҷоти зиёд мехӯрам, ки тамоми рӯз кумак мекунад. Дар ҷараёни рӯз миқдори қандамро месанҷам.»

Анҷумани тиббии мусулмонони Бритониё гуфтааст, бисёре аз мардум рӯзадориро аз сиҳатиашон болотар мегузоранд, ки мояи нигаронист.

Табибони тоҷик ҳам мегӯянд, агар беморе мехоҳад, рӯза бидорад, ихтиёр аз ӯст, вале набояд ҷону сиҳатиашро дар хатар гузорад.

Илёс Солиев, табиби тоҷики муқими Маскав, гуфт, "агар хуб шуда бошанд, метавонанд, рӯза бигиранд. Вале агар рӯза гирифтанду диданд, ки аҳволашон бад аст, яъне сар чарх мезанад, гаштан намефорад, хоболуд мешавад, бояд рӯзаашонро хӯранд. Агар диданд, ки баръакс ҳисси сабукӣ ҳаст, яъне ҳама чиз нағз аст, мушкилӣ нест, дилбеҳузурӣ нест, дарди сар нест, метавонанд, гиранд."

Табибони бритониёӣ ҳам айни чизро мегӯянд, ки беморон бояд муддати кӯтоҳе рӯза бигиранд ва ё қабл аз оғози Рамазон доруҳои дигарро истеъмол кунанд. Аз ин роҳ ба қавли онҳо метавонанд, ҳам ба имон ва ҳам ба сиҳатии худ газанд ва ё осебе нарасонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG