Интизор меравад, рӯзи 23-юми март Шоу Зи Чун, мудири кулли шабакаи иҷтимоии TikTok, дар Кумитаи энержӣ ва тиҷорати Маҷлиси намояндагони Амрико гувоҳӣ диҳад. Суоли муҳимтарине, ки вакилонро ташвиш медиҳад, пайванди эҳтимолии ин апп ё замима бо ҳукумати Чин аст.
Паноҳандагони афғонистонӣ ҷашни Наврӯзро дар сафорати Афғонистон дар Душанбе бо намоиши “ҳафтмева” таҷлил карданд. Шиква доранд, ки Толибон ду сол боз иҷозат намедиҳанд, Наврӯз дар ватанашон оммавӣ ҷашн гирифта шавад. Чизе, ки ба гуфтаи баъзе аз паноҳандагон онҳоро “ҷигархун” мекунад.
Заминларзаи шаби 21-уми март боис ба ҳалокати камаш 13 нафар дар Афғонистону Покистон ва захмӣ шудани даҳҳо нафари дигар шуд. Дар Тоҷикистон одамон хонаҳоро тарк карда, чанд соат дар берун монданд. Вокуниши мардум баҳсро дар атрофи заминларза доғ кард. Чӣ гуна?
Зиндагии сокинони Часовой Яр зери садои тир мегузарад. Ин шаҳр дар 10-километрии ғарби Бахмут ҷойгир аст. Макони задухӯрди нерӯҳои Русия ва Украина. Пеш аз ҳамлаи Русия дар ин ҷо тақрибан 14 ҳазор кас мезист, ҳоло бисёр кам монда.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон фармони даъвати ҷавонон ба сафи неруҳои мусаллаҳро имзо кардааст, ки қарор аст, тақрибан ду ҳафта баъд, яъне 1-уми апрел оғоз шавад.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта 7 ҷавонеро, ки дар донишгоҳҳои динии Эрон ғайриқонунӣ таҳсил мекарданд, ба кишвар баргардонидааст.
Сокинони даҳ бинои навсохт дар маҳаллаи Навбаҳори Душанбе ба "дарди сар" гирифтор шудаанд. Гурӯҳе зери оби ҳоҷатхонаҳо монда, дигаре аз оби ошомиданӣ маҳрум. Мардум мегӯянд, биноҳо нотамоманду мушкил зиёд. Моликони баъзе аз ширкатҳо гуфтанд, масъулияти онҳо иҷро шудааст.
Яке аз ҳукми ӯ розӣ аст, вале дигаре онро сабук мехонад ва аз эҳтимоли раҳоияш нигарон аст.
Дар ҳоле ки мақомот солҳо боз роҳи муҳоҷиронро ба Корея ҳамвор карда наметавонанд, масъулони ширкати “Душанбе Моторс” иддао доранд, ки ҳар сол аз 3 то 10 ҳазор нафарро хоҳанд фиристод. Аммо, ба гуфтаашон, муҳлати сафар маҳдуд аст ва аз ҳоло дар бораи бозгашти саривақтии муҳоҷирон нигаронӣ ҷой дорад.
Гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷик шикоят доранд, ки онҳоро барои бозсозии Мариупол аз Русия ба ин шаҳри ишғолшудаи Украина бурданд, вале кор фармуданду ҳаққашонро надоданд.
Ёфтҳои бештар