Аз расмҳои номақбуле, ки дар Тоҷикистон ривоҷ гирифта, истиқбол аз мансабдорон ё шахсони сарватманду қудратманд бо гулу гулдаста ва ё бо нону намак аст. Ин расм дар замони шӯравӣ гоҳу ногоҳ мушоҳида мешуд, аммо ба назар мерасад дар даврони беш аз сисолаи истиқлоли кишвар ба ҳадди ифрот расидааст.
Дар соли 1900 Ҷабборқул, писари Худоёри Ҳоҷӣ, ба унвони «мингбошӣ» ё пешвои тоифаи қирғиз (муодили раиси ноҳия ё уезд) дар Мурғоб интихоб шуд ва зери сайтараи ҳукумати маҳаллии Русияи подшоҳӣ бар ҳамтаборонаш ҳукумат мекард.
Додгоҳи ноҳияи Хуросон як модари тоҷикро омили ҷинояти пурсарусадо ва ё дуздии тифли навзод дар Тоҷикистон дониста бо гуноҳи одамрабоӣ ба зиндон маҳкум кардааст.
Акбаршо Ҷонаков бори дуввум аст, ки беҳуш шуда меафтад. Дарди дил ин сокини 66-солаи шаҳри Душанберо ба чунин ҳол овардааст. Ӯ 13 сол боз гирифтори бемории қалб аст.
Савринисо Сафароваи 23-соларо як моҳ пеш дафн карданд, аммо баҳсу ҷанҷоли чигуна ба марг расидани ӯ ҳанӯз идома дорад. Наздикони ин зан мегӯянд, духтари онҳо нафаҳмида зани дуввум шуд ва дар пайи фишори ҳамсари аввали шавҳар ва хонаводаи ӯ қасди ҷонаш кард.
Муносибат бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия боис ба хашм дар Тоҷикистон мегардад, аммо бархурд бо муҳоҷирони афғон дар ин кишвари мизбон нодида гирифта мешавад.
Зафар Ёқубов, як тоҷики узбекистонӣ, ки ба гуноҳи узвият дар созмони мамнӯи "Ҳизби Таҳрир" дар Русия зиндонӣ шудааст, мегӯяд, дар маҳбаси рақами 26-и вилояти Самара "мусулмононро таҳқир мекунанд". Созмони “Мемориал” ӯро маҳбуси сиёсӣ донистааст.
Дар идомаи амру фармонҳои иртиҷоӣ, Толибон дар Афғонистон фаъолияти ороишгоҳҳои занонаро манъ карданд.
Имсол аз даргузашти хони қирғизҳои Помир Ҷабборқул 80 сол ва аз таваллуди писараш – хони қирғизҳои Афғонистон, Раҳмонқулхон, 110 сол сипарӣ мешавад. Онҳо охирин бозмондагони хонҳо ё пешвоёни қабилаҳои турк дар Осиёи Миёна буданд.
Бо коҳиши чашмраси донишҷӯён, баъзе ихтисосҳо барҳам хӯрда, донишгоҳҳо ҳам дар пардохти маоши омӯзгорон ба мушкил дучор шудаанд. Бархеҳо кам шудани муҳассилин дар мактабҳои олиро ба қонуни нави хидмат дар артиш рабт медиҳанд, ҳарчанд мақомот инро қабул надоранд.
Як филми телевизиони ҳолландии "VPRO" таваҷҷуҳи мардуми хайрхоҳ дар Ҳолландро ба сарнавишти сарбози маъюб дар Тоҷикистон ҷалб кард. Дар як бахши ин филм сарнавишти як сарбози тоҷик ҳам бозгӯ шудааст, ки ҳангоми хизмат дар артиш маъюб ва дастнигар шуд.
Хуҷанобиддин Бобиев, шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар Екатеринбург аз мақомоти Русия хостааст, барояш иҷоза диҳанд, ки дар маросими дафни писари 6-солааш Далер Бобиев дар ин кишвар иштирок кунад.
Ёфтҳои бештар