Як хонавода дар деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан баръакс иддао дорад, ки чанд маъмури милиса духтари ноболиғи онҳоро маҷбурӣ ба мошин бор карда, "пешниҳодҳои гуногун додаанд", вале мақомот ба ҷойи муҳокимаи онҳо амаки духтар ва чанд сокини деҳаро бо худ бурданд.
Садамаи мудҳиш дар ноҳияи Файзобод, ки боиси марги 11 нафар шуд, бори дигар баҳси фарҳанги ронандагӣ дар кишварро доғ кард. Мақомот мегӯянд, чунин садамаҳо бештар ба далели аз меъёр зиёд будани суръати ҳаракати мошин ва ба самти муқобил баромадани онҳо рух медиҳанд.
Як пажӯҳиши нави Барномаи Рушди Созмони Миллал маълум кардааст, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон мардум ба тавонмандиҳои занон чандон бовар надоранд. Бинобар хулосаи ин назарсанҷӣ беш аз 83 дар сади пурсидашудаҳо дар 60 кишвари ҷаҳон нисбат ба занон қазоватҳои ғалат доштаанд.
Радиои Озодӣ беш аз даҳ хонаводаро дар Бадахшон пайдо кардааст, ки аз ду то даҳ аъзои онҳо пас аз ширкат дар эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 ва майи 2022 зиндонӣ шудаанд.
9 сокини шаҳри Истаравшанро бо гумони латукӯбу таҳқири кормандони милиса боздошт кардаанд.
Ваъда доданд, ки дар Туркия парастор мешавад, аммо гирифтори ғуломии ҷинсӣ шуд. Як сокини Уши Қирғизистон ба лоиҳаи "Мигрант Медиа" қисса кард, ки чӣ гуна ҳамватанонаш ӯро ба Туркия бурда, ба танфурушӣ маҷбур карданд.
Як шаҳрванди Эрон пас аз раҳоӣ аз зиндоне дар Тоҷикистон тарзи рафтори мақомоти интизомӣ ва шароит дар боздоштгоҳу маҳбасҳои кишварро ошкор кард.
Изҳороти фаврӣ, аммо кӯтоҳи Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи боздошти яке аз гумонзадҳо ба рабудани Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк”, якбора чанд суолро ба миён овард.
Дуруд, ҳаммеҳани азиз! Пурсише зеҳнамро машғул медорад: Амният чист?
Пизишкони тоҷик мегӯянд, нисбат ба кӯдакони гирифтори бемории сил афрофиён рафтори нодуруст мекунанд, ки монеи табобати саривақтии онҳо мешавад. Ба иттилои мақомот сӣ дарсади гирифторони сил дар Тоҷикистон кудакон будаанд.
Як расонаи маъруфи чинӣ омори занони бева ё худ бешавҳари Тоҷикистонро нашр карда, сабабу омилҳои ба ин ҳол гирифтор шудани онҳоро ба риштаи таҳлил кашидааст. Дар матлаб ба нопойдории оилаҳои нав ва нисбатан кам будани мардон ишора ва вазъи демографии Тоҷикистон ташвишовар унвон шудааст.
Шумораи аввали барномаи “Рӯзгори муҳоҷир” дар Радиои Озодӣ пахш шуд. Барномаи аввал дар бораи ҷавоне бо номи Сайфулло қисса мекунад, ки шаҳди ғарибиро хеле барвақт аз замоне ки, ҳамагӣ 6 сол дошт чашид.
Ёфтҳои бештар