Додситон (айбдоркунандаи давлатӣ) хостааст, Соҷида Саидмуродова, модари Дилшод Саидмуродов, машҳур бо лақаби “Дилшоди СБ”, ба 14 сол зиндон маҳкум шавад. Дилшод Саидмуродов моҳи март ба гуноҳи қатли Шӯҳрат Исматуллоев, собиқ муовини аввали раиси “Ориёнбонк”, ба ҳабси абад маҳкум гардид.