Рӯйхати тоҷикистониёни муттаҳам ба даст доштан дар ҳамлаҳои террористии ДОИШ дар ҳоли афзоиш аст. Чаро тоҷикон ба таври фазоянда абзори дасти ин гурӯҳ мешаванд ва чӣ касе масъули ин амр аст?
Имрӯз дар бораи ҳодисае суҳбат мекунем, ки пиру ҷавон дар Тоҷикистон дар бораи он гап мезананд. Дар бораи нақши эҳтимолии шаҳрвандони Тоҷикистон дар марги 144 нафар дар толори консертии "Крокус" дар канори Маскав.
Паҳлавонони тоҷик дар ду рӯзи мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо “Тоскӯлоҳи бузург” (“Antalya Grand Slam 2024”), ки дар шаҳри Анталияи Туркия ҷараён дорад, ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.
Чанд мавриди дигари марбут ба ҳамлаи террористӣ ба толори “Крокус Сити Ҳол” дар канораи Маскав дар миёни коршиносон шакку шубҳа ва суолҳоеро халқ кардааст, ки мақомоти Русия ҳанӯз ба онҳо посухи рӯшан ва боварбахш надодаанд.
Падари яке аз гумонбаршудагони ҳамла ба Крокус мегӯяд, яке аз писаронаш аз соли 2016 барои сафараш ба Сурия бо иттиҳоми "терроризм" таҳти пайгард қарор дорад. Эҳтимол меравад, чаҳор сол пеш дар Сурия кушта шудааст.
Ҳамла ба толори "Крокус" ва боздошти тоҷикон бо иттиҳоми даст доштан дар он, мардуми зиёдеро дар Тоҷикистон ва муҳоҷиронро дар Русия сахт тарсондааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ гӯши бурида, як чашми аз косахонааш баромада ва рӯйҳои вараму сиёҳи баъзе аз гумонбарони ҳамла ба маркази "Крокус"-ро "шиканҷаи намоишкорона" ва "тарсондани мардум" донистанд.
Саидакрам Раҷабализода (Муродалӣ), яке аз гумонбарони ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав, ки ҳангоми боздошт як гӯшашро буридаанд, аз шаҳри Ваҳдат будааст.
Модари Муҳаммадсобир Файзов, дар гузашта сартарош ва ҳоло яке аз гумонбарон ба ҳамлаи маргбор дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав, мегӯяд, ба иттиҳоми эълоншуда ба зидди писараш дар Русия бовар надорад.
Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба ҳамлаи маргбор ба маркази мусиқии "Крокус" дар канори шаҳри Маскав яксон нест. Баъзеҳо ба тарроҳи ҳамла будани шаҳрвандони Тоҷикистон шубҳа дорад, иддаи дигар аз оқибатҳои ин кор барои муҳоҷирони тоҷик нигаронанд.
Ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу навори тифлонеро мебинем, ки аз дард азият мекашанд ва атрофиён баъзан дар муолиҷаи онҳо оҷизӣ мекашанд. Аксари ин кӯдакони ранҷур ҳанӯз аз батни модар бо нуқс ё беморӣ ба дунё омадаанд. Чаро?
Субҳи 21-уми март ҷасади духтари ноболиғеро аз рӯди Қаратоғ, 45-километрии ғарби Душанбе, берун оварда, барои ташхис ба мақомот супурдаанд.
Ёфтҳои бештар