Роҳбарони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон дар марз вохӯрда гуфтаанд, бояд "аз арзёбии нодурусти масъалаҳои марбут ба марз"-и ду кишвар худдорӣ шавад.
Сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара, ки дар марз бо Қирғизистон ҷойгир аст, ба суханони ахири Қамчибек Тошиев вокуниш кард.
Изҳороти раиси Кумисюни давлатии Қирғизистон оид ба ҳалли масъалаҳои марзӣ ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар Қамчибек Тошиев аз 15-уми сентябри соли 2023 дар бораи дурнамои музокироти сарҳадӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонад паёму маъноҳои ҷиддӣ низ дошта бошад.
Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон як сол пеш, дар ҳамин шабу рӯз, ором набуд. Аз 14 то 17-уми сентябри соли 2022 тақрибан дар ҳама минтақаҳои сарҳадии ду кишвар муноқиша сар зад ва аз ду тараф садҳо кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон мегӯяд, дар бораи тақсими марз бо Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои нав ёфтаанд ва агар Душанбе аз даъвоҳояш даст накашад, ин санадҳоро ба кор хоҳанд бурд.
Дар солгарди муноқишаи хунин дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ҳайатҳои ду кишвар вохӯрда, барои кушташудаҳо дуо кардаанд.
Роҳбарони шаҳру ноҳияҳои наздимарзӣ бо Қирғизистон дигар мисли солҳои гузашта дар бораи аломатгузории марз ҷавоби мушаххас намедиҳанд. Он ҳам дар ҳоле, ки дар нишастҳои қаблӣ ин роҳбарон дар бораи нишонагузории марз бо Қирғизистон ҷузъиёти бештар медоданд.
Як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Новосибирски Русия мегӯяд, се сол боз наметавонад ба зодгоҳаш, ҷамоати Ворухи Исфара, равад.
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои корӣ оид ба аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.
Аз аввали соли ҷорӣ то ҳол бо вуҷуди гуфтугӯҳои пайҳами мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон, аломатгузории хати марз миёни ду кишвар сурат нагирифтааст. Дар ин муддат гурӯҳои кории ҳарду ҷониб 7 бор мулоқот кардаанд, вале ҷузъиёти он маълум нест.
Мақомоти Қирғизистон дар вокуниш ба изҳороти ахири раиси вилояти Суғди Тоҷикистон гуфтанд, мавзӯи боз шудани марзи ду кишвар баъди анҷоми кори аломатгузории сарҳад баррасӣ мешавад.
Мақомдорони Ҳукумати вилояти Суғд аз тасмимҳо барои боз шудани марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон хабар доданд.
Ёфтҳои бештар