Ҷамоати Ворухи ҳаммарз бо Қирғизистон дар муноқишаи ахири сарҳадӣ нафақат шоҳиди ҷангу хисорот гардид, балки сокинонаш мегӯянд, чандин рӯз ба маркази Исфара низ рафта натавонистанд.
Тифлеро, ки шаби 16-уми сентябр, ҳангоми даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар Чашмасори Чоркӯҳ ба дунё оад, Сулҳия ном гузоштаанд. Ба хотире, ки дигар ҷанг такрор нашавад.
Сокинони деҳаи Сомониён дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, ҳаммарз бо Бодканди Қирғизистон, гуфтанд, ки рӯзи 26-уми сентябр бар асари зарбаи мушакӣ як нафар захмӣ шудааст.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар муноқиша дар марз бо Қирғизистон беш аз 40 сокини одӣ кушта ва 200 ғайринизомии дигар захмӣ шудаанд.
Пас аз як ҳафтаи муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мақомот барои оилаҳои зарардида аз Душанбе кӯмак фиристодаанд. Ба гуфтаи мақомот, корвони кӯмакҳо бо дастури раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба чанд минтақаи марзӣ расид ва мардум тасмим доранд, ба сохтмони хонаҳояшон шурӯъ кунанд.
Хабарҳо аз корбурди бесарнишинҳо аз тарафи Қирғизистон дар ҳолест, ки Душанбе ва Бишкек ду моҳ пеш гуфта буданд, дар бораи истифода накардани онҳо дар даргириҳои марзӣ созишнома имзо кардаанд.
Сокинони деҳаи Чорқишлоқ ин шабу рӯз осори харобиҳои муноқишаи 14-17-уми сентябрро пок мекунанд, то дубора ба зиндагии маъмулии худ баргарданд.
Ба фарқ аз даргириҳои гузашта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ин дафъа ду ҷамоати дигари наздимарзӣ – Чилгазӣ ва Шӯроб – зиёни моливу ҷонӣ дидаанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҷамъоварии кӯмак ба оилаҳое, ки ҳангоми муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон хонаву дари худро аз даст доданд оғоз шудааст. Хоҳишмандон метавонанд ҳама чизҳои зарурӣ аз ҷумла маблағ, хӯрок, либосу дигар ҷиҳози рӯзгорро барои осебдидагон фиристанд.
Дар ҷараёни муноқишаи рӯзи 16-уми сентябр дар марзи Тоҷикистон дар Қирғизистон, як навраси 8-сола аз ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ кушта шудааст.
Радиои Озодӣ бо истифода аз манобеи худ, хешовандон, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мақомоти маҳаллӣ то ин дам номи 74 нафареро гирд овард, ки ҳангоми даргириҳои мусаллаҳонаи 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон кушта шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар даргириҳои 14-17-уми сентябри имсол 41 кас кушта шуд, вале ба ҷуз иштироки раҳбарони баъзе аз ноҳияҳо дар маросими дафни сарбозон, қароре дар мавриди онҳо эълон нашуд.
Ёфтҳои бештар