Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, кишвараш дар даргирии мусаллаҳона дар марз бо Тоҷикистон “талафоти зиёд дод”.
Баъзе аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар доданд, ки шоми 16-уми сентябр ва баъди эълони оташбас бар асари ҳамлаи нерӯҳои Қирғизистон "чанд нафар" дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача "захмӣ ва ё кушта шудаанд".
Баъд аз cоатҳо задухӯрд дар марз, мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ба музокирот пардохтаанд.
Рӯзи 16-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дигарбора муноқиша сар зад. Нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон гуфт, ҳамларо аввал сарҳадбонони Қирғизистон оғоз карданд. Бишкек мегӯяд, низомиёни тоҷик ба чанд дидбонгоҳи марзии ин кишвар ҳамла бурданд.
Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, субҳи барвақти 16-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз як муноқишаи дигар сар задааст. Неруҳои марзбонии Қирғизистон гуфтааст, низомиёни тоҷик ба чанд постгоҳи марзии ин кишвар ҳамла карданд.
Дар муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 14-уми июн як сарҳадбони 26-солаи тоҷик кушта шудааст. Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳодиса ва кушта шудани сарбозро шарҳ намедиҳанд.
Муродҷон Ҷӯрабойзода, сокини маҳаллаи Ҳалимбобои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба ҳавлияш сангу хок овардааст, аммо ду сол боз девор бардошта наметавонад. Мегӯяд, марзбонҳои Қирғизистон монеъ мешаванд, чун минтақаи баҳсӣ мешуморанд.
Додгоҳи ноҳияи Лайлак дар вилояти Бодканди Қирғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистонро ба гуноҳи убури ғайриқонунии сарҳад ҷарима баста, сипас раҳо кардааст. Ҳукм 3-юми июни имсол содир шуд.
Пайвандони Абдулатиф Шарифов, ронандаи мошини "Ёрии таъҷилӣ", ки се моҳ пеш дар низои марзӣ дар сарҳад бо Қирғизистон кушта шуд, аз ваъдахилофии мақомот шикоят доранд.
Аз задухӯрди хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як сол гузашт. Баъзе аз хонаҳои сӯхтаро аз нав сохтанду захми маҷруҳонро даво бахшиданд ва оилаи қурбониён ба набудани наздикони худ одат мекунанд. Вале дар ду тарафи марз ташвишҳо аз сар задани ҷанг боқист.
Гурӯҳе аз фаъолону калонсолон аз Тоҷикистону Қирғизистон барои пешгирӣ аз ҷангу ҷанҷол дар марз гирди дастурхони ифторӣ нишаста, гуфтаанд, ҳама корро бояд кунанд, то дигар хунрезӣ нашавад.
Содир Ҷабборов (Жапаров), раисҷумҳури Қирғизистон, дар солгарди низои хунин дар марзи кишвараш бо Тоҷикистон ба мардум муроҷиат кард.
Ёфтҳои бештар